Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон: "Дастури хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия имзо шуд"


Расонаҳо ба нақл аз вазорати дифои Амрико мегӯянд, фармони хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия имзо шудааст. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико чанд рӯз пеш эълом кард, ки артиши кишвараш аз Сурия берун мешавад. Дар пайи он вазири дифои Амрико аз мақомаш истеъфо дод.

Хабаргузории Франс-пресс рӯзи 23-юми декабр ба нақл аз як масъули вазорати дифои Амрико гузориш додааст, ки ин дастур аллакай имзо шудааст. Шабакаҳои хабарии CNN ва Fox News низ чунин гузоришҳо нашр кардаанд.

Бино ба гузориши CNN, шумораи нерӯҳои артиши Амрико дар ҳоли ҳозир дар Сурия 2600 нафар мебошад.

CNN ва Fox News ҳамзамон ба нақл аз як мақоми дигари вазорати дифои Амрико гуфтаанд, ин дастурро Ҷеймс Маттис, вазири дифои он кишвар, ки то чанд рӯзи дигар ин мақомро тарк мекунад, имзо кардааст. Мақомҳои Пентагон ба расонаҳо гуфтаанд, ки фармон дарбаргирандаи шева ва замони хуруҷи нерӯҳои артиши Амрико аз Сурия аст. Ӯ аммо ҷузъиёти бештаре ироа накардааст.

Бино ба гузориши CNN, шумораи нерӯҳои артиши Амрико дар ҳоли ҳозир дар Сурия 2600 нафар мебошад. Шабакаи Fox News шумораи нерӯҳои амрикоӣ дар ин кишвари ҷангзадаи арабиро 2 ҳазор тан гузориш додааст.

CNN гузориш додааст, ки хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ эҳтимолан ҳафтаи оянда оғоз шавад ва чанд ҳафта идома хоҳад кард. Шабакаи Fox News мегӯяд, ҳанӯз маълум нест, ки оё фиристодани силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ барои гурӯҳҳое монанди "Нерӯҳои демократии Сурия", ки аз муҳимтарин муттаҳидони эътилоф бо раҳбарии Вашингтон дар ҷанг зидди ДИИШ ҳастанд, идома хоҳад кард ё на.

Президенти ИМА Патрик Шанаҳанро сарпарасти вазорати дифоът таъйин кард.
Президенти ИМА Патрик Шанаҳанро сарпарасти вазорати дифоът таъйин кард.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико чанде пеш эълом кард, ки артиши кишварашро аз Сурия берун мекунад. Нерӯҳои амрикоӣ дар соли 2015 барои муқобила бо ДИИШ ба Сурия фиристода шуданд. Амрико айни замон эътилоф алайҳи ДИИШ-ро раҳбарӣ мекунад.

Эълони хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия, боиси истеъфои вазири дифои Амрико Ҷеймс Маттис шуд. Ҳам эълони хуруҷи нерӯҳо аз Сурия ва ҳам истеъфои вазири дифоъ Ҷеймс Маттис, вокунишҳоеро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ аз Амрико дар пай дошт.

Ҳатто шуморе аз муттаҳидони Доналд Трамп аз тасмими хуруҷ аз Сурия ва истеъфои Маттис нигаронӣ карданд. Шуморе ҳам гуфтанд, ин ҳаққи раиси ҷумҳур аст, ки вазири ҳамфикр ва ҳамназар дошта бошад.

Ҷеймс Маттис қарор буд то моҳи феврал дар мақоми худ боқӣ бимонад, то раиси ҷумҳур вазири дифои дигаре муаррифӣ кунад. Аммо Доналд Трамп рӯзи якшанбеи 23-юми декабр Патрик Шанаҳан, муовини вазорати дифоъро ба мақоми сарпарасти ин вазоратхона мансуб кард. Оқои Шанаҳан сар аз рӯзи 1-уми январ ба фаъолиятии худ дар ин мақом оғоз мекунад.

XS
SM
MD
LG