Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ба 2,6 миллиард доллар тило содир кардааст


Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ Узбекистон ба маблағи 2 миллиарду 664 миллион доллар ба хориҷа тило содир кардааст.

Ба иттилои Оҷонси омори вобаста ба президенти Узбекистон, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,5% бештар аст.

Дар ҳамин давраи соли гузашта Узбекистон ба хориҷа ба маблағи 2 миллиарду 400 миллион доллар тило содир карда буд.

Пештар аз ин Шӯрои ҷаҳонӣ оид ба тило (World Gold Council) хабар дода буд, ки Узбекистон бо содир кардани 12 тонна тило дар моҳи феврал дар дунё мақоми аввалро дар содироти тило касб кардааст.

XS
SM
MD
LG