Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу: "Ба Эрон иҷоза намедиҳем дар Сурия мустақар шавад"


Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил мегӯяд, бо вуҷуди қарори раиси ҷумҳур Доналд Трамп барои ихроҷи нерӯҳои Амрико аз Сурия, кишвараш талошҳо барои монеъ шудан ба ҳузури доимии Эрон дар хоки Сурияро қатъ нахоҳад кард.

Ӯ рӯзи 23-уми декабр гуфт: “Қарор дар бораи ихроҷи 2 ҳазор сарбози амрикоӣ аз Сурия, сиёсати собити моро тағйир намедиҳад. Мо ҳамчунон ба зидди кӯшишҳои Эрон ҷиҳати истиқрори низомиаш дар Сурия иқдом мекунем ва дар сурати зарурат, чораҳои бештаре дар онҷо меандешем.”

Доналд Трамп баъди эълони ихроҷи нерӯҳо аз Сурия дар рӯзи 19-уми декабр танқиди зиёде шунид. Сарбозони Амрико, ки соли 2015 ба Сурия сафарбар шуданд, ба шарикони араби худ ва размандагони курд дар мубориза ба зидди гуруҳи “Давлати исломӣ” кӯмак мекарданд.

Бисёре аз мунтақидони Трамп мегӯяд, ки қарори ӯ барои ихроҷи сарбозон, хиёнат ба размандагони курд аст ва Эрону Русияро дар Сурия пирӯз мекунад. Сурия аз соли 2011 дар гирдоби ҷанги хунини дохилӣ аст ва дар ин ҷанг, Русияву Эрон ба ҳукумати раиси ҷумҳур Башшор Асад кӯмак мекунанд. Дар тарафи дигари сангар гуруҳҳои гуногуни мухолифи давлат ҳастанд, ки Амрикову Туркия аз онҳо ҳимоят мекунанд.

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Баъди эълони Доналд Трамп, Ҷим Маттис, вазири дифои Амрико ба нишони эътироз аз чунин сиёсатҳои раиси ҷумҳур аз мақомаш истеъфо дод. Бретт МакГурк, фиристодаи вижаи Амрико дар Эътилофи ҷаҳонии мубориза бо гуруҳи “Давлати

Мо ҳамчунон ба зидди кӯшишҳои Эрон ҷиҳати истиқрори низомиаш дар Сурия иқдом мекунем ва дар сурати зарурат, чораҳои бештаре дар онҷо меандешем.

исломӣ” ҳам аз мақомаш рафт.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, бо вуҷуди тарки сарбозони Амрико аз Сурия, ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида барҷой мемонад. Ӯ афзуд: “Ҳамкориҳои мо бо Амрико ҳамчунон комил дар бисёре аз бахшҳо идома хоҳад кард, дар амалиётҳо, табодули иттило ва дигар бахшҳои амниятӣ.”

Расонаҳои Исроил аз қавли Гади Эйсенкот, раиси ситоди неруҳои мусаллаҳ навиштаанд, ки гӯё хостааст, дар тасвири паёмадҳои ихроҷи неруҳои Амрико аз Сурия муболиға накунанд. Ба қавли ӯ, артиши Исроил даҳсолаҳост, ки дар манотиқи марзӣ бо Сурия ба танҳоӣ амал мекунад.

Шабакаи 10 TV -и Исроил гузориш дод, ки Бенямин Нетаняҳу ба вазирони ҳукумат аз Ҳизби Ликуд гуфтааст, зимни сафараш ба Бразилия дар ҳафтаи оянда бо Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар бораи барномаҳои ин кишвар суҳбат мекунад.

Қарор аст, ду нафар дар маросими адои савганди Ҷейр Болсоноро, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Бразилия ширкат кунанд. Вазорати дифои Амрико рӯзи 23-уми декабр гуфт, фармон барои ихроҷи неруҳои кишвар аз Сурияро имзо кардаанд.

XS
SM
MD
LG