Як манбаи қобили эътимод ба Радиои Озодӣ гуфт, ба эҳтимоли зиёд рӯзи чоршанбе раиси ширкати Газроми Русия Алексей Миллер бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад. Ҳамин манбаъ афзуд, Миллер нақша дорад, чоҳҳои зери назорати ин ширкати давлатии Русия ва истихроҷи гази ин чоҳҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Газпром дар мавзеи Сариқамиш то умқи 6 450 метр чоҳи гази табиӣ парма кардааст.
Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дафтари матбуотии Газпром дар шаҳри Маскав аз тасдиқ ва ё радди ин хабар худдорӣ кард ва афзуд, ки рӯзи чоршанбе дар ин бора маълумоти муфассал тақдим хоҳад шуд.
Чанде пеш дар сӯҳбат бо Радио Озодӣ Азим Иброҳим, раиси Саридораи «Геологияи тоҷик» гуфта буд, «дар чоҳи Сариқамиш, ки дар наздикиҳои ноҳияи Шаҳринав қарор дорад, корҳои лабoраторӣ анҷом ёфтааст ва умед аст, ки аз ин мавзеъ натиҷаҳои хубе ба даст ояд.»
Ба қавли Азим Иброҳим шӯъбаи Газпром дар Тоҷикистон-«Gazprom- International» то ҳол барои корҳои иктишофию пармакунӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 5 миллиард рубли русӣ, муодили қариб 165 миллион доллар, харҷ кардааст.
Ба таъкиди Азим Иброҳим, дар Тоҷикистон захираҳои бузурги нафту газ пешбинӣ мешавад ва маҳз ҳамин маълумот ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ, мислиTotal- и Фаронса ва ширкати CNPC (China National Petroleum Corporation)-и Чинро ба Тоҷикистон овардааст.