Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди ғайримунтазираи соҳибкорони Ӯзбакистон аз Тоҷикистон. ВИДЕО


Давоми ду рӯз – 16 ва 17 октябр ҳайате аз соҳибкорону раҳбарони ширкатҳои тиҷоратӣ аз Ӯзбакистон ба вилояти Суғди Тоҷикистон меҳмон шуданд. Масъулони ҳукумати вилояти Суғд дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфтанд, ки сафаи ҳайате, ки ғолибан аз минтақаи Фарғона намояндагӣ мекард, бо ташаббуси ҷониби Ӯзбакистон сурат гирифт. Музаффар Юнусов, сухангӯи ҳукумати вилояти Суғд дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 17 октябр гуфт, ки ин ҳайати давоми ду рӯз аз шаҳрҳои Хуҷанду Исфара дидан карда, бо корхонаҳои истеҳсолии маҳаллӣ, ширкатҳо ва ҳам муассисаҳои фарҳангӣ шинос шуд.

Вай гуфт, ин боздид бо хости ҷониби Ӯзбакистон сурат гирифт ва ҷониби Тоҷикистон ҳам бо камоли майл меҳмонҳои ҷумҳурии ҳамҷаворро пазироӣ карда ду рӯз меҳмондорӣ карданд. «Барои мо ҳам ин сафар ногаҳонӣ, вале хушоянд буд ва аз ҷониби вилояти Суғд меҳмонҳоро дар сатҳи муовинони раиси вилоят пазироӣ кардем», гуфт Музаффар Юнусов.

"Ин рамзи нек аст"

Ба иттилои як узви ҳайати Тоҷикистон, ҳайати меҳмонони Ӯзбакистону субҳи якшанбе вориди вилояти Суғд шуда дар муддати ду рӯз аз Қасри Арбоб, маҷмаи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» дидан карда, зери пои муҷассааи Камоли Хуҷандӣ гул гузоштанд. Шоми якшанбе дар як маҳфили ширу шакари фарҳангӣ дар хона-музейи Шайх Камоли Хуҷандӣ иштирок карданд, ки он ҷо шеъру таронаҳо ба забони тоҷикиву ӯзбакӣ иҷро шуд.

Маҳмудҷон Дадобоев, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯҳияи дидору сӯҳбатҳо эҳсос мешуд, ки ҳам ҷониби Ӯзбакистон ва ҳам Тоҷикистон ташнаи наздиктар шудани робитаҳо ва ҳамкориҳои бештар ҳастанд. Вай гуфт, ба ҳайати меҳмонон соҳибкорон, роҳбарони ширкатҳо, зиёиён шомил буданд ва ин сафар бештар хусусияти ғайрирасмӣ дошт. Ҳадафаш – шиносоӣ бо зиндагиву кори ҳамсояҳо аз вилояти Суғд буд. «Ин як ташаббуси бисёр хуб буд. Мардум ҳам аз ин чиз хеле хуш пазироӣ карданд. Меҳмонон ҳам хеле ташаккур карданд аз самимияти ин дидорҳо», гуфт Дадобоев.

Вай гуфт, «ин як рамзи бисёр нек буд. Онҳо ҳам гуфтанд ва мо ҳам эҳсос кардем, ки ҳанӯз ҳам ҳамон самимияту дӯстие, ки дар гузашта буд, тӯли ин солҳо по бар ҷост. Мо бовар дорем, ки ин қадами хеле хуб аст ва дар оянда барои беҳбуд бахшидани робитаҳои ин ду мардуми ҳамҷавор хизмат мекунад».

Умедвориҳо барои беҳбуди равобит баъди сафари Комилов

Сафари ҳайати доираҳои соҳибкории водии Фарғонаи Ӯзбакистон ба Суғди Тоҷикистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки баъди даргузашти президент Ислом Каримов рӯзи 2 сентябр ва раҳбарии ин кишварро ба ӯҳда гирифтани Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбакистон умедвориҳое барои беҳбуди равобити миёни ду кишвар ба миён омадааст.

Боздиди ҳайати Узбакистон аз Хуҷанду Исфара
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00

Аломати алании он – сафари ҳамчунон ғайримунтазираи вазири хориҷии Ӯзбакистон Абдулазиз Комилов ба Тоҷикистон дар таърихи 29 сентябри соли ҷорӣ буд. Дар мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон раҳбари сиёсати хориҷии Ӯзбакистон гуфт, ки Тошканд хостори беҳтар ва наздиктар шудани робитаҳои ду кишвари ҳамсоя аст ва муносибатҳои ду ҷониб бояд таҳрир шавад. Манзури ӯ ҳам барқарории хатсайтҳои парвози миёни ду кишвар, осотар шудани рафтуомади шаҳрвандон ба кишварҳои ҳамдигар ва ҳам тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ будааст.

"Мизони тиҷорат тақрибан ночиз шуд"

Дар 20 соли охир робитаҳои Тоҷикистон Ӯзбакистон тадриҷан маҳдуд шуд ва мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ аз 500 миллион доллар дар оғози солҳои 2000-ум то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфт. Коршиносон мегӯянд, зарурат ба ҳамкории миёни ду кишвар ногузир ва ин ҳамкориҳо ҳар қадар пештар шурӯъ шавад, ҳамон андоза ба беҳбуди ҳарду ҷониб хоҳад буд.

Тоҷикистон, ки дар ҳолати инзивои ҷуғрофӣ қарор дорад, дар гузашта аз хоки Ӯзбакистон ҳамчун қаламрави транзитии интиқоли молу коло ва воридони маҳсулот истифода кардааст. Илова ба ин, ҳарду кишвари ҳамсоя аз назари робитаҳои башарӣ ҳам робитаҳои хонаводагии зиёде доранд ва баъди ҷорӣ шудани низоми виза ё раводид байни ду кишвар, рафтуомади сокинони кишварҳо маҳдуд шуд. Дар таҳаввулоти охир Ӯзбакистону Қирғизистон ба тавофуқ расиданд, ки дар шарту шурути рафтуомади шаҳрвандон сабукиҳо ҷорӣ мекунанд. Ҳоло чунин имтиёзҳоро дар Тоҷикистон ҳам интизоранд.

Рӯзи 4 декабр дар Ӯзбакистон итихоботи президентӣ баргузор мешавад ва нахуствазир Шавкат Мирзиёев аз номзадҳои калидӣ ба ин мақом аст. Ҳоло бархе коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд тасмимҳои ҷиддиву муҳим маҳз баъди ин рӯйдоди сиёсӣ дар Ӯзбакистон гирифта мешавад ва шояд ҳам бахши муҳими онҳо марбут ба таҳрири равобит бо ҳамсояҳо шавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG