Овозаҳо ва ворид шудани паёмаке ба телефонҳои ҳамроҳ дар мавриди эҳтимоли мавҷудияти вируси Эбола дар меваи банан, боиси он шудааст, ки бархе аз сокинони кишвар тайи рӯзҳои ахир аз харидорӣ ва истеъмоли банан худдорӣ кунанд ва ин ҳушдору ҳангомаҳо савдогарони бананро ҳам хеле нигарон кардааст.
Хуршеда, як модари ҷавон мегӯяд, баъди таъкидҳои наздикону мураббияҳои кӯдакистон аз харидории банан барои духтарчааш, ки ин меваро бисёр дӯст медорад, даст кашидааст. Хуршеда мегӯяд, қаблан ӯ ҳар рӯз барои духтараш то 4 банан мехарид: “Ба саломатӣ фоида дорад мегуфтем ва духтарчаам ҳам хеле дӯст медошт бананро, бинобар ин ҳар рӯз ҳангоми ба боғчаи кӯдакон рафтан ва ҳам омадан ду банан мехаридем, акнун як ҳафта шуд умуман намехарам, метарсам дигар. Чанд рӯз пеш апаам таъкид кард, ки банан нахар барои кӯдакҳо, эҳтимоли сироятёбӣ ба бемории Эбола вуҷуд дорад. Боз дар боғча ҳам инро таъкид карданд.”
Банан ё муз яке аз меваҳои дастраси тропикӣ дар Тоҷикистон аст ва мардум ҳам ба хотири фоиданокиаш аз ин мева, ки як донааш аз 2 то 3 сомонӣ арзиш дорад, зиёд мехаранд. Аммо ҳоло дигар бархеҳоро дар боғча, бархеи дигарро дар мактабу донишгоҳ ва ҳам гурӯҳеро наздиконашон аз Русия занг зада ва тавсиа медиҳанд, ки дигар банан нахӯранд ва ҷони худро ба хатар нагузоранд. Муяссара -- як сокини пойтахт мегӯяд, “хоҳарзодаам дирӯз омада гуфт, ки дар донишгоҳ онҳоро гӯё касе таъкид кардааст, ки банан нахӯранд, чун имкони сироятёбӣ ба бемории Эбола аз тариқи он вуҷуд дорад. Акнун банан, ки ғолибан дар Африқо мерӯяд, шояд ин овозаҳо ба ҳамин хотир аст, ки мардум эҳтиёт кунанд.”
Дар ин паёмак, ки гуфтем шаҳрвандон дар телефонҳои мобили худ дастрас кардаанд, бо забони русӣ аз мардум даъват мешавад, ки аз харидории банан ва дигар меваҳои тропикӣ худдорӣ кунанд ва гӯё дар Маскав олимон дар таркиби банан чизе монанд ба ин вирусро ошкор кардаанд. Дар охири ин паёмак хоҳиш шудааст, ки ин ҳушдор ба дигарон ирсол шавад.
Аммо фурӯшандаҳои банан дар бозорҳои Душанбе мегӯянд, ин ҳама сару садоҳо воқеият надоранд, чун банан ба Тоҷикистон аз Африқо ворид намешавад. Зайнура, як фурӯшандаи банан дар бозори Шоҳмансури пойтахт дар ин бора гуфт: “Харидорон омада мепурсанд, ки банан аз кадом кившар аст ва мегӯянд, ки аз банан касали марговар омадааст.
Ман мегӯям, охир чӣ хел касал аст, ки агар ягон вирусе мебуд, аввал моро меқапид, чун мо ҳар рӯз бо банан сару кор дорем. Ин бананҳоро мо ҳанӯз аз як соли пеш аз Эквадор ва Покистон ворид мекунем. Агар ин гапҳо рост мебуд ва эҳтимоли воридшавии беморӣ аз тариқи банан вуҷуд медошт, дар гумрук ин меваро ба Тоҷикистон аслан роҳ намедоданд.”
