Барои пешгирӣ аз густариши вируси нав дар Чин, мақомот фурӯши ҳайвоноти ваҳширо дар бозорҳо муваққатан манъ карданд. Вируси нав, ки дар шаҳри Вуҳон пайдо шуд, то ҳол бештар аз 200 нафарро кушта ва ҳазорон тани дигарро дар Чин ва гӯшаҳои дигари ҷаҳон бемор кард. Бори аввал нест, ки аз бозори фурӯши ҳайвоноти ваҳшӣ бемории наву ношинос ба инсон сироят мекунад. Ба қавли мутахассисон бори охир ҳам нахоҳад буд.
Айни вазъ соли 2002 буд. Он вақт дар як бозори фурӯши ҷонварон дар ҷануби Чин вируси САРС аз гурбаҳои ваҳшӣ ба инсон сироят кард. 800 кас ҳалок шуд.
Вилям Кареш, табиби ҳайвонот ва муовини раиси созмони ҳимоят аз ҷонварон ва муҳофизат аз бемориҳои сироятӣ мегӯяд, "бисёр мушаввашкунанда аст, ки мо дарс намегирем ва ба макони зуҳури хатар аҳамият намедиҳем."
Ӯ афзуд, бозори ҷонварон, ки дар қафасҳои танге нигаҳ дошта мешаванд, муҳити муносиб барои густариши беморист:
"Албатта, ҳамаи ҷонварон бемор нестанд ва вирус паҳн намекунанд. Як ё дутояшон беморанд ва ҳар вақт онҳоро ба бозори пур аз ҷонвар меоранд, сирояти вирусашон шуруъ мешавад. Айни кӯдакистон аст, ки як кӯдаки бемор меравад ва бақия бемории ӯро ба хона оварда, ба волидон мегузаронанд."
Вилям Кареш мегӯяд, маҳз бозори ҷонварон ҷойи зуҳури бемориҳои нав аст, чун ҳайвоноту микробҳоеро ҷамъ меоранд, ки маъмулан омехта нашудаанд. Инҷо шароити хубе барои сирояти микробҳо ба ҷонварони нав аст. Ба ин бозорҳо рӯзона ҳазорон ҷонвар меоранд ва чунин бозорҳо дар ҷаҳон бисёранду миллионҳо муштарӣ доранд.
Дар чунин ҳол шанси сирояти вирус ба инсонҳо бисёр баланд аст. Ба қавли табиб, мардум гоҳо аз ночорӣ ба ин бозорҳо меоянд, масалан вақте яхдон надоранд ва мехоҳанд гӯшти тоза бигиранд.
Ба қавли Вилям Кареш, супермаркетҳо ҷойи бозори ҷонваронро мегиранд. Шояд ҳаргуна ҷонваронро намефурӯшанд, вале хатари сирояти вирус аз онҳо бисёр кам аст.