Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наргис Зокирова: «Ман шайтонпараст нестам, маҷусиям»


Наргис Зокирова
Наргис Зокирова

Овозхони машҳур Наргис Зокирова, хоҳарзодаи Ҳунарпешаи мардумии Узбакистон Ботур Зокиров ва духтари овозхони саршинос Луиза Зокирова дар озмуни телевизиони Русия «Голос» пешсаф аст.

Наргис Зокирова, ки пас аз чандин соли фаъолияти ҳунарӣ дар Амрико дар Русия муқим шуд, дар озмуни телевизиони Русия «Голос» ҷойи чаҳорумро гирифтааст. Ин озмун рӯзи 20-уми декабр ҷамъбаст мешавад ва дар он то ҳоло Гела Гуралиа бо 127 дарсади оро, Сергей Волчков ва Андрей Цветковлар бо 120 раъйӣ ва Наргис Зокирова бо 115 дарсад пешсафанд.

Дар охирин даври озмун ширкаткунандагон он ба пурсаиши бинандагон посух доданд. Аз Наргис зиёдтар дар бораи мансубияти динии ӯ суол шуд ва ӯ гуфт, бархилофи навиштаҳои зиёди матбуот шайтонпараст нест, аммо маҷусӣ аст.

Озмуни шабакаи аввали телевизиони Русия «Голос» марҳилаест, ки бисёре аз овозхонҳои Русия пас аз гузаштаи он шуҳрати бештар касб кардаанд.

Наргис Зокирова қаблан дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамроҳ бо гуруҳи машҳури Nirvana тарона хонда ва ҳамчунини суруди ӯ “The Evil One” , ки ба қатли террористи рақами яки ҷаҳон Усома бин Лодин бахшида шудааст, албоми «Қафаси заррин»-ашро пурфурӯш карда буд. Вале бо вуҷуди ин вай худро дар саҳнаи Амрико ноком шумурда, ба Маскав кӯчид.

Дар барномаи ахири озмун аз ӯ пурсиданд, оё дуруст аст, ки тамоми баданаш холкӯбӣ ё тату дорад. Наргис Зокирова, ин нуктаро тасдиқ кард ва гуфт: «Ҳамеша мехостам, аз дигарон фарқ дошта бошам. Аммо на барои он ки нуқсе дораме мехоҳам, пинҳон кунам. Табиист, ки медонистам, ҳамеша барои ҳама «зоғи сафед» хоҳам буд ва ин интизорро доштам. Аммо ба онҳое, ки маро сиёҳ мекунанд, мегӯям, ки зоҳири ман муҳим нест, балки ботинам муҳим аст. Дар ботин ман зидди ҳама гуна зулм ва як инсони самимӣ ҳастам.»

Аммо дар робита ба нақшҳои хоси холкӯбишудаи бадани ӯ, аз ҷумла «пентограмма» ё ситораи панҷгӯша», ки рамзи шайтонпарастон шумурда мешавад, Наргис Зокирова гуфт: «Эҳтимол, ҳамин пентограма сабаби эътирози бисёриҳо шуда бошад. Аммо ман шайтонпараст нестам. Ман маҷусиям. Ман аз давраи бачагӣ ба эзотерика, магия ё муғпарастӣ ва фанне мисли астрология ё нуҷум рағбати зиёд дорам. Айни замон ба аксари динҳои мавҷуд дар рӯйи замин эҳтром дорам ва барои ман муҳим аст, ки дин ба фанатизм бурад нарасонад. Зеро ҳама гуна дин, вақте ба фанатизм ва ифрот мерасад, он тарафаш ваҳшат сар мешавад.»

Пас аз ҳиҷрат ба Амрико дар соли 1995 Наргис Зокирова аввал дар клубҳои Ню Йорк суруд хонд ва аз ин ҷо продюсерҳои бо таваҷҷуҳ ба садои қавияш ӯро ба дастаҳои гуногун даъват карданд ва дар соли 2001 албуми ӯро ба нашр расонданд. Вале Наргис нахост, фаъолияти худро дар Амрико идома диҳад ва ба Русия кӯчид. Дар бораи сабабҳои аслии ин тасмим ӯ сукут ихтиёр намуд.




Наргис Зокирова соли 1971 дар оилаи ҳунармандони машҳури Зокировҳо ба дунё омад, ки бино ба бархе аз маълумот падари ин хонавода дар солҳои 1960 аз Тоҷикистон ба Тошканд кӯчидааст. Модари ӯ Луизаи Зокирова ва тағояш Ботур Зокиров аз овозхонҳои шинохтаи Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Падари ӯ Пӯлод Мордухаев дар дастаи Ботур Зокиров навозандагӣ мекард. Бори аввал Наргис дар соли 2012 талош кард, дар озмуни «Голос» ширкат кунад, аммо баргузории он бо даргузашти падараш рост омад ва ӯ аз ширкат дар он худдорӣ кард.

Аслан, Наргис Зокирова ҳанӯз дар 4-солагӣ рӯйи саҳна омада дар таронаи овозхони машҳур София Ротару – «Ман, ту, ӯ» дар қатори хурдсолон ҳамсароӣ кардааст. Дар 15-солагияш бо таронаи «Маро фаромӯш накун» дар сабқати телевизионии “Юрмала-86» ҷоизаи таваҷҷуҳи бинандагонро ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG