Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгари тоҷик аз президенти UFC муҳориба талаб кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як варзишгар аз Тоҷикистон бо тарзи ғайримаъмулӣ хост, ки шомили ташкилоти UFC шавад. Доробшоҳ Наботов рӯзи 24-уми октябр ҳангоми нишасти хабарӣ аз Дана Уайт, роҳбари ташкилоти UFC, хост, барояш муҳориба диҳад. UFC яке аз созмонҳои маъруф аст, ки ба гузарондани муҳорибаҳои омехта (ММА) машғул аст.

Доробшоҳ Наботов дар нишасти хабарии UFC дар Абузабӣ ба Дана Уайт гуфт, дар муҳорибаҳои омехта 9 муҳориба гузаронда, дар ҳамааш пирӯз шудааст. Президенти UFC, ки ин варзишгари тоҷикро намешинохт, ӯро ба наздаш хонда, дар бораи корномааш дар муҳорибаҳои омехта пурсид.

Баъзе саҳифаҳое, ки дар Телеграм хабарҳои варзиширо пайгирӣ мекунанд, навиштанд, ба Доробшоҳ Наботов дар ташкилоти “Дана Уайт Контендер Сериез” (DWCS) муҳориба пешниҳод кардаанд. Дар назар аст, ки Наботови 25-сола рӯзи 14-уми декабр дар Кореяи Ҷанубӣ баромад кунад. Дар сурати ғалаба роҳаш ба UFC боз хоҳад шуд.

Ба навиштаи сомонаи Fighttime, Доробшоҳ Наботов дар ҳамаи 9 сабқаташ дар намуди муҳорибаҳои омехта пирӯз шудааст. То ин дам дар ташкилоти начандон шинохта дар Русия баромад кардааст.

Доробшоҳ Наботов устоди варзиш дар риштаҳои ММА, панкратион ва самбои размӣ мебошад. Вай соли 2017 қаҳрамони Русия дар риштаи панкратион гардида, соли 2019 дар қаҳрамонии Аврупо дар ММА ғолиб шудааст.

То ин дам чор варзишгар аз Тоҷикистон Нурулло Алиев, Муҳаммад Наимов, Лоиқ Раҷабов ва Муин Ғафуров бо ташкилоти UFC қарордод бастаанд. Чанд варзишгари дигари тоҷик дар Bellator ҳам баромад мекунанд.

XS
SM
MD
LG