Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар Икромиддин Абдуллозода, Маҳмадраҷаб Холиқов, Саидашраф Эшонов ва Маъруфҷони Миралӣ дохиланд, ки дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъҳои слалом ва слаломи бузург байни мардон ширкат меварзанд.
Дар Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ иштироки 1147 варзишгар аз 32 кишвари қора дар назар аст. Мусобиқот аз рӯи 11 намуди варзиш - биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, шорт-трек, рақси рӯи ях, пойгаи лижаронӣ, сноуборд, хоккей бо шайба, фристайл-акробатика ва ски-кӯҳнавардӣ - баргузор хоҳад шуд. Варзишгарон барои 196 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд.
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ дар Ҳарбин 17-уми феврал ва маросими хатм 24-уми феврал барпо мегардад.
Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ, ки моҳи феврали соли 2017 дар шаҳрҳои Саппоро ва Обиҳирои Ҷопон баргузор шуданд, беш аз 1200 варзишгар аз 29 кишвар ширкат дошт.
Тоҷикистонро чаҳор варзишгар – Баракатулло Зокиров, Соҳибназари Турсунмурод, Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов - дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъҳои слалом ва слаломи бузург миёни мардон намояндагӣ карданд, аммо натавонистанд медал бигиранд.
Дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 74 медал, ки 27-тоаш нишони тило буд, ҷойи аввалро соҳиб гашт. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 50 медал, минҷумла 16 нишони тило, дар ҷойи дуюм ва Чин бо касби 35 медал, аз он ҷумла 12 нишони тило дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Варзишгарони тоҷик ба ғайр аз Бозиҳои зимистонаи осиёӣ, инчунин дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва Универсиадаи ҷаҳонии зимистона борҳо иштирок карда, бе медал мондаанд. Дар Тоҷикистон танҳо як намуд - лижаронии кӯҳӣ – роҳандозӣ шудааст, ки ба барномаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва Бозиҳои зимистонаи осиёӣ шомил аст.
Ба назари коршиносони соҳа, урдугоҳи лижаронӣ, ки дар мавзеи Сафеддараи ноҳияи Варзоб воқеъ аст, ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, дар инҷо мусобиқоти байналмилалӣ гузаронида намешавад. Инчунин дар ин урдугоҳ барои омода кардани варзишгарони соҳибихтисос шароити зарурӣ мавҷуд нест.