Падари шахсе, ки аз ҷониби вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чун гумонбари эҳтимолии рух додани садамаи маргбори шаби 9 октябр номидааст, писарашро бегуноҳ медонад.
Давлат Шарипов, падари Умар Шарипов, рӯзи чоршанбеи 20-уми ноябр дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки "дар ҳақиқат Умар писари ман аст ва вай шаби ҳодисаи садама ҳамроҳ бо Расули Амонулло дар мошин будаанд, аммо вай дар паҳлӯи ронанда, дар ҷои мусофири мошин будааст ва дасте дар ин садама надорад."
Ин мард, мегӯяд, хабарҳоеро аз расонаҳо дар мавриди даст доштани писараш
дар ин ҳодиса ва боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ шунида, нигарон ва дар тааҷҷуб шудааст. Зеро ба гуфтаи Давлат Шарипов, "ҳама шаҳр медонад, ки писари ман дар ин садама даст надорад ва гунаҳкор низ нест."
Аз ин рӯ ин мард мехоҳад то алайҳи ин сару садоҳо ба додгоҳ шикоят барад. Хабарнигори радиои "Озодӣ" аз ҷаноби Шарипов пурсид, ки ҳоло писаратон дар куҷо аст, гуфт, ки "писарам дар ҳамин ҷо аст ва гаштааст". Аммо вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, "Умар Шарипов, иштирокчии садама то ҳол дастгир нашудааст ва дар ҷустуҷӯ мебошад."
Давлат Шарипов, падари Умар Шарипов, дар ин бора аз ин зиёд сӯҳбат накард, вале гуфт, ки мехоҳад аз наздик бо хабарнигорон мавқеашро баён кунад.
Исми Умар Шарипов чун як иштирокчии дигари садамаи пурсарусадои шаби 8 ба 9 октябр маълум шуд, ки ба кушта шудани се нафар ва ҷароҳат бардоштани се тани дигар боис гардид. Рӯзи 19 октябр сомонаи вазорати корҳои дохилӣ исми ӯро ҳамчун иштирокчии садама зикр намуд, Ба қавли намояндагони вазорати корҳои дохилӣ, дар лаҳзаи рух додани садама Умар Шарифов низ дар дохили БМВ ҳамроҳи Расули Амонулло, писари Амонуллои Ҳукуматулло ҳузур доштааст. Дар ҳамин ҳол, рӯзи 19 ноябр дар робита бо ҷараёни тафтиши ин садама мақомоти корҳои дохилӣ ба радиои "Озодӣ" гуфтанд, ки нисбати Умар Шарипов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ин манбаъ мегӯяд. ки нисбати Умар Шарипов мутобиқи моддаи 212, қисми 3 кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне кушта шудани аз ду нафар зиёд дар натиҷаи нақзи муқаррароти ҳаракати роҳ парванда оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дорад, вале то ҳол худи Шарипов аз ҷониби мақомот дастгир нашудааст
Бар асоси иттилоияи вазорати корҳои дохилӣ, гуфта мешавад, ки Умар Шарипов, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Душанбе буда, пеш бо моддаи 237, қисми 2 кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.