Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон дипломҳои Тоҷикистонро эътироф намекунад?


Туркманистон рӯйхати донишгоҳҳои хориҷиеро таҳия кардааст, ки танҳо дипломи онҳо дар он кишвар эътибор доранд. Номи донишгоҳҳои Тоҷикистон дар ин рӯйхат нест ва тақдири беш аз 2 ҳазор донишҷӯи туркман дар Тоҷикистон норӯшан мондааст.

Маоши омӯзгорон дар мо 500 доллар аст ва барои ҳамин ҷавонон мехоҳанд, ки омӯзгор шаванд. Вале давлат наметавонад ҳамаи онҳоро бо ҷойи кор таъмин кунад”

Бар асоси қарори Вазорати маорифи Туркманистон, аз моҳи сентябри имсол ин донишҷӯён наметавонанд аз волидони худ пул гиранд ва баъди баргаштан ҳам дипломашон эътибор надорад. Ин шабу рӯз баъзе аз донишҷӯёни туркман ҳатто аз бозгашт ба ватани худ метарсанд, зеро мумкин аст дубора аз онҷо берун омада натавонанд.

“Ин қадар омӯзгор дар куҷо кор меёбад?”

Дунё Холдорова соли севум аст, ки дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон (ихтисоси омӯзгори математика) мехонад. Холдорова 31-сола ва сокини вилояти Лебапи Туркманистон аст.

“Ҳоло аз Туркманистон барои таҳсил дар риштаи омӯзгорӣ ба Тоҷикистон донишҷӯёни хеле зиёд омадаанд. Танҳо аз деҳаи мо, ки панҷ ҳазор аҳолӣ дорад, 50 нафар дар Душанбе донишҷӯ аст. Маоши омӯзгорон дар мо 500 доллар аст ва барои ҳамин ҷавонон мехоҳанд, ки омӯзгор шаванд. Вале давлат наметавонад ҳамаи онҳоро бо ҷойи кор таъмин кунад”, - афзуд Холдорова.

Донишҷӯёни туркман аз суҳбати ошкор дар ин бора ҳарос доранд ва метарсанд, ки барои волидонашон дар Туркманистон мушкил эҷод нашавад. Аммо онҳо иқрор мешаванд, ки талош мекунанд то анҷоми таҳсил ба ватан барнагарданд. Кафолате вуҷуд надорад, ки онҳо метавонанд дубора аз Туркманистон берун оянд. Аз ҷумла, Дунё Холдорова мегӯяд, мехоҳад таҳсилро тамом кунад ва баъд ба ватан баргардад. Ҳамсуҳбати мо инкор намекунад, ки шояд баъди бозгашт ба Туркманистон аз рӯи ихтисос кор наёбад.

“Ба ҷанозаи модараш рафту барнагашт”

Масъулони баъзе аз донишгоҳҳои Тоҷикистон мегӯянд, як қисми донишҷӯёни туркмани онҳо баъди баргаштан ба Туркманистон натавонистанд дубора ба таҳсил баргарданд.

Аъзам Байдуллоев, муовини ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон гуфт, баъзе аз донишҷӯёни онҳо баъди ба Туркманистон рафтан натавонистанд ба таҳсил баргарданд.

Байдуллоев рӯзи 25-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора ҳатто сафорати Туркманистонро дар ҷараён гузоштанд, аммо касе ба донишҷӯён кумак карда натавонист.

Ӯ гуфт: “Донишҷӯён мехоҳанд, мо ба падару модари онҳо даъватнома фиристем, ки омада аз аҳволи фарзандони худ дар Тоҷикистон бохабар шаванд. Як донишҷӯ ба ҷанозаи модараш рафт, вале дигар омада натавонист.”

Муовини раиси Донишгоҳи омӯзгорӣ гуфт, таваҷҷуҳи донишҷӯёни туркман ба донишгоҳҳои Тоҷикистон зиёд аст ва бовар надорад, ки қарори ахири Вазорати маорифи Туркманистон шумораи онҳоро кам мекунад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, сарфи назар аз қарори ахири Вазорати маорифи Туркманистон роҳи донишҷӯёни ин кишвар ба Тоҷикистон ҳамчунон боз мемонад.

Тибқи иттилои расмӣ феълан дар Тоҷикистон беш аз ду ҳазор донишҷӯи туркман таҳсил мекунанд ва 1818 нафари онҳо дар Донишгоҳи омӯзгорӣ ҳастанд.

“Ду далели аслии мақомоти туркман”

Монеагузории Туркманистон барои таҳсили шаҳрвандонаш дар хориҷа дар ҳоле сурат мегирад, ки коршиносон мегӯянд, ин кишвар мехоҳад аз ин роҳ мушкилоти кишварашро пинҳон кунад.

Фаррух Юсуфӣ, мудири бахши туркмании Радиои Озодӣ, гуфт, бо ду далел мақомоти туркман мехоҳанд донишҷӯён аз ин кишвар ба хориҷа нараванд:

“Якум, волидони донишҷӯён барои фарзандонашон бо доллар маблағ мефиристанд. Ин чиз барои ҳукумати Туркманистон, ки дар буҳрони иқтисодӣ аст, нохушоянд аст. Дувум, Туркманистон кишвари пӯшида аст ва онҳо бо ин роҳ талош мекунанд, мушкилотеро, ки дар дохили ин кишвар аст, пинҳон доранд.”

Фаррух Юсуфӣ мегӯяд, эътирофи дипломи танҳо чанд донишгоҳ дар Туркманистон тақдири садҳо донишҷӯи ин кишварро дар Тоҷикистон ба як ҳолати сардаргумӣ меорад.

Дар феҳристи Вазорати маорифи Туркманистон донишгоҳҳои Русия, Чин, Ҳиндустон, Туркия, Қазоқистон, Гурҷистон ва Беларус ҷой гирифтаанд. Ба гуфтаи манобеъ, аз ин ба баъд танҳо ба донишгоҳҳое мешавад, аз Туркманистон маблағ фиристод, ки аз сӯи Вазорати маорифи он кишвар тасдиқ шудаанд.

XS
SM
MD
LG