Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати меҳнат мегӯяд, ки 18 млн рубли муҳоҷиронро баргардонидааст


Муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Акс аз бойгонӣ.
Муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тайи 6 моҳи соли ҷорӣ беш аз 18 миллион рубли русии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар Русия баргардонидааст.

Ин амал дар пай шикояти муҳоҷирони меҳнатӣ ба намояндагии ин ниҳод дар Русия сурат гирифтааст.

Ба иттилои Вазорати меҳнат, ин миқдор маблағ музди меҳнати муҳоҷирони корӣ будааст, вале корфармоён дар Русия аз пардохташ саркашӣ кардаанд.

Дар Вазорати меҳнат гуфтанд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба намояндагии онҳо дар Русия наздики 300 арзу муроҷиат оид ба пардохт нагардидани музди меҳнати муҳоҷирон ворид гардидааст.

Маълум нест чӣ миқдор музди меҳнати муҳоҷирони корӣ пардохтнашуда боқӣ мондааст.

Дар умум тибқи иттилои расмӣ, дар 6 моҳ ба намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия наздики 13 ҳазор арзу муроҷиати муҳоҷирони меҳнатӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазор зиёд будааст.

Бо дахолати мақомоти тоҷик пардохти пули муҳоҷирон дар ҳолест, ки моҳҳои ахир шикоятҳо аз фишору нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия бештар садо медиҳад.

XS
SM
MD
LG