Ҳарчанд ин сару садоҳо ба нархи банан дар бозорҳо чандон таъсире накардааст, аммо ба гуфтаи фурӯшандаҳо, бархе аз харидорон воқеан ҳам дигар аз хариду истеъмоли банан худдорӣ мекунанд. Мақомоти тандурустии кишвар вуҷуди чунин овоза ва ҳангома миёни гурӯҳе аз мардумро тасдиқ мекунанд. Аммо Сабоҳат Аҳмадбекова, сармутахассиси бемориҳои ниҳоят хавфноки Хадамоти беҳдоштӣ ва вогиршиносии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба ин назар аст, ки банан ба Тоҷикистон ҳеҷ хатаре надорад.
Ба гуфтаи хонум Аҳмадбекова, ҳар маводе, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид мешавад, тавассути ниҳодҳои марбута, ба хусус “Тоҷикстандарт” ташхис ва баъдан иҷозати вуруд дода мешавад: “Аммо дар мо аслан ин хатар нест. Банан ҳам мисли ҳар чизи дигар, баробари дигар факторҳо, як фактор аст. Барои мисол, як себи Тоҷикистон, ки бидуни риояи қоидаҳои беҳдорӣ ё тозагӣ истеъмол мешавад, метавонад боис ба сар задани ягон беморӣ шавад. Мо ҳамеша таъкид мекунем, ки ҳангоми истеъмоли ҳар мева ё хӯрокае он бояд ҳатман шуста шавад ва бояд эҳтиёт кард.”
Мақомоти гумруки Тоҷикистон ҳам мегӯяд, аз Африқо ба Тоҷикистон ягон навъи маҳсулот ворид намешавад. Бо вуҷуди таъкидҳои мақомоти тандурустии Тоҷикистон, ки мегӯянд, барои ҷилавгирӣ аз воридшавии Эбола ба кишвар тамоми чораҳоро рӯи даст гирифтаанду ин вирус ба Тоҷикистон чандон хатари ҷиддӣ надорад, мардум бо шунидани хабарҳои нохуш аз ин ё он кунҷи дунё ба ташвиш ва таҳлука афтодаанд.
Аксарият аз он нигаронӣ мекунанд, ки Худое накарда агар ин бемории марговар вориди Тоҷикистон шавад, ба далели заъфи имкониятҳои тибби Тоҷикистон метавонад хеле зуд доман паҳн кунад. Дар зимн, чанде пеш якбора гирифтори беморӣ шудани 22 нафар дар ноҳияи Мӯъминобод боис ба сар задани сару садоҳои мухталиф ва рабт додани он ба бемории Эбола шуда буд. Аммо мақомоти тандурустӣ ин нигарониҳои мардумро беасос хонда, гуфтанд дар Мӯъминобод танҳо як навъи шадидтари бемориҳои роҳҳои нафас мушоҳида шудааст.
Масъулони арсаи тиббии Тоҷикистон мегӯянд, сирояти бемории Эбола феълан ба ин кишвар чандон таҳдиди ҷиддӣ надорад, чун шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳое, ки маҳалли ин беморӣ дониста мешаванд, равуои кам доранд ё асалан сафар намекунанд. Ҳамзамон ин масъулон таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон пурра барои ҷилавгирӣ аз ин беморӣ омода аст.
Бемории Эбола, ки 90 дар сади гирифторонашро мекушад, моҳи марти соли ҷорӣ дар Гвинея хуруҷ кард ва сипас ба Сйерра Леоне, Либерия ва Нигерия гузашт. Ин беморӣ, ки сабаби таби баланду шикамрав ва хунрезии дохиливу берунӣ мешавад, то кунун бештар аз 4 ҳазор нафарро дар Африқои ғарбӣ куштааст. Шумори умумии онҳое, ки аз ин беморӣ ҷабр мекашанд, аз 8 ҳазор зиёд тахмин зада мешавад.