Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 тавсия барои "беадабҳо"-и интернетӣ


Сари касеро ба тани хар часпондан ё нисбати касе дашномҳои қабеҳро раво дидан дар сегменти тоҷикии интернет ба нуқтаи авҷ расидааст. Мутахасисон мегӯянд, ин беадабиҳо, ки шабакаҳои иҷтимоиро беобрӯ меунад, бояд хотима ёбанд.

«Одобномаи шаҳрванди электронӣ», ки пас аз чанд моҳи баҳсу мунозираҳо рӯзи 11-уми октябр дар як ҳамоиш дар Душанбе ба тасвиб расид, гуфта мешавад, чунин ҳолатҳоро коҳиш диҳад.

Ин маҷмуи қоидаҳо аз 20 банд иборат буда, ҳадаф аз қабули он пешгирии таъқиб, таҳқир, тӯҳмат, иғво, пахши расму наворҳои фаҳшомез, таблиғу тарғиби терорризм ва дигар амалҳои нораво дар олами вертуалӣ унвон мешавад. Одобнома тавсия медиҳад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон, одоби муошират, забон ва арзишҳои миллӣ ва дигар меъёрҳои ахлоқӣ риоя шаванд ва аз табъизи миллӣ, забонӣ, динӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ дар фазои виртуалӣ худдорӣ карда шавад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00
Линки мустақим

Ба андешаи Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет ва яке аз муаллифони одобнома, бештари ҷавонон дар фазои виртуалӣ ноогоҳона ба беадабӣ роҳ медиҳанд ва ҳадафи добнома ба чунин ашхос фаҳмондидани ин нукта аст, ки фазои маҷорзӣ низ ҷои бадрафторӣ нест.

Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет.
Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет.
Ҷаноби Атоев умедвор аст, ки одобнома тадриҷан дар амал татбиқ мешавад ва «ҳарнафаре, ки бо номи қалбакӣ ҳам сухан мегӯяд, рӯзе номи аслиашро ошкор хоҳад кард ва агар ба даҳ дар сади онҳо ҳамин одобнома таъсир расонад, манфиаташ зиёд аст».

Аммо бархе бар инанд, ки таҳия ва қабули чунин одобнома чандон зарур нест. Ба назари онҳо ашхоси бомаърифат аслан ба чунин тавсияҳо ниёз надоранд, аммо инсонҳое, ки қасдан ба рафтору кирдори нораво даст мезананд, чунин тавсияҳоро аслан намехонанд.

Толиб Шарифов, мудири маркази компютерии Академияи илмҳо мегӯяд, бо таҳияи одобнома одамонро ислоҳ кардан номумкин аст, зеро одобу ахлоқ сифатҳои бунёдии инсонанд ва аз тарбияи хонаводагӣ ва мактаб реша мегиранд. Вай мегӯяд, махсус барои интернет одобнома навиштан ягон маънӣ надорад. Ба гуфтаи вай, адибони гузаштаи тоҷик он қадар панду андарз гуфтаанд, ки агар наврасон аз онҳо баҳраманд бошанд, ҳеҷ ҳоҷат ба таҳияи чунин одобномаҳо намемонад.

Аммо таҳиякунандагон мегӯянд, таҳияи одобнома барои фазои виртуалӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ собиқаи зиёд дорад. Ба гуфтаи онҳо, одобнома санади ҳуқуқӣ не, балки маҷмуи тавсияҳост, ки ба худтанзими ҷаҳони виртуалӣ роҳ боз мекунад.

Ин одобнома аслан барои ҷавонону наврасон тавсия шудааст ва дастандаркорон барои ҷалби таваҷҷӯҳи ин қишри ҷомеа бо истифода аз санъати рэп видео-клипе ҳам эҷод кардаанд. Аммо зикр шуд, ки забони одобнома барои ҷавонону наврасон чандон фаҳмо нест ва дар он вожаҳое истифода шудаанд, ки дарки ҷавононро душвор мегардонад.

Толиб Шарифов, мудири маркази компютерии Академияи илмҳо.
Толиб Шарифов, мудири маркази компютерии Академияи илмҳо.
Дастандаркорон мегӯянд, ҷой доштани мушкил дар фарҳангии иттилооти ҷомеа онҳоро ба таҳияи одобнома водор кардааст. Асомуддин Атоев мегӯяд, мақомот барои ба танзим даровардани фарҳанги иттилоотии ҷомеа сайтҳоро мебанданд, истифодаи телефонҳои мобилиро дар муассисаҳои таълимӣ манъ кардаанд, аммо ба назари вай ин тадбирҳо мубориза бо оқибатҳои мушкилианд, на бо худи мушкилӣ.

Иқдоми таҳияи Одобномаи шаҳрванди электронӣ аз ҷониби гурӯҳии кории котиботи Шӯрои Технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди президент, ки ба он намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил мешаванд, пешниҳод шудааст.

Гурӯҳи корӣ тасмим гирифтааст, ки дар давоми як моҳ ба одобнома тафсире ҳам бинависад ва ҳамзамон механизми татбиқи онро муайян кунад.
XS
SM
MD
LG