Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабрдидаҳо аз тағйири парвандаи Рустами "Калла" норозианд


Ҷабрдидаҳои полковники собиқи милиса Рустам Темуров мегӯянд, аз тағйири моддаи айбдоркунии ӯ дар ҷиноят розӣ нестанд ва мехоҳанд аз ин тасмим шикоят кунанд.

Нафароне, ки худро "ҷабрдидаи Рустами Калла" медонанд, аз тағйири парвандаи полковники собиқ ва ҳам дар озодӣ ба сар бурдани ӯ норозӣ буда, мехоҳанд ба мақомот аз болои тасмими додрас шикоят кунанд. Рустам Темуров, ки дар минтақаи Кӯлоб бо лақаби "Рустами Калла" машҳур аст, аз боздоштгоҳ озод ва парвандаи ҷиноятии ӯ низ тағйир кардааст. Се моҳи қабл Рустам Темуров, полковники собиқи милиса аз сӯи мақомоти интизомӣ ба иттиҳоми гирифтани 200 ҳазор доллари амрикоӣ аз сокинони Кӯлоб боздошт ва аз сӯи додситони минтақаи Кӯлоб нисбати ӯ бо моддаи 250 қисми 4, яъне "тамаъҷӯӣ дар ҳолати хавфнок ва бо истифодаи силоҳ" айб эълон карда шуд.

Тибқи ин модда полковники собиқро эҳтимоли маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 15 то 20 сол таҳдид мекард. Аммо ин модда замони ирсол ба додгоҳ иваз ва нисбати ӯ бо модда 334, қисми 2, яъне "худсарӣ ё бо роҳи зӯроварӣ ё таҳдид содир шуда бошад, бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол, ҷазо таҳдид мекунад.

Музаффар Мирамиршоев, як масъули додгоҳи минтақаи Кӯлоб панҷшанбеи 12 май дар сӯҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ хабари озодии Рустам Темуров тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳоло ӯ бо моддаи 334, қисми 2 гунаҳгор дониста мешавад, аммо аз ироаи ҷузиёти бештар худдорӣ кард.

Раҳимҷон Сафармадов, як сокини Кӯлоб ва яке аз ҷабрдидаҳо рӯзи 12 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Рустами Калла" аз замони бемор буданаш дар моҳи марти соли ҷорӣ то ба ҳол дар озодӣ қарор дорад. Ҷаноби Сафармадов афзуд, ки онҳо аз тағйири парванда рӯзи 20 апрел дар додгоҳ хабар ёфтанд ва огоҳ шуданд, ки ӯ дар озодӣ қарор дорад. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло онҳо алайҳи тағйири парвандаи Рустам Темуров ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикоят мебаранд.

Ин мусоҳиби мо гуфт, "мо худамон огоҳ набудем. Дар лаҳзаҳои аввали додгоҳ, ки рӯзи 20-уми апрел доир шуд, маълум гардид, ки ӯро аз рӯи моддаи дигар гунаҳгор мекунанд. Ҳатто худаш дар ин мурофиа иштирок накард. Ҳоло мо аризаи шикоятӣ аз болои ин парванда навиштем, ба Додситони кулл ирсол менамоем."

Полковник Рустам Темуров, ки 62 сол дорад, солҳои тӯлонӣ дар чанд навоҳии Кӯлоб дар мақоми сардори милиса кор кардааст. Ӯ ду сол пеш пас аз 7 соли кор аз мақоми сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ховалинг ба нафақа рафт ва ба гуфтаи наздиконаш, ба тиҷорат машғул буд.

Ин парванда бар асоси шикояти сокинони Кӯлоб боз шудааст, ки ӯро дар тасарруф ва азхудкунии ҳудуди 200 ҳазор долларашон муттаҳам мекунанд. Назиров, вакили дифои ҷабрдидаҳо Зафар Холов ва Раҳимҷон Сафармадов, ба Озодӣ гуфт, ки парванда дар додситонӣ иваз карда шудааст. Ҷаноби Назиров афзуд, ин парванда бе ҳузури ҷабрдидаҳо ва вакил сурат гирифтааст, ки хилофи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, ки замони иваз шудани парванда бояд ҷабрдидаҳо огоҳ мешуданд, аммо аз ивази парванда як моҳ гузашт онҳо дар додгоҳ огоҳ шуданд.

"Бояд, замоне, ки парванда иваз мешуд, мо дар онҷо ҳузур медоштем ва огоҳ мешудем, ки додситон парвандаро иваз мекунанд. Парванда дар 25 март иваз шуда, ба додгоҳ рафтааст ва мо баъди гирифтани даъватнома, ки рӯзи 20 апрел оғоз шуд, огоҳ шудем, ки ӯ на бо моддаи 250, қисми 4, балки бо моддаи дигар гунаҳгор дониста мешавад. Ҳоло мо ариза пешниҳод кардем, то судя дар ин парванда иваз карда шавад. Ҳатто дар мурофаи аввал иштирок накард ва ба ҷои ӯ адвокаташ иштирок кард",--гуфт мусоҳиби мо.

Зимнан номи Рустам Темуров вақте дар Кӯлоб матраҳ шуд, ки ӯ дар солҳои 1980 дар идораи ОБХСС (шӯъбаи мубориза бо ғорати моликияти сотсиалистӣ)-и вилояти Кӯлоб муовини Султон Қувватов таъин шуд. Ӯ пас аз он ном баровард, ки дар ин мақом дуздии пулҳои чанд идораи вилояти Кӯлобро ошкор кард ва мансабдорон аз шеваи тафтишҳои ӯ дар ҳарос афтода буданд. Акнун худи ӯ ба ҷинояте муттаҳам мешавад, ки солҳои тӯлонӣ алайҳаш мубориза мебурд.

XS
SM
MD
LG