Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Қазоқистон ба изҳороти баҳсбарангези Лукашенко


Александр Лукашенко
Александр Лукашенко

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон баъд аз як изҳори назари Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, дар бораи кишварҳои Осиёи Марказӣ, сафири Беларус Павел Утюпинро ба суҳбат даъват кард.

Лукашенко дар мусоҳибааш бо телевизиони “Россия” гуфт, кишварҳои ҳамсуд мехоҳанд, “аз Русия чизе бигиранд, вале дар иваз ҳеч чиз надиҳанд”.

Вай дар идома сиёсати хориҷии чанд кишвари Шӯравии собиқ, махсусан Қазоқистонро танқид кард. “Мо мисли баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ нестем. Аз Русия мехоҳанд чизе бигиранд, аммо дар иваз чизе надиҳанд. Ин кор намешавад. Биёед муттаҳид бошем. Он рӯз дур нест, ки боз назди Русия омада, кумаку пуштибонӣ мепурсед,” – гуфт Александр Лукашенко.

Лукашенко аз Қазоқистон мисол овард ва гуфт: “Дар Қазоқистон чизе рух дод ва Остона ба Чину Ҳиндустон ё Покистон муроҷиат накард, балки аз Маскав ва Минск кумак хост. "Путин, Лукашенко, кумак кунед!" Ва мо ба он ҷо нерӯҳои посдори сулҳ фиристодем. Дар давоми ним рӯз аллакай ҳавопаймоҳои мо дар Қазоқистон фуруд омада, ором карданд.”

Президенти Беларус ҳамчунин аз Узбекистон ёд овард ва гуфт: “Магар Қазоқистону Узбекистонро бо молу колояшон дар Амрико ва Аврупо интизоранд?”

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон бо нашри изҳороте гуфт: “Қазоқистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар асоси Оинномаи СММ ва мутобиқ ба меъёрҳои бунёдии ҳуқуқи байнулмилалӣ пеш мебарад. Кишвари мо бар ин бовар аст, ки ҳама ихтилофҳои байни давлатҳо бояд бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал шаванд.”

Сиёсатшиноси қазоқ, Азиз Абишев, дар суҳбат бо “Настояшее Время” гуфт, баъди ин суҳбати Лукашенко эҳтимол сафари расмии президенти Қазоқистон ба Беларус зери суол меравад.

"Ин, албатта, як бахши муомила бо Русия аст. Зеро Лукашенко ҳамеша зери фишори Русия қарор дорад. Бо муқоисаи худ ба Қазоқистон ӯ ба Русия нишон додан мехоҳад, ки бештар аз дигар кишварҳои узв аз Маскав ҷонибдорӣ мекунад,” – афзуд вай.

Дар вокуниш ба мусоҳибаи Лукашенко бо телевизиони “Россия” дар Ереван ҳам сафорати Беларусро бо тухму помидор заданд. Дар ин суҳбат Лукашенко сиёсати ҳукумати Арманистонро барои наздик шудан бо кишварҳои Ғарб танқид кард ва гуфт: “Ман ҳатто намехоҳам дар бораи Арманистон суҳбат кунам. Ин чӣ сиёсат аст? Арманҳо ба ғайр аз мо ба кӣ даркоранд? Ба касе даркор нестанд.”

XS
SM
MD
LG