Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду духтари дар Исфара нопадидшударо аз Ваҳдат ёфтанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ду духтари мактабхонро, ки охири ҳафтаи гузашта дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара нопадид шуда буданд, дар шаҳри Ваҳдат, бисткилометрии пойтахти Тоҷикистон, ёфтанд.

Дар ҳоли шок қарор дорам. Ҳамин ки аз ҷузъиёти гум шудани онҳо бохабар шудам, боз суҳбат мекунам

Мадина Абдулҳодизода ва Раҳима Аҳлиддинзода, дар синфи ҳаштуми мактаби деҳаи Холисони ҷамоати Чоркӯҳ мехонанд. Баъзе аз хешовандонашон гуфтанд, ки онҳо рӯзи 10-уми феврал ҳангоми мактабравӣ нопадид шуданд.

Духтарон дар баёноти худ чӣ гуфтанд?

Гурӯҳи зудамали Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат пас аз чаҳор рӯз онҳоро дар наздикии пойтахт пайдо кард ва 14-уми феврал ба дасти волидонашон супурд. Як масъули Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфт, Мадина ва Раҳима дар баёноти худ зикр кардаанд, ки гӯиё онҳоро афроди ношинос ба мошин савор карда, то Ваҳдат овардаанд.

Ҷамоати Чоркӯҳи Исфара
Ҷамоати Чоркӯҳи Исфара

Аммо ҷузъиёти чӣ гуна аз як деҳаи дурдасти Исфара то шаҳри Ваҳдат расидани онҳо дар даст нест. Ҳамчунин рӯшан нест, афроде, ки онҳоро то Ваҳдат расондаанд, кӣ ҳастанд. Дар Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат низ гуфтанд, ки ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад ва ба хотири халал ворид нашудан ба ҷараёни кор аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ мекунанд.

Мақомоти умури дохилии Исфара рӯзи чаҳоршанбе ба Радиои Озодӣ бедарак шудани ду талабаи мактаби рақами 65-и ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро тасдиқ карданд. Аммо онҳо низ масъалаи чигуна "бедарак" шудани ин талабаҳоро шарҳ надоданд.

Мудири мактаб: Дар ҳоли "шок" ҳастам

Аммо Абдулвадуд Сафаров, як сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, рӯзи 14-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор рӯз боз ҷустуҷӯи духтарон идома дошт. Ӯ гуфт, дар ҷамоати онҳо овозаҳое дар гардиш буд, ки гӯиё ин духтаронро афроди ношинос рабуда, дар иваз 1 миллион рубли русӣ талаб кардаанд. Иддаое, ки дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара беасос номиданд.

Ҳодӣ Қаюмов, мудири мактаби рақами 65-и ҷамоати Чоркӯҳ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса дар они воҳид тамоми деҳаву ҷамоат ва шаҳри Исфараро такон дод. Ӯ гуфт, баъди шунидани хабари нопадид шудани талабаҳо ҳамроҳи раҳбари синф ба манзили онҳо рафтанд. "Бовар кунед, ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара ҳам даъват карданд. Ҳоло аз ҳамонҷо баргаштам. Дар ҳоли шок қарор дорам. Ҳамин ки аз ҷузъиёти гум шудани онҳо бохабар шудам, боз суҳбат мекунам", - кӯтоҳ посух дод ӯ.

Вай афзуд, ҳарду талаба фаъол буданд ва ҳамеша ба дарсҳо бо омодагии хуб меомаданд.

"Духтаронро ба волидонашон додем, вале тафтишот идома дорад"

Тавре дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат гуфтанд, ҳар ду талабаи мактаб сиҳату саломат ба волидонашон супурда шуданд. Вале тафтишоти ҳодисаи чи гуна нопадид шудани Мадина Абдулҳодизода ва Раҳима Аҳлиддинзода, талабаҳои мактаби ҷамоати Чоркӯҳ ва пайдо шудани онҳо дар наздикии Душанбе идома дорад. Радиои Озодӣ низ ин ҳодисаро пайгирӣ хоҳад кард.

Ҷамоати Чоркӯҳи Исфара аз минтақаҳои муҳофизакори Тоҷикистон ба шумор рафта, мардумаш шадидан тибқи қоидаҳои шариати ислом ба сар мебаранд. Дар солҳои гузашта мизони таҳсили духтарон дар онҷо дар муқоиса ба минтақаҳои дигари кишвар камтар буд. Ҳоло мақомот мегӯянд, ҷалби духтарон ба мактабҳо дар Исфара афзудааст.

XS
SM
MD
LG