Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз тасмими барканории раиси FBI ҳимоят кард


Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп аз қарори ахири худ, дар заминаи барканории Ҷеймс Комӣ аз мақоми раҳбари Бюрои федеролии таҳқиқот - FBI пуштибонӣ ва танқидҳоро дар ин робита рад кард. Қарори президент рӯзи 9 май ва як ҳафта баъди он содир шуд, ки Комӣ дар сенат ба суолҳо дар хусуси масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла дахолати Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико посух дода буд.

Як рӯз баъди барканории Комӣ, президент Трамп гуфт, ки "Комӣ боварии ҳамаро дар Вашингтон аз даст дод - ҳам ҷумҳурихоҳон ва ҳам демократҳоро. Вақте ҳама чиз ором бигирад, баъд онҳо ба ман ташаккур хоҳанд гуфт", - навишт Трамп рӯзи 10 май дар саҳифаи худ дар Твиттер ва қавл дод, ки раҳбари нав беҳтар хоҳад буд.

Рӯзи 9 май баъди барканории Комӣ аз мақомаш дар раҳбарии Бюрои федеролии таҳқиқот, Кохи Сафед гуфт, ки президент дар номае ба Ҷеймс Коми навиштааст, ки вай тавоноии раҳбарии муассири FBI-ро надорад ва ин ниҳод ба як раҳбари нав ниёз дорад, то боварии мардум ба онро дубора ба даст биёрад. Дар ин баёнияаш Трамп гуфтааст, ки Комӣ натавонист таҳқиқи рахнашавии имейлҳои номзади демократҳо Ҳиллари Клинтонро, ки соли гузашта рух дод, анҷом диҳад ва барканории ӯ бо тавсияи Ҷефф Сешнс, додситони кулл ва Род Розенстин, муовини додситони кулл Ҷеймс Комиро сурат мегирад. Трамп ба Комӣ дар як нома навишт:

"Ман аз шумо миннатдорам, ки дар се ҳолати мухталиф маро хабардор кардед, ки (аз рӯиииттиҳоми доштани иртибот бо Русия) таҳти бозҷӯӣ нестам, вале бо ин вуҷуд бо қазовати Вазорати адлия розӣ ҳастам, ки шумо тавони раҳбарии FBI-ро надоред". Дар чанд паёме дар ин замина рӯзи 10 май Трамп бо ҳимоят аз тасмимаш навишт, ки Комиро бо нафари беҳтаре иваз мекунад, то ки "ӯ тавонад дубора обрӯи FBI-ро барқарор кнуад".

Қарори барканории Комӣ бисёриҳоро дар Вашингтон дар ҳолати шок қарор дод ва демократро ин қарорро интиқод карданд, ки Кохи Сафед мехоҳад таҳқиқоти FBI-ро дар заминаи мудохилаҳои Русия ба ҳам занад.

Комӣ дар Сенат

Ҷеймс Коми ҳафтаи гузашта дар Кумитаи адлияи Маҷлиси сенати Амрико ба суолҳо дар хусуси масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла дахолати Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико ва масъалаи таҳқиқот аз парвандаи имейлҳои Ҳиллари Клинтон, посух дода буд.

Оқои Коми аз тасмими соли гузаштаи худ барои эъломи анҷоми таҳқиқоти нав аз парвандаи имейлҳои Ҳиллари Клинон, номзади ҳизби демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳури дифоъ кард ва гуфта буд, агар анҷоми ин таҳқиқотро ба иттилои мардум намерасонд, муртакиби "пинҳонкорӣ" мешуд.

Дар ҳамин ҳол, Линдси Граҳам, сенатори ҷумҳурихоҳ аз барканории Ҷеймс Коми истиқбол кардааст. Ин дар ҳоле аст, ки сенаторҳои демократ аз барканории Ҷеймс Коми интиқод карда ва мегӯяд, ки барканории раиси FBI метавонад талоше барои суст кардани раванди таҳқиқот дар бораи мудохилаи эҳтимолии Русия дар интихоботи президентии раёсати ҷумҳурии Амрико дар соли 2016, бошад.

Раҳбари ақалияти демократ дар сенати Амрико Чарлез Шумер мегӯяд, ки президент Доналд Трамп "иштибоҳи бузурге" кардааст. Раиси ҷумҳурихоҳи Кумитаи иттилооти Маҷлиси сенат дар баёнияе гуфтааст, аз барканории Ҷеймс Коми нигарон шудааст.

Ба гузориши CNN, Ҷеймс Коми рӯзи сешанбе барои ширкат дар як семинар дар Калифорния будаааст ва дар ҷои кори худ ҳузур надоштааст. Ҷеймс Коми дар соли 2013 бо 90 раъйи тарафдор ва як райъи мухолиф дар сенати Амрико, ба унвони раиси FBI мавриди таъйид қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG