Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Р.Абдуллоев: "Зидди Роғун ҳастам, вале зидди бомбаборон низ"


Академик ва доктори улуми иқтисодӣ, сардабири маҷаллаи «Иқтисоди бунёдӣ»-и Ӯзбакистон Рустамҷон Абдуллоев мегӯяд, зидди сохтмони нерӯгоҳи Роғун аст, аммо бомбаборони онро пешниҳод накардааст.

Дар ҳоле ки як матлаб зери имзои академик ва доктор улум иқтисодӣ, сардабири маҷаллаи «Иқтисоди бунёдӣ»-и Ӯзбакистон Рустамҷон Абдуллоев бо пешниҳоди бомбаборони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон шӯреро бапо кардааст, ин шахс мегӯяд, ҳаргиз чунин мақолае нанавиштааст ва дар сомонаи Сентразия.ру аз номи ӯ сӯистифода ба амал омадааст. Вай ҳамчунин дар як раддия, ки ин торнамо ба нашр расонд, гуфтааст, ки муаллифи ин матлаб нест.

Дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ, ҷаноби Абдуллоев бори дигар ин нуктаро таъкид кард.

Рустамҷон Абдуллоев: “На. Ман дар он ҷо 20 мақола ба нашр расондаам ва зоҳиран, душманони мо аз ин ҳолат истифода карда, чунин мақолаеро ба он ҷо фиристодаанд. Ман зидди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳастам ва пештар ҳам дар бора гуфтаам, аммо дар мавриди бомбаборон ҳаргиз чизе нагуфтаам ва ҳаргиз чизе нанавиштаам.”

Озодӣ: Шумо чӣ хел фаҳмидед, ки ин мақола дар он ҷо нашр шудааст?

Рустамҷон Абдуллоев: “Ба ман занг заданд ва мисли Шумо журналистон занг мезананд. Аз Тоҷикистон ва ҷойҳои дигар. Ба ман номаҳои электронӣ мерасанд, аз ҷумла дар Фейсбук менависанд. Дар ҳама ҷо мепурсанд, савол медиҳанд.” (Зимнан, дар рӯзи нашри ин матлаб Радиои Озодӣ ба Рустамҷон Абдуллоев занг зада буд, вале ӯ аз ҳама гуна сӯҳбат дар бораи матлаб худдорӣ карда буд – Радиои Озодӣ)

Озодӣ: Барои суиистифода аз номатон Шумо торнамои Сентразия.ру-ро ба додгоҳ мекашед?

Рустамҷон Абдуллоев: “Чӣ фоида аз ин ва ман ба куҷо арз мекунам? Торнамо дар Русия аст ва ман дар Ӯзбакистон зиндагӣ мекунам. Ва ин аз ман харҷи зиёдеро хоҳад хост, чӣ даркор аст ба ман? Вале агар ниҳодҳои Ӯзбакистон таҳқиқ кунанд ва зарур донанд, ки бояд ба додгоҳ муроҷиат кард, худашон муроҷиат мекунанд. Шахсан ман чунин ният надорам. Агар ин тасдиқ нашавад. Ман намедонам, ман ба онҳо дархост фиристодам, то ба ман рӯшан кунанд, ки чӣ гуна ва аз куҷо ин мақола ба дасти онҳо расид ва агар онҳо ҷавоб диҳанд, он гоҳ, аммо онҳо ҳанӯз ба ман ҷавоб надодаанд. Шумо худ, агар бароятон мушкил нест, ба онҳо занг занед ва натиҷаашро ба почтаи электронии ман фиристед. Он гоҳ ман ҳам огоҳ мешавам, зеро онҳо ба ман посух намедиҳанд. Намедонам, барои он ки ба додгоҳ арз шавад, бояд аз лиҳози ҳуқуқӣ муайян шавад, ки ин торнамо гунаҳкор аст ё не. Дар он зиёда аз 20 мақолаи ман нашр шудааст, шояд фикр карданлд, ки ин мақолаи навбатии ман аст. Ин замоне маълум мешавад, ки онҳо ба ман посух диҳанд ва ман ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунам.

Озодӣ: Пас ба додгоҳ мекашед, ҳа?

Рустамҷон Абдуллоев: “Бале, агар онҳо ба ман фиристанд. Ман ба онҳо изҳор доштам, ки ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбакистон муроҷиат мекунам, ки онҳо ин масъаларо таҳқиқ кунанд.”

Посухҳои академики ӯзбак дар бобати "бомбаборони Роғун"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00
Линки мустақим

Озодӣ: Аз мақомоти Ӯзбакистон ба Шумо чизе дар бораи ин мақола гуфтанд?

Рустамҷон Абдуллоев: “На, касе ба ман чизе нагуфтааст. Чӣ бояд гӯянд?”

Озодӣ: Бисёриҳо аз Тоҷикистон навиштанд, ки ин мақола ба дӯстии деринаи байни мардуми тоҷику ӯзбак зарба зад. Шумо ба онҳо чӣ паём доред?

Рустамҷон Абдуллоев: “Ман ба ин хонандагон пешниҳод мекунам, ки мақолаҳои дигари маро хонанд. Ман дар ҳама ҷо гуфтаам, ки ӯзбакҳо ва тоҷикон як халқанд, ки ба ду забон ҳарф мезананд. Ва ман дар заминаи пажӯҳишҳои илмии таърихии худ исбот кардаам, ки онҳо ҳам аслан ӯзбаконеанд, ки ба забони форсӣ гап мезананд ва тамом.”

Озодӣ: Шумо аз онҳо узр мепурсед, ки бо истифода аз номатон ба дӯстии онҳо зиён расонда шуд?

Рустамҷон Абдуллоев: “Не, ин ҷо рӯшан аст, ки ман гунаҳкор нестам, пас чаро бахшиш мепурсидаам. Ман ин мақоларо нанавиштаам. Барои узрхоҳӣ ягон сабабе нест. Инро бояд бигзор торнамои Сентразия муайян кунад. Ман ҳоло мехоҳам дар ин бобат низ ба онҳо муроҷиат кунам ва тамом.”

XS
SM
MD
LG