Чилла Давронов, сокини ноҳияи Фархор рӯзи 20 май ба Радиои Озодӣ гуфт, соати ҳашти субҳ, вақте раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов ба маркази ноҳия меомад, тақрибан 14 нафари норозӣ барои баррасии масъалаи қитъаи замин ҷамъ шуданд, вале кормандони милиса, ки онҳоро мешинохтанд, нагузоштаанд, ки ин афрод ба дидори раиси вилоят бирасанд. Чилла Давронов мегӯяд, ходимони милиса ӯву ҳамсараш Моҳлиқо Каримоваро то анҷоми сафари раиси вилоят дар бинои ҳукумати ноҳия махкам кардаанд.
Аммо Илҳом Баротов, ёвари раиси ноҳияи Фархор рӯзи 20-уми май дар шарҳи ин қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «на Моҳлиқо Каримова ва на шавҳараш дар рӯйхати 600 нафар меҳмононе, ки дар ҷараёни сафари кории раиси вилоят ширкат мекарданд, набуданд.» Вай афзуд, ин як сафари кории раиси вилоят буд ва қабули шаҳрвандонро барои шунидани шикоятҳои онҳо дар назар надошт. Дар мавриди маҳкам кардани Моҳлиқову шавҳараш ҷаноби Баротов зикр кард, ки «ин воқеият надорад, зеро ҳама дар пайи сафари раиси вилоят банд буданд ва ба ҷуз посбон ҳеҷ нафаре дар бинои ҳукумати ноҳия набуд.»
Аммо Чилла Давронов гуфт, ки ӯро ҳамроҳи ҳамсараш Моҳлиқо Каримова аз соати 8 субҳ то 12:30, яъне то замоне ки раиси вилоят ба шаҳри Қӯрғонтеппа барнагашт, раҳо накардаанд.
Моҳлиқо Каримова низ мегӯяд, «мо сахт ташна будем, кормандони милиса моро дар як кабинет маҳкам карда рафтанд ва аслан суроғамон накарданд. Вақте ки мо баромадем, фаҳмидем, дигар заноне, ки ба масъалаи қитъаи заминашон омда буданд, ҳамаро аз назди бинои ҳукумат ронда, нагузоштаанд, ки бо раиси вилоят рӯ ба рӯ шаванд.»
Моҳлиқо Каримова ва шавҳараш Чилла Давронов аз ҷумлаи сокинони маҳаллаи Шаҳртеппаи ин ноҳия ҳастанд, ки 4 сол боз аз мақомоти ноҳияву вилоят ва ҳукумати марказӣ ҳалли масъалаи заминҳои наздиҳавлигиашонро талаб доранд, вале то имрӯз ба ҷуз ваъда кумак нагирифтаанд.
Мақомоти ноҳияи Фархор дар соли 2009 14,76 ҳектар заминро дар маҳаллаи Шаҳртеппаи ҳамин ноҳия барои бунёди манзил ба сокинон тақсим карда буд. Аммо баъдан тақсимоти ин қитъаҳоро ғайриқонунӣ хонда, пойдеворҳои бунёдкардаи сокинонро тахриб ва идомаи сохтмони манзил дар ин заминҳоро манъ карданд.
Сокинони аз заминҳои худ маҳрумшуда ба идороти мухталиф ва ҳатто то президент шикоят бурданд, вале баҳси ин қазия 4 сол тӯл мекашад. Занони фархорӣ борҳо барои додхоҳӣ ба Кохи раёсати ҷумҳур ва ба додситонии кулл ба Душанбе ҳам омаданд, вале талошҳояшон то кунун натиҷае надодаааст. Онҳо аз тариқи расонаҳо низ ба мақомот муроҷиат карданд, аммо аз додситонии кулл ва дастгоҳи президент мактуб гирифтаанд, ки асноди заминҳои онҳо қалбакӣ будааст. Худи сокинон бар ин боваранд, ки як гурӯҳ, бо шумули мансабдорони вақти маҳаллӣ, онҳоро фирефта, заминҳоро ғайриқонунӣ ба онҳо фурӯхтаанд. Онҳо мегӯянд, баҳои иштибоҳи мақомотро набояд мардум бипардозад.
Дар тирамоҳи соли 2013, вақте раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам бо сафари пешазинтихобиаш ба Фархор омад, мақомот ба Моҳлиқо Каримова ва сокинони дигари норозии Шаҳртеппа имкон надоданд, ки онҳо худро ба ҳузури ӯ бирасонанд ва арзашонро бигӯянд.