Ин нукта дар гузориши нави Шӯрои миллии истихбороти Амрико, ки 10-уми декабр дар Вашингтон нашр шудааст, қайд гардидааст.
Шӯрои миллии истихборот, маркази таҳлилҳои стратегӣ дар ҳукумати Амрико ба шумор рафта, ҳар чор сол барои президенти тозаинтихоби ин кишвар оиди равандҳои глобалӣ дар ҷаҳон гузориши таҳлилӣ таҳия мекунад.
Дар гузориши нави 140 саҳифагии Шӯро таъкид шудааст, ки то соли 2030-юм захоири обӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба яке аз манбаъҳои асосии сӯитафоҳумҳо табдил хоҳад ёфт. Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки то соли 2030-юм талабот ба ғизо 35 дарсад, ба об 40 дарсад ва энержӣ 50 дарсад афзоиш меёбад. Баробари ин аҳолию хушксолиҳо ва таъсироти манфии тағйироти иқлимӣ низ бештар мегарданд. Ба ҳамин далоил Шӯрои миллии ҷосусии Амрико мегӯяд таҳдиди сар задании даргириҳо миёни кишварҳо бузург аст.
Таҳиягарони гузориш эҳтимоли даргирӣ ва шиддат ёфтани баҳсҳои обиро, махсусан дар минтақаҳои Осиёи Миёна, Африқои шимолӣ, Шарқи наздик ва Чини шимолӣ пешбинӣ мекунанд.
Ин гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки масъалаи обу энержӣ дар Осиёи Миёна баҳсбарангез буда, роҳбарони аршади минтақа барои ҳалли он ишораҳо ба истифодаи силоҳ кардаанд.
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, моҳи сентябри соли ҷорӣ зимни сафараш дар Қазоқистон ҳушдор дода буд, ки агар кишварҳои болооби Осиёи Миёна, ҳангоми сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ манфиати кишварҳои поёнобро сарфи назар кунанд, ин ба ҷанг хоҳад расонд. Бархе аз коршиносон ин изҳороти Каримовро ҳамчун ҳушдор аз истифодаи силоҳ барои ҳалли баҳсҳои обию энержӣ дарёфта буданд.
Аммо чанд рӯз пеш Ислом Каримов дар як ҷаласаи бахшида ба рӯзи Қонуни асосии кишвараш гуфтааст, онҳо пуштибони "ҳамсоядории хуб"-анд ва мехоҳанд, масоили баҳсбарангези минтақа аз тариқи гуфтугӯ ҳал шавад. Бино ба қавли расонаҳои Узбакистон, Ислом Каримов таъкид намудааст, дар шароити кунунии минтақа, ки сӯитафоҳумҳо афзоиш меёбанд, аз сиёсати "ҳамсоядории хуб" ва муколама истифода шавад.