Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таронаи Юлдуз дар бораи “подшоҳ” Ислом Каримов


Овозхони маъруфи узбак Юлдуз Усмонова дар бораи раисиҷумҳури Узбакистон таронае хонда, дар ин тарона Каримовро “подшоҳ” ва "ҳомии адолат" ном мебарад.

Овозхони маъруфи узбак Юлдуз Усмонова рӯзи 22 декабр дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Тошканд албоми нави таронаҳояшро муаррифӣ кард. Яке аз таронаҳои нави ин овозхони 52-сола ба раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов бахшида шудааст.

Юлдуз Усмонова дар баробари 500 меҳмони ҷамъшуда дар тарабхонаи “Юлдуз” гуфт, “ман дар ваcфи подшоҳи мо, падари миллати мо, ки чандин сол боз бар Узбакистон раҳбарӣ мекунад ва сулҳу осоишро дар кишвар нигоҳ медорад, тарона навиштам. Ман ҳазорон бор аз ӯ миннатдорам.”

Таронаи Юлдуз аз васфи шаҳри Самарқанд – зодгоҳи Ислом Каримов – оғоз ёфта, овозхон чанд маротиба Каримовро вориси Амир Темур ном мебарад. Юлдуз Усмонова дар таронааш ҳамчунин Каримовро “президенти ман” ва “ҳомии адолат” номида, ба ӯ орзуи “абадзиндагӣ” мекунад.

Юлдуз Усмонова ҳанӯз рӯзи 12 декабр ҳангоми ҳунарнамоӣ дар тарабхони “Дедеман”-и Тошканд хабар дода буд, ки дар маҷмӯаи нави таронаҳояш як таронаи вижа дар бораи Ислом Каримов ҳам ҳаст. Аммо дар “Дедеман” Юлдуз Усмонова қабл аз иҷрои ин тарона аз ҳама хост, то видеокамераҳо ва телефонҳои мобилашонро хомӯш кунанд.

Бино ба маълумоти дарёфтии бахши узбакии Радиои Озодӣ, матни таронаи Юлдуз Усмонова дар бораи президентро таҳрир карда, аз он калимаи “Каримов”-ро берун кардаанд, вале исми аввали раисиҷумҳур – Исломро нигоҳ доштаанд.

Юлдуз Усмонова дар ҳоле дар бораи президенти Узбакистон тарона хондааст, ки ин овозхони маъруф аз соли 2005 ба ин сӯ дар кишвараш дар “рӯйхати сиёҳ” қарор дорад. Юлдуз ҳарчанд аз сӯи ширкати давлатии “Узбекнаво” муҷаввизи фаъолияти овозхонӣ гирифтааст, ӯро ба консертҳои муштараке, ки ниҳодҳои давлатӣ ташкил мекунанд, роҳ намедиҳанд ва таронаҳои ӯ аз радиову телевизионҳои давлатӣ садо намедиҳанд. Юлдуз Усмоноваи норозӣ аз чунин шароити кор ҳатто як муддат тарки Узбакистон кард ва дар Туркия кору зиндагӣ дошт.

Ислом Каримов дар Самарқанд
Ислом Каримов дар Самарқанд

Ӯ дар соли 2011 ба Узбакистон баргашт ва талош кард, то номашро аз “рӯйхати сиёҳ” берун оварда, ба саҳнаи бузург баргардад. Барои ҳазфи номи Юлдуз аз ин “рӯйхати сиёҳ”-и ғайрирасмӣ ҳатто Гулнора Каримова – духтари калонии он замон пурнуфузи президент Ислом Каримов ҷалб шуда буд, вале муваффақ нашуд.

