Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Тоҷикистон ба гаравгонгирӣ дар зиндони Волгоград


23 август, Нирӯҳои вижа дар назди зиндони рақами 19-и шаҳри Суровикинои Волгоград
23 август, Нирӯҳои вижа дар назди зиндони рақами 19-и шаҳри Суровикинои Волгоград

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, барои ёфтану боздошти шарикони гаравгонгирҳо дар зиндони Волгоград, ки қаблан баъзе аз расонаҳо ду нафарашонро "тоҷикистонӣ" номбар карда буданд, бо мақомоти Русия якҷоя кор мекунанд.

Ин нуктаро Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев рӯзи 23-юми август баён доштааст.

Вазорат дар бораи ширкати зодагони Тоҷикистон дар ҳодисаи Волгоград ҳеч ишора накард, аммо дар эъломияе навишт, ки "суҳбат бо амри раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт".

"Ҷонибҳо дар бораи дар ҳамбастагӣ таъҷилан андешидани чораҳои зарурӣ баҳри муайян ва дастгир кардани аъзои дигари ташкилоти терористие, ки ҷинояти мазкурро содир намудаанд ва барои гузаронидани ҳаракатҳои муштараки оперативӣ-тафтишотӣ ба мувофиқа расиданд," -- гуфта шудааст дар эъломия.

Чаҳор мард, ки дар наворҳо худро "муҷоҳид"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ номида, дар даст корду путк доштанд, рӯзи 23-юми август дар зиндони низомаш сангини шаҳри Суровикини вилояти Волгоград 12 нафар, аз ҷумла ҳашт маъмури зиндонро гаравгон гирифтанд. Ҳодиса замоне рух дод, ки дар дохили маҳбас ҷаласаи кумисюни интизомӣ ҷараён дошт.

Яке аз гаравгонгирҳо дар навор гуфтааст, маъмурони зиндон "ҳуқуқи мусалмононро поймол карданд."

"Мо онҳоеро куштем, ки мусалмононро таҳқиру шиканҷа карда буданд. Аз баъзеи мо китоб ва аз баъзеи дигар ҷойнамоз гирифтанд. Ҳамин корро мо ба онҳо кардем. Раҳм накунем," – таъкид доштааст ӯ.

ФСИН, Идораи зиндонҳои Русия, шоми 23-юми август дар баёнияе гуфт, ин афрод дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ ва Горди миллии Русия кушта шуданд. Ҳамин манбаъ дар бораи марги чор зиндонбон низ гузориш дод.

Пойгоҳҳои мухталифи русӣ гаравгонгирҳоро "ду шаҳрванди Узбекистон" ва "ду шаҳрванди Тоҷикистон" муаррифӣ карда, навиштаанд, ки се нафари онҳо бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир ва як кас бо айби расондани зарари вазнин ба саломатӣ маҳкум шуда буданд.

Саҳифаҳои наздик ба мақомоти Русия дар Телеграм аз шаҳрвандони Тоҷикистон Назирҷон Тошов (8,5 сол зиндон) ва Наврӯзи Рустамҷон (7 сол зиндон) ном бурданд. Номи шаҳрвандони Узбекистонро Рамзиддин Тошев ва Темур Ҳусейнов навиштанд. Ҳусейнов бояд моҳи ноябри имсол озод мешудааст. Тасдиқи расмияш нест.

Ин мавриди дувуми гаравгонгирӣ дар зиндонҳои Русия дар тобистони имсол аст. Моҳи июн як гурӯҳ аз маҳбусон дар Боздоштгоҳи Ростови лаби Дон чанд нафарро гаравгон гирифтанд. Мақомоти Русия он замон гуфта буданд, ки онҳо узви гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҳастанд. Дар ин ҳодиса панҷ гаравгонгир кушта ва ду гаравгон захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG