Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Академики ӯзбак хостори бомбаборони Роғун шуд


Академик ва доктор улум иқтисодӣ, сардабири маҷалласи «Иқтисоди бунёдӣ»-и Ӯзбакистон Рустамҷон Абдуллоев бо ҳимоят аз мавқеи кишвараш дар масъалаи Роғун, пешниҳод кардааст, ки артиши Ӯзбакистон маҳалли бунёди нерӯгоҳро бомбаборон кунад.

Академик ва доктор улум иқтисодӣ, сардабири маҷалласи «Иқтисоди бунёдӣ»-и Ӯзбакистон Рустамҷон Абдуллоев бо ҳимоят аз мавқеи кишвараш дар масъалаи Роғун, пешниҳод кардааст, ки артиши Ӯзбакистон маҳалли бунёди нерӯгоҳро бомбаборон кунад. Ҳамчун чораи алтернативӣ вай хостааст, ин артиш аз вилояти Сурхондарё ба хатти Турсунзода – Ҳисор – Душанбе зарба занад.

Матлаби Абдуллоев дар сомонаҳои интернетӣ се рӯз баъд аз нашри паёми муовини аввали сарвазири Ӯзбакистон Рустам Азимов нашр шуд, ки гуфтааст, ташхиси Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Роғун ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ нест ва Тошканд онро қабул надорад. Вай афзудааст, ҳукумати Ӯзбакистон ҳаргиз аз тарҳи Роғун дастгирӣ нахоҳад кард.

Бо ҳимоят аз ин мавзеъгирӣ академик Абдуллоев аз ҳукумати Ӯзбакистон тақозо дорад, ки интизор намонад, балки ҳарчӣ зудтар даст ба амал занад, зеро «фардо дер мешавад» ва Тоҷикистон бо истифода аз ризоияти Бонки Ҷаҳонӣ сохтмони нерӯгоҳи Роғунро вусъат дода, ба поён мерасонад. Баъд аз он ки нерӯгоҳ сохта шуд, ба ақидаи академик Абдуллоев, Тоҷикистон Ӯзбакистонро ба «зону менишонад» ва «таҳти назорат» мегирад. «Ба мижа задан фурсат намеёбем, ки бе об мемонам. Ҷӯйборҳои мо хушк мешаванд, пахтазорони моро хори мағелон мепӯшонад, тифлон дар гаҳвораҳои худ бе нон ба нола меоянд,» -- тавсир мекунад академик Абдуллоев.

Сипас, ин донишманди ӯзбак менависад: «Ниёи бузурги мо Амир Темури Соҳибқирон огоҳ карда буд: «Барои тилло наҷангед! Бояд танҳо барои об ва озодӣ мубориза кард!» Ин суханони ӯ имрӯз ҳам арзишманд ҳастанд! Об набошад – озодӣ ҳам барои ӯзбакҳо нахоҳад буд!»

Дар идома Рустамҷон Абдуллоев гаштаю баргашта ба раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов муроҷиат мекунад ва аз ӯ даъват менамояд, бетаъхир даст ба амал занад. Вай ҳамчуниин аз ҳамаи муҳоҷирони ӯзбак даъват мекунад, ба ватан баргарданд, зеро он бо хатар рӯбарӯст.

Пас аз ин даъватҳо академик Абдуллоев мегӯяд, албатта, аввал ҳукумати Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ултиматум диҳад, ки сохтмони сарбандро қатъ кунанд ва агар Душанбе саркашӣ кард, бояд аз нерӯҳои мусаллаҳ кор гирад.

Олими ӯзбак иқрор мекунад, ки бисёре аз хонандагон мумкин аст, ӯро ба тундгароӣ муттаҳам кунанд. «Вале ман саволи муқобил дорам: Чӣ гуна пас бояд моҷароҷӯёни худхоҳи тоҷикро бе ёрии нерӯи низомӣ боздошт? Онҳо имконияти ҳукмронӣ бар ҳамсояи қавиро ҳис карда, аз ягон чиз ҳазар нахоҳанд кард! Дар ин ҷо раҳбарияти Ӯзбакистон бояд аз қатъияти беназири Владимир Владимирович Путин ибрат гиранд, ки дар лаҳзаи ҳассос аз корбурди чораи ҳарбӣ натарсид. Таърих ҳамеша қатъиятро дуруст мебарорад.»

Дар поёни матлаби худ академик Абдуллоев шарҳ медиҳад, ки барои чӣ бояд муҳоҷирони ӯзбак ба ватан баргарданд. Вай мегӯяд, чунин сарбанди азимро танҳо бо бомбаҳо вайрон кардан номумкин аст ва аз дунболи артиш гастарбайтерҳо бояд вориди Тоҷикистон шаванд ва ба маҳалли бунёди нерӯгоҳ рафта, ҷое бо экскаватор ва ҷое бо каланд сарбандро «то охирин хишташ ба хок яксон кунанд, то қарнҳои қарн иштиҳои раҳбарони тоҷиконро ба таҳдиди маҳрум кардани ҳамсояҳо аз қатраи об гардонанд.»

Рустамҷон Абдуллоев дар гузашта низ зидди сохтмони нерӯгоҳи Роғун чандин матлаб ба нашр расонда, аз хатарҳои зистмуҳитӣ ва иҷтимоии он ҳушдор додааст.

Дар гуфтугӯи кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ, ҷаноби Абдуллоев аз шарҳи суханони хеш худдорӣ кард. Вай изофа намуд, ки намехоҳад, аз тариқи телефон мусоҳиба диҳад ва агар Озодӣ дар Тошканд намояндагӣ дошта бошад, ҳозир аст, рӯ ба рӯ гуфтугӯ намояд. Вай афзуд, кишвараш хостори равобити хуб бо ҳамаи кишварҳост.

Чанде дигар аз рӯшанфикрони Ӯзбакистон дар пурсишҳои кӯтоҳи телефонӣ гуфтанд, набояд навиштаҳои Абдуллоев ҷиддӣ гирифта шаванд, зеро ӯ ҳамеша ақидаҳои булаҷаберо таблиғ кардааст. Ба гуфтаи онҳо, Рустамҷон Абдуллоев академик ҳам нест ва дар гузашта пешниҳод карда буд, ки Гулнора Каримова -- духтари калонии раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов ба гунаи меросӣ раҳбари ин кишвар таъин гардад.

XS
SM
MD
LG