Манобеи наздик ба ҷараёни тафтиши парвандаи қатли Умаралӣ Қувватов дар Туркия мегӯянд, додгоҳи шаҳри Истамбул рӯзи 2 октябр муҳокимаи ин парвандаро аз сар хоҳад гирифт. Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мухолифи “Гурӯҳи 24” ва аз мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон, ки аз соли 2012 дар хориҷ аз кишвар дар ҳоли фирор ба сар мебурд, шаби 5 март бар асари як сӯиқасди мусаллаҳона дар Истамбул кушта шуд.
Як манбаи огоҳ аз тафтиши парвандаи қатли Қувватов рӯзи 1 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ дар ин парванда дастикам 6 нафар мегузаранд, вале ба додгоҳ танҳо Сулаймон Қаюмов эҳзор хоҳад шуд. Ин сокини 32-солаи