Мусофир Қӯқандӣ, сухангӯи Вазорати тиҷорат ва саноати Афғонистон рӯзи 14-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, бунёди қисмати 35-километрии роҳи оҳани Туркманистон-Оқина дар вилояти Форёб, ки дар ниҳоят ба Тоҷикистон мепайвандад, моҳи апрел оғоз меёбад ва ҳукумати Афғонистон барои ин кор омодагии комил гирифтааст.
«Иншоолоҳ дар ояндаи начандон дур хати оҳан аз маҷрои Туркманистон вориди бандари Оқина мешавад. Дар он замон як ҷашни бошукӯҳ баргузор мешавад, чун яке аз дастовардҳои муҳим дар таърихи Афғонистон аст".
Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи оҳан, ин кишвар ба як даҳлез ва ё чаҳорроҳаи тиҷоратӣ дар минтақа табдил мешавад. Ба гуфтаи онҳо, роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон барои иқтисоди кишвар бисёр муфид аст, зеро аз як сӯ сабаби дастрасӣ ба бозорҳои нав шуда ва аз тарафи дигар қимати моли транзитиро поин меорад.
Ба гуфтаи Мусофир Қӯқандӣ, ин роҳи оҳан имкон медиҳад, Афғонистон ба бозорҳои Осиёи Марказӣ, Чин ва Аврупо васл шавад ва танҳо арзиши моли воридотӣ аз Чин ба Афғонистон 5 баробар коҳиш ёбад. Ба гуфтаи масъулони Вазорати тиҷорат ва саноати Афғонистон марҳилаи дуввуми тарҳ, яъне бунёди қисмати 35-километрии роҳ то ба шаҳри Мазори Шариф ва Кундуз дар марзи Тоҷикистон то охири соли 2016 шурӯъ мешавад.
Бунёди сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон моҳи июли соли 2013 бо ҳузури раҳбарони се кишвар аз вилояти Лабиоби Туркманистон шурӯъ шуд ва Туркманистон бунёди қисмати 88-километрии роҳ то марзи Афғонистонро ба поён расондааст. Қарор аст, роҳи оҳани мазкур аз тариқи Мазори Шариф, Қундуз ва гузаргоҳи Шерхон Бандар дар марзи Тоҷикистон ба ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар Тоҷикистон бирасад. Тарҳи роҳи мазкур бештар аз 600 километрро ташкил медиҳад ва Тоҷикистону Афғонистон умедворанд, ки ин роҳ аввалиро аз пойбандӣ ба роҳҳои Узбакистон ва дуввумиро аз вобастагӣ ба роҳҳои оҳани Покистон халос мекунанд ва сабаби вусъат гирифтани тиҷорат миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мешавад.
Ҳошим Расулӣ, маъсули равобити байналмилалии Утоқи тиҷорат ва саноатии Афғонистон дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт:
«Табиатан мо ба унвони як кишвари дар муҳосираи хушкӣ ниёзманди он ҳастем, ки ҳарчи бештар роҳҳои хуби тиҷорат ва транзитӣ ҷустӯҷу кунем. Мо агар ҳамчунон ба бозори Покистону Ҳиндустон вобаста бошем, мумкин аст, фурсатҳои зиёдеро аз даст диҳем. Ҳоло бозорҳои кишварҳои Осиёи Миёна, Туркия, Озарбойҷон ва махсусан Аврупо барои Афғонистон бисёр муҳим ва судовар аст».
Ҳарчанд раҳбарони Тоҷикистону Афғонистон ва Туркманистон гуфтанд, ки роҳи мазкур дар муддати 3 сол сохта шуда ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, вале бад шудани ваъи амниятӣ дар Афғонистон, иҷрои тарҳро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Охири соли 2015 яке аз сармоягузорони асосии тарҳи роҳи оҳан - Бонки Осиёи Рушд эълон кард, ки ба сабаби бад шудани вазъ дар Афғонистон сармоягузорӣ барои бунёди роҳро то муддати номуайян боздоштааст.