Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масоили дарёҳои марзӣ ва мушкили афзояндаи бебарқӣ дар Тоҷикистон


Интизор мерафт, дар Тошканд лоиҳаи Бонки осиёии рушд доир ба таҷдиди назар дар тақсими оби рӯдхонаҳои Сир ва Омӯ миёни Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистону Қазоқистон баррасӣ ва қабул шавад. Дар Тошканд намунаи нуҳуми 19-бандии лоиҳаи мазкур мавриди муҳокима қарор гирифт, аммо бо ин ҳам ҷонибҳо дар як қатор масъалаҳо ба тавофуқ нарасиданд.

То ин замон баррасии 8 лоиҳа оид ба истифодаи оби рӯдҳои фаромарзӣ аз сӯи ин кишварҳо ба нокомӣ анҷом ёфта буд. Тарҳҳои мазкурро Тоҷикистону Қирғизистон дар як иттифоқ ва Узбакистону Қазоқистон бо ҳам таҳия карданд, аммо дар ниҳоят ду кишвари аввал ба пешниҳодоти Узбакистону Қазоқистон мухолифат нишон додаанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки захоири аслии оби рӯдҳои Омӯ ва Сир дар ҳудудҳои Қирғизистону Тоҷикистон воқеъ ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, агар лоиҳаи 9-умро, ки ахиран дар Тошканд муҳокима гардида буд, ба тасвиб мерасонд, аз ҳаққи худ барои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар қаламрави хеш маҳрум мегардид.

Яраш Пӯлодов, раиси ҳайъати давлатии Тоҷикистон дар нишасти Тошканд, перомуни сабабҳои адами тавофуқ бар сари масъалаи истифодаи захоири обу энержӣ дар Осиёи Марказӣ аз ҷумла гуфт: «Дар нишасти Тошканд ҷонибҳо нуқтаи назари мухолиф ба ҳам доштанд. Масалан, дар ҳоле, ки ҳамтоёни мо истифодаи об бо ҳадафи расидан ба рушди ҳидроэнержиро номумкин меҳисобиданд, ҷониби мо бар ақидаест, ки бо доштани 116 миллиард метри мукаъъаб об Тоҷикистон дар рушди соҳаи ҳидроэнержӣ, минҷумла бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, захираҳои умумии оби минтақаро коҳиш намедиҳад, зеро оби нерӯгоҳҳо гардиш мехӯрад ва аз ин рӯ ҳаҷмаш кам намешавад. Аммо обе, ки ба кишварҳои ҳамсуд меравад, зимни обёрии заминҳо нобуд гардида ва захираҳо низ кам мешаванд».

Тақсими оби рӯдхонаҳои Сир ва Омӯ то кунун, тибқи як санади ҳанӯз соли 1984 дар замони Шӯравии собиқ таҳияшуда, роҳандозӣ мегардад. Бар асоси ин санад, беш аз 46 дарсади оби ин рӯдҳоро Узбакистон, 44 дарсади онро Қазоқистон, тақрибан 8 фоизашро Тоҷикистон ва беш аз якуним дарсади онро Қирғизистон истифода мекунанд.

Яраш Пӯлодов мегӯяд, таййи 16 соли истиқлоли ин кишвар миёни Тоҷикистону Узбакистон дар масъалаи тақсими об мушкиле сар назадааст ва бар ивази оби рӯдхонаҳои Омӯ ва Сир, ки захираҳои аслияшон дар ҳудуди Тоҷикистон воқеъанд, кишварҳои ҳамсоя пул намедиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ба гумони ғолиб, Узбакистону Қазоқистон барои водор кардани Тоҷикистон ба қабули лоиҳаи тақсими захираҳои об, аз фишангҳои иқтисодӣ кор хоҳанд гирифт. Иқтисодшинос Шодибек Қодиров мегӯяд: «Онҳо метавонанд фишангҳои гуногунро истифода баранд чун коҳиши мизони сармоягузории рӯ ба афзоиши Қазоқистон ба Тоҷикистон ё қатъи интиқоли газу барқи Узбакистон ба Тоҷикистон, ки эҳтимол зарари зиёд ба иқтисод ва иҷтимоъи кишвари мо ворид намояд».

Ва аммо, ба иддаъои таҳлилгарон, воситаи муассири ҳифзи захираҳои обу энержӣ ва раҳоӣ аз буҳрони шадиди иқтисодӣ барои Тоҷикистон, танҳо бунёди нерӯгоҳҳои барқи обист, ки вобастагии ин кишварро аз кишварҳои минтақа коҳиш медиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, дар ҳамоиши ахири Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Бишкек гуфта буд, ки иддае аз кишварҳои минтақа, бе онки бо кишварҳои ҳамсуд мувофиқа кунанд, қасд доранд рӯдҳои фаромарзиро танҳо бар манофеъи худ, минҷумла барои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, истифода намоянд.

Вале мақомот ва коршиносони тоҷик мегӯянд, бунёди нерӯгоҳҳо боиси ҳифзи захираҳои об ва таъмини аҳолии минтақа бо нерӯи арзони барқ хоҳад шуд. Маҳмадшариф Нозимов, ҷонишини аввали раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, мегӯяд: «Чора ҷустан лозим, то муносиботи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон бо Узбакистону Қазоқистон аз ин бадтар нашавад. Мо бояд ҳамсоякишварҳои худро бовар кунонем, ки бунёди нерӯгоҳҳо дар рӯдхонаҳои мо натанҳо бар манфиати Тоҷикистон, балки бар суди онҳо низ хоҳад буд. Мисол, агар дар болооби рӯди Зарафшон нерӯгоҳе бунёд шавад, оби лойолуди он коркард мешавад ва Узбакистон минбаъд оби тозаи нӯшиданӣ аз ин рӯд хоҳад гирифт».

Ин ҳама дар ҳолест, ки ахиран раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи ҳукуматӣ ба мақомоти кишвар ва тамоми шаҳрвандон таъкид дошт, ки камобии соли равон ва нокифоятии захираҳои об дар обанборҳо боиси камбуди боз ҳам шадидтари барқ хоҳад шуд ва аз ин хотир омодагиҳо ба мавсими сармо бояд ҷиддитар шаванд. Масъулини ниҳодҳои энержии кишвар низ бар инанд, ки имсол дар фасли зимистон интиқоли нерӯи барқ аз Узбакистону Қирғизистон ба Тоҷикистон маҳдуд мешавад ва мушкили бебарқӣ ҳам назар ба солиёни пешин бештар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG