Тоҷикистон намояндагиҳои дипломатии худ дар шаҳрҳои Кундуз ва Файзобод дар шимоли Афғонистонро бастааст. Дар ин бора телевизиони "Тулӯъ" бо такя ба манобеъ дар вазорати умури хориҷии Афғонистон иттилоъ додааст.
Хайруллоҳ Озод, муовини сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон гуфтаааст, ки "сафорати Тоҷикистон як номаи расмӣ ба вазорати умури хориҷӣ фиристода ва нигоштаааст, ки ба далелҳои кӯчаки амниятӣ, консулгариҳояшро дар вилоятҳои Бадахшон ва Кундуз ба таври муваққатӣ мебандад."
Дар ин хабар гуфта мешавад, ки қарор буд Тоҷикистон консулгариашро дар вилояти Балх низ бибандад, аммо мақомҳои маҳаллӣ монеи ин кор шудаанд. Атомуҳаммад Нур, волии Балх монеи баста шудани консулгарӣ шуда ва ба таъмини амнияти намояндагии Тоҷкистон дар Мазори шариф ваъда супурдааст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон то ба ҳол дар ин маврид изҳори назар накардааст.
Волии Бадахшон ҳам гуфтааст, ки мақомҳои Тоҷикистон ноамниҳоро ангезаи аслии баста шудани консулгариашон дар Файзобод гуфтаанд. Файсал Бекзод, волии Бадахшон ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, "консули Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ, ки бо ман дошт, гуфт, ки кишвараш тасмим гирифтаааст, ки ба сабабҳои амниятӣ, консулгариро ба таври муваққат мебандад."
Вилояти Бадахшони Афғонистон яке аз минтақаҳои ноамни он кишвар ба шумор меравад ва аз чанд моҳ ба ин тараф вулусволиҳои Юмгон ва Вардуҷи ин вилоят дар контроли Толибон қарор доранд. Дар моҳи майи соли 2014 ба ҷони Рустам Маҳмудӣ, консули Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон дар минтақаи Хонободи вилояти Қундуз ҳамла сурат гирифта буд, ки дипломати тоҷик аз он ҷони солим ба дар бурд.
Тоҷикистон ба иловаи сафораташ дар Кобул, ҳамчунин консулгариҳои худро дар шаҳрҳои Файзобод, Мазори Шариф ва Кундуз дорад.
Дар шаҳри Кундуз консулгарии Тоҷикистон ягона намояндагии дипломатии хориҷӣ мебошад, ки он ҳам ҳамакнун бинобар нооромиҳо ба таври муваққатӣ фаъолият надорад. Мақомоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки бинои консулгарии Тоҷикистон дар назди бинои фармондеҳии пулиси вилояти Кундуз воқеъ мебошад ва дар даргириҳои моҳи сентябри соли гузашта миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон, бинои он тахриб шудааст.