Баъди онки Юлдуз Усмонова дар поёни соли 2012 аз тариқи Интернет таронааш дар васфи Гулнора Каримоваро бо номи “Гулисан” нашр кард, ӯро дар баҳори соли 2013 ба гала-консерти “Асрлар садолари” (“Садоҳои асрҳо”) даъват карданд. Қарор буд, Юлдуз Усмонова дар поёни ин консерт, ки аз тариқи шабкаҳои давлативу моҳвораӣ мустақим пахш мешуд, ҳунарнамоӣ кунад. Гулнора Каримова бо ин мехост паём диҳад, ки Юлдуз Усмонова дигар дар “рӯйхати сиёҳ” нест.

Вале ҳамагӣ чанд дақиқа қабл аз оғози ҳунарнамоии Юлдуз ба Гулнора Каримова касе занг зад ва ӯ маҷбур шуд, ҳунарнамоии овозхони маъруфро дар ин гала-консерт лағв кунад.

Худи Юлдуз Усмонова дар як мусоҳибааш бо радиои “Садои Амрико” сабаби афтоданаш дар “рӯйхати сиёҳ”-и мақомоти Узбакистонро чунин шарҳ дода буд: “Дар Узбакистон бештар аз ҳама монеи фаъолияти ман шудаанд... Ин ба сиёсат рабт надорад... Ман ба як одами начандон бузург маъқул нашудам, тамом. Шояд ин одам ҳоло сари кор ҳам набошад, вале ӯ мушкилро сохт. Ин тақдир аст.”

Хабарнигори узбак Улуғбек Ҳайдаров менависад, зоҳиран Юлдуз Усмонова барои бозгашт ба саҳна чораи дигаре ҷуз мадҳи Каримов наёфт: “Чанд сол шуд, ки гала-консертҳо бо ҳузури Ислом Каримов ва дигар мақомоти баландпоя бидуни Юлдуз Усмонова мегузаранд. Ҳарчанд бисёриҳо муаллифи аслии манъи ҳунарнамоии ӯро медонанд, вале хомӯширо бартарӣ медиҳанд. Ба назари ман, ин овозхон, ки бо тамоми ҷаҳду талош мехоҳад ба саҳна баргардад, аз чораи ниҳоӣ кор гирифт. Юлдуз дар васфи президенти диктатор, ки бисёрии узбакистониҳо вайро ошкоро ва бархе дар дил бад мебинанд, тарона хонд.”

Ба ақидаи ин ва дигар мунтақидони ҳукумати Ислом Каримов, шояд Каримов дар қароргоҳи “Дурмен” шунавад, ки чигуна Юлдуз дар таронааш васфи ӯро мекунад ва шояд ҳатто дилаш нарм шавад ва фармон диҳад, ки “Тамом, қасри консертҳои “Истиқлол”-ро дар ихтиёри Юлдуз гузоред!” Аммо, менависад Улуғбек Ҳайдаров, “бо роҳ ёфтан ба дили Ислом Каримов, роҳи Юлдуз Усмонова ба қалби ҳазорон мардуме, ки ба режими Каримов нафрат доранд, барои ҳамеша баста мешавад.”

Таълифи шеъру таронаву ҳатто достонҳову филмҳо дар бораи ҳокимони кунуниаш хоси аксари кишварҳои Осиёи Марказист. Дар ин ҳафта дар Душанбе китобе нашр шуд, ки беш аз 30 шеър дар бораи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирад. Ҳамин тавр, чандин овозхони тоҷик дар бораи Эмомалӣ Раҳмон таронаҳое хондаанд, ки дар онҳо президенти кунунии Тоҷикистон бо таъбирҳое, чун “Исмоили сонӣ”, “вориси Сомониён”, “раҳбару раҳнамои миллат” ва амсоли ин тавсиф мешавад. Дар Қазоқистон филми ҳунарие сохтаанд, ки роҳи зиндагии президенташ Нурсултон Назарбоевро аз овони кӯдакӣ то расиданаш ба раҳбарии ин кишвар тасвир мекунад. Дар Туркманистон қариб ҳамаи консертҳои расмӣ ҳатман таронае дар васфи раиси ин ҷумҳурӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG