Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯй намешавад!


Малоҳат Эшонқулова
Малоҳат Эшонқулова

Як ҳомии ҳуқуқ аз Узбакистон мегӯяд, мақомоти ин кишвар ба далели фаъолиятҳояш монеи баргузории тӯйи арӯсии духтари ӯ дар яке аз тарабхонаҳои Тошканд шудаанд.

Малоҳат Эшонқулова, як ҳомии ҳуқуқ аз Узбакистон даъво дорад, ки ба далели дахолати мақомот инак бори дувум аст, ки тӯйи арӯсии духтарашро ба таъхир меандозад. Эшонқулова мӯътақид аст, ки мақомот ба далели таҳқиқоташ дар бораи истифодаи нирӯи кӯдакон ва меҳнати маҷбурӣ дар пахтазорҳои Узбакистон мехоҳанд аз ӯ интиқом бигиранд.

Малоҳат Эшонқулова дар як номаи саркушода ба раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ва сарвазир Шавкат Мирзиёев навиштааст, ки рӯзи 30 октябр ходимони мақомоти интизомӣ ба назди соҳиби тарабхонае дар шаҳри Тошканд, ки тӯйи арӯсии духтари ӯ бояд рӯзи 10 ноябр дар ҳаминҷо баргузор мешуд, омада, ба ӯ амр кардаанд, то ин фармоишро бекор кунад.

Малоҳат Эшонқулова рӯзи 3 ноябр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, “мо дар тӯйхонае бо номи "Дилором" толор фармоиш додем, ҳама даъватномаҳоро ба меҳмонон ҳам фиристодем, ҳама тайёриамон анҷом шуда шуд барои тӯй. Вале мақомоти хадамоти махсус ба соҳиби тарабхона гуфтаанд, ки ту чаро тӯи як "душмани халқ" ва "хоини Ватан"-ро доир мекунӣ. Таҳдид кардаанд ба соҳиби тарабхона, ки агар ин тӯй доир шавад, ҳамаи меҳмононро ба кӯча ронда, толорро мебанданд, тафтиши кори онро таъйин мекунанд ва чунон хоҳанд кард, ки толораш тамоман баста шавад.”

Бино ба иддаои ин ҳомии ҳуқуқ, соҳиби тарабхона ба тарафи домод маслиҳат додааст, ки барои баргузории арӯсӣ ягон макони дигар ҳатто наҷӯянд, чунки касе баъди ин таҳдидҳои мақомот фармоиши онҳоро нахоҳад пазируфт.

Малоҳат Эшонқулова мегӯяд, тӯйи арӯсии фарзандаш бояд ҳанӯз дар соли 2013 барпо мешуд, вале мақомот он дафъа ҳам тарафи домодро тарсонда, ба духтараш низ маслиҳат додаанд, ки ҳама гуна муносибатҳоро бо модари худ қатъ кунад. Ӯ мегӯяд, мақомот интиқоми ӯро аз духтараш гирифта, бо ин роҳ пеши роҳи бахти ӯро мебанданд: "Духтари ман охир набояд қурбони ин бозиҳо шавад. Ӯ аслан ба фаъолиятҳои ман рабте надорад."

Эшонқулова дар номааш ба раҳбарони аввали Узбакистон ва ҳам дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин маърака ба фаъолияти ӯ дар роҳи ҳимоят аз ҳуқуқи инсон бастагӣ дорад. Дар ин авохир ин ҳомии ҳуқуқ мавридҳои истифодаи нирӯи кӯдакон ва меҳнати маҷбурӣ дар маъракаи пахтачинӣ дар вилояти Хоразм ва ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистони Узбакистонро таҳқиқ мекард. Нашрияҳои мустақили узбакӣ бар пояи таҳқиқоти ӯ гузориш доданд, ки хонандагони мактабҳои Узбакистонро то ҳол ба пахтачинӣ сафарбар мекунанд.

Узбакистон. Кӯдакон дар пахтазор
Узбакистон. Кӯдакон дар пахтазор

Истифодаи нирӯи кӯдак дар пахтазор аз сӯи мақомоти Узбакистон боис шудааст, ки як идда аз ширкатҳои бонуфузи тавлиди либос аз истифодаи пахтаи Узбакистон даст бикашанд. Анҷумани тавлидкунандагони либос ва пойафзоли Амрико (AAFA) дар соли 2012 гуфта буд, шумори чунин ширкатҳо аз 100 гузашта, брендҳои маъруфе, чун “Zara”, “JC Penney”, “American Eagle” ва “Fruit of the Loom”, “Gucci”, “H&M” ва “Walmart” низ дар радифи ширкатҳоеянд, ки дар тавлиди фаровардаҳои худ аз истифодаи пахтаи Узбакистон даст кашидаанд.

Малоҳат Эшонқулова ва Саодат Омонова
Малоҳат Эшонқулова ва Саодат Омонова

Малоҳат Эшонқулова дар поёни моҳи сентябр ҳамроҳ бо як ҳамкораш дар вилояти Хоразм аз сӯи маъмурони милиса боздошт шуда ва бо як шеваи таҳқиромез мавриди кофтукоб қарор гирифтанд. Эшонқулова ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки маъмурони милиса ҳатто духтурони гинекологро даъват карданд, ки ҳатто бачадони онҳоро тафтиш кунанд. Маъмурон гумон доштанд, ки ин ҳомиёни ҳуқуқ флешкаҳо бо маълумот дар бораи истифодаи нирӯи кӯдакон ва меҳнати иҷборӣ дар майдонҳои пахтаро дар бачадонашон пинҳон кардаанд.

Малоҳат Эшонқулова аслан журналист аст ва дар соли 2010, вақте маъруф шуд, ки ҳамроҳ бо ҳамкораш Саодат Омонова дар бораи мавридҳои сонсур ва фасод дар телевизиони давлатии Узбакистон хабар дод. Баъди он моҷаро ҳардуро аз шабакаи давлатӣ аз кор ронданд. Эшонқулова ва Омонова бо талаби барқарор карданашон дар ҷои кор дар соли 2011 гуруснашинӣ эълон карданд, вале ба ягон натиҷа нарасиданд.

XS
SM
MD
LG