Аввалин маҷмӯаи шеърӣ дар бораи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони "Пешво" аз чоп баромад. Гурез Сафар, яке аз мураттибони ин китоб, рӯзи 27 декабр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин китоб бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромада, шеъри беш аз 30 адиби муосири тоҷикро дар бораи сулҳ ва дар васфи “Пешвои миллат” фаро гирифтааст.
Ба қавли Гурез Сафар, дар китоби "Пешво" шеърҳои Ашӯр Сафар, Лоиқ Шералӣ, Камол Насрулло, Гулназар Келдӣ, Саидалӣ Маъмур ва чанде дигарон ҷой дода шудааст. "Ин китоб аз 80 саҳифа иборат буда ва шурӯъ аз ҳафтаи оянда ба фурӯш бароварда мешавад," - -афзуд мусоҳиби мо.
Нашри китоби “Пешво” дар ҳолест, ки моҳи декабр ду палатаи парлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро тасвиб карда ва онро ва раиси ҷумҳур рӯзи 25 декабр имзо гузошт.
Исфандиёри Назар, шоир ва мунаққиди тоҷик гуфт, ки аз нашри ин гуна китоб ҳанӯз огоҳ нест. "Вале аз чоп баромадани чунин китобҳо ва васфу мадҳ кардани шоҳону раҳбарони вақти кишвар, ҳанӯз аз замони Рӯдакӣ мавҷуд буд ва то ҳол идома дорад," -- гуфт ӯ. Ба таъкиди Исфандиёри Назар, "принсипҳои ҷомеаи демократӣ, ҷомеаи мардумсолорӣ ба ин чизҳо ба чашми аҳамият нигоҳ намекунад. Инҳо чизҳое нестанд, ки дигар барои мардум қобили таҳсину таваҷҷӯҳ бошад. Ин, албатта, назари шахсии як шоир аст, ки касеро мадҳ ё қадҳ кунад."
Исфандиёри Назар дар посух ба ин суол, ки ҳафтае қабл қонуни "Пешвои миллат" тасдиқ шуд ва ҳоло китоб нашр гардид, чунин ба назар намерасад, ки ин ҳама корҳои қаблан тарҳрезишуда бошад, гуфт: "Фикр намекунам ин кори аз қабл тарҳрезишуда бошад. Зеро тартиб додани як китоб аз ашъори 30 ё 40 шоир метавонад кори як ё ду шаб бошад. Вақте адабиёти лозим дар даст ҳаст, мумкин аст дар як шаб шеъру андешаҳое, ки дар ситоиши як шахс аст ё сулҳу ваҳдат гуфта шудаанд, ҷамъ оварда шаванд.”
Ба андешаи Исфандиёри Назар, нашри китоб кори душвор шояд набошад, аммо то куҷо талабгору харидор барои чунин китобҳо пайдо мешавад, тарафи дигари масъала аст. Зеро дар шароити феълӣ мардум хеле кам китоб харидорӣ мекунанд.
Китоби “Пешво” аз 80 саҳифа иборат аст ва дар матбааи “Нашри мубориз” аз чоп баромадааст. Мураттибони китоби мазкур Гурез Сафар ва Муҳтарам Ҳотам мебошанд. Аз ин қабл китобҳое дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти ӯ ба нашр расида буданд, вале ҳоло барои нахустин бор аст, ки китобе дар шакли маҷмӯаи шеърӣ, ба зевари чоп ороста мешавад.
Истифодаи ибораи “Пешвои миллат” сар аз соли гузашта аз забони сокинон зимни вохӯриҳо бо Эмомалӣ Раҳмон корбурд мешуд. Аммо парлумони Тоҷикистон ин ибораро қонунан ба мақом табдил дод, ки пас аз қатъи фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор меояд. Дар ин қонун гуфта нашудааст, ки кай ваколати президент қатъ мешавад, аммо коршиносон мегӯянд, Сарқонун на бештар аз ду давраи президентиро иҷоза медиҳад. Ин ду давраи ҳафтсолаи раҳбарӣ ба Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2020 анҷом хоҳад ёфт.
Ин қонун аз муқаддима ва 16 модда иборат аст ва вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро муқаррар мекунад. Бар асоси моддаи 4-уми ин қонун ордени “Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон” ва ҷоизаи давлатии “Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон” низ таъсис дода мешавад.
Аммо мунтақидон мегӯянд, ин унвон як намунаи дигари шахспарастист, ки дар Тоҷикистон авҷ мегирад. Бахусус аз он нуктаи қонун интиқод мешавад, ки ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, пас аз қатъи ваколаташ аз бонуфузтарин мақоми кишвар бимонад ва дар мушаххас кардани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар нақши умда бозӣ кунад.