Мақомоти умури дохилии шаҳри Ваҳдат ба фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Д.М. гуфтаанд, нисбат ба нафаре, ки ӯ дар паҳн кардани навори маҳрамона гумонбар медонист, парвандаи ҷиноӣ боз намекунанд. Моҳи сентябри соли гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он робитаи маҳрамонаи Д.М. бо як марди ношинос тасвир ёфтааст. Дар навор чеҳраи мардро пӯшондаанд, вале рӯю бадани зан кушода аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҳуқуқдонҳо гуфтанд, ки эҳтимол кори барқасдона аст
Д.М. барои ошкор кардани нафаре, ки наворро сабт ва паҳн кардааст, ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Додситонии кул муроҷиат карда буд.
Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилиии Тоҷикистон тафтиши шикоятро ба Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат вогузор карданд, чун навор дар як манзил дар ҳудуди ин шаҳр сабт шудааст.
Д.М. рӯзи 19-уми январ гуфт, барои ошкор кардани паҳнкунандаи ин навор шикоят карда буд, аммо мақомоти милисаи шаҳри Ваҳдат гуфтаанд, "марде, ки бо ту робита дошт, ҷиноят накардааст."
"Мақсади ман боздошти ин мард набуд, балки ошкор кардани ҷиноят буд. Яъне, наворро кӣ сабт ва паҳн кардааст. Бояд он нафарро пайдо мекарданд. Аммо онҳо посухи хандаовар додаанд, ки мард гуноҳ надорад ва парванда боз намекунанд," -- гуфт ӯ.
Дар номаи Шуъбаи тафтишотии ВКД дар шаҳри Ваҳдат, ки нусхаи он дар дасти Радиои Озодӣ аст, навишта шудааст: "Дар кирдорҳои Зафар ном шахс аломатҳои ҷиноят ошкор нагардид ва бинобар ин парвандаи ҷиноӣ боз нашуд."
Аммо Д.М. мегӯяд, ин посух бори дигар нишон дод, ки мақомот дар ошкор кардани ҷиноят ҷиддӣ нестанд.
Талоши мо барои дарёфти назари Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин робита то ин дам бенатиҷа буд. Ба зангҳои ба такрори мо дар ин ду ниҳод гуфтанд, ки "мактуби расмӣ фиристед".
Қаблан, Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик ба ҳимоят аз ҳуқуқи Д.М. бархоста буд. Ӯ мегӯяд, "дар сурати ошкор нашудани ҷиноят, гумонҳое, ки ин кори дасти худи мақомот аст, ба ҳақиқат табдил меёбанд".
Ҳуқуқдонҳо бо таваҷҷуҳ ба ин ки ин зан дар моҳи апрели соли гузашта яке аз мухолифони боло бурдани нархи интернет дар Тоҷикистон буд ва дар маъракаи ҷамъоварии имзо зидди ин тасмим иштирок кардааст, ӯро "қурбонӣ" ва нашри наворро "барқасдона" медонанд.
Д.М. мегӯяд, марде, ки баъдан навори робитаи маҳрамонааш бо ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, пас аз як моҳи он маърака талоши шинос шудан бо ӯро карда буд.
Ин мард худро тоҷир муаррифӣ кардааст, вале ҳанӯз маълум нест, ки воқеан ӯ тоҷир буд, ё на.
Навор аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазф шудааст, вале Д.М. мегӯяд, он ба обрӯ зарба зад.
"Ҳар вақте шикоят мекунам, ки ҷиноят ошкор шавад, дар саҳифаҳои афроди номаълум ин мавзуъ дубора матраҳ мешавад. Зоҳиран, ин як навъ фишор ба ман аст, ки ҳаққи худам ҳимоя накунам, аммо ман аз ҳимояи ҳуқуқи худам даст намекашам",--гуфт ӯ.
Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нашри навори робитаи маҳрамонаи Д.М.-ро "зарба задан ба обрӯи ин зан ва ҳушдор додан ба фаъолони дигар" унвон кардааст. Созмон ба ин зан кумаки ҳуқуқӣ мерсонад.
Тақозои ин зан ин аст, ки мақомот нисбат ба ин ҳолат бояд бар асоси моддаи 241-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне «омода ва паҳн кардани маводи порнографӣ» парвандаи ҷиноӣ боз кунанд.
Қонунҳои Тоҷикистон барои паҳн кардани маводи порнографӣ аз 27 ҳазор то 55 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду сол ҷазо пешбинӣ мекунанд.
Дар гузашта чандин навори маҳрамона, бахусус рӯҳониён, ба интернет роҳ ёфта буд. Вале мақомот ҳеч вақт ошкор накардаанд, он наворҳоро кӣ сабт карда ва дар шабакаи ҷаҳонӣ гузоштааст.