Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Воҳима" дар бораи вируси нав ва таъсири он ба тиҷорат дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Густариши доманаи вируси хатарнок дар Чин, яке аз кишварҳои асосии воридкунандаи молу маҳсулот ба Тоҷикистон, мояи нигаронии баъзе аз тоҷирону харидорони тоҷик шудааст. Тоҷирон мегӯянд, баста шудани роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Чин дар пайи хуруҷи ин вирус тиҷорати онҳоро мушкил мекунад ва ба болоравии нарх дар бозор сабаб мешавад. Мақомот мегӯянд, вазъро зери назорат доранд ва ҳоло ҷое барои нигаронӣ нест.

Мавзӯи асосии суҳбати аксар соҳибкорон дар бозорҳои Душанбе ҳоло ҳамин аст. Зӯҳро Мухторова, фурӯшандаи либосҳои занона дар маркази тиҷоратии "Садбарг", мегӯяд, ин вазъ ҳатто ба кори онҳое ҳам, ки бевосита аз Чин мол намеоранд, таъсир мерасонад.

"Мо аз Бишкек бор меорем, аммо кори тоҷирони он ҷо ҳам аз Чин вобаста аст. Агар нарх дар он ҷо гарон шуд, мо ҳам наметавонем арзон фурӯшем," – гуфт ӯ рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ.

Аксар тоҷирон дар Душанбе ҳоло молу колои аз қабл воридкардаи худро мефурӯшанд ва ба ин далел ҳанӯз таъсири ин вазъ ба нархҳо чандон чашмрас нест. Вале мегӯянд, бо идомаи чунин вазъ эҳтимол то охири моҳ нархҳо баландтар шавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Воҳима" дар бораи вируси нав ва таъсири он ба тиҷорат дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Воридот кам, талабот -- зиёд

Тоҷирон аксарият интизори ба анҷом расидани соли нави чинӣ буданд ва акнун бояд барои овардани молу коло ба ин кишвар мерафтанд. Парвина, як тоҷири дигар дар Душанбе мегӯяд, "вақте воридот кам шуд ва талабот зиёд аст, нарх боло меравад. 70 - 80 дар сади аҳолии мо моли истеҳсоли Чинро истифода мекунанд, чун нархи дастрас дошт."

Сокинон мегӯянд, дар баъзе аз нуқтаҳои савдо аллакай болоравии нарх мушоҳида мешавад. Чин яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар самти тиҷорат аст. Таҳлилгарон мегӯянд, беш аз 60 дар сади молу маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон аз Чин ворид мешавад, ҳарчанд солҳои ахир аз кишварҳои дигар ҳам воридот зиёд аст.

Маҳсулоти истеҳсоли Чин барои сокинони Тоҷикистон аз лиҳози нарх дастрас буд. Сабоҳат, як сокини Душанбе, гуфт, "Тоҷикистон бо кишварҳои дигар ҳам муомилот дорад, аммо тавре медонем ҳам либос ва ҳам хӯрок аз Чин зиёд ворид мешуд. Бинобар ин, аз вазъи пешомада нигаронем."

Парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Чин лағв шудааст

Мақомоти Тоҷикистон ҳам мегӯянд, назорат дар марз бо Чинро шиддат бахшидаанд. Барои як муддат парвоз аз Чин ба Тоҷикистон ва баръакс бекор карда шудааст. Ҳоло гузаргоҳи Қулма, яке аз калонтарин гузаргоҳҳои байни Тоҷикистону Чин ба гуфтаи мақомот бо ташаббуси худи Чин бастааст.

Шамсиддин Ҷалолов
Шамсиддин Ҷалолов

Таҳлилгарон мегӯянд, дар шароити феълӣ, ки густариши беморӣ ва маҳдуд шудани равуо байни ду кишвар мардумро ба таҳлука андохтааст, ин эҳтимол ҳам ҳаст, ки тоҷирон аз вазъ ба фоидаи худ истифода кунанд. Шамсиддин Ҷалолов, иқтисодшиноси тоҷик, гуфт: "Вақте мол намеояд, додугирифт кам мешавад, соҳибкорон ҳам метавонанд якбора барои манфиати худ арзиши молҳоро боло баранд. Ҳукуматро зарур аст, ки чораҳо андешад, комиссия ташкил кунад, то вазнинӣ ба сари мардум наафтад. Масалан, Русия ҳоло ҳамин корро мекунад."

"Ниқоби тиббӣ намонд"

Бо зиёд шудани хабарҳо дар бораи афзоиши теъдоди сироятёфтагону фавтидагон аз коронавирус дар Чин мушоҳида мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳам мардум ҳарчӣ бештар эҳтиёткор шудаанд. Як мушоҳидаи мо нишон дод, ки дар чанд дорухона дар маркази Душанбе дарёфти ниқоби тиббӣ номумкин аст.

Қобилҷон Султонов, корманди яке аз ин нуқтаҳо гуфт, талабот ба ниқоби тиббӣ ба таври бесобиқа зиёд шудааст. "Мардум рӯз ба рӯз дар бораи ин беморӣ ва роҳҳои гузариши он маълумот пайдо мекунанд ва мехоҳанд, пешгирӣ кунанд. Қаблан мо дар як рӯз то 10 ниқоб мефурӯхтем. Ҳоло надорем. Ҳамаашро хариданд."

Бо таваҷҷуҳ ба ин вазъ, нархи ниқоб ҳам дар бархе аз нуқтаҳои фурӯши он боло рафтааст. Ба гуфтаи сокинон, ҳоло онҳо дар баъзе аз дорухонаҳо ниқоби 1-сомониро ба ду-се сомонӣ мехаранд. Дар мактабҳои миёнаи шаҳр ҳам эълон кардаанд, ки ҳар кӯдак бояд бо ниқоб ба дарс ояд.

Лутфӣ Ҳасанова, сокини пойтахт, мегӯяд, хабарҳоро дар бораи вируси корона ҳамарӯза мебинад ва кӯшиш мекунад сиҳатии худу фарзандонашро эҳтиёт кунад.

Аммо мақомоти беҳдоштӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, вазъ пурра зери назар аст ва афроде, ки вориди кишвар мешаванд, таҳти муоинаи табибон қарор гирифтаанд. Вируси нав дар Чин беш аз 400 нафарро кушта, ҳазорҳо тани дигарро олуда кардааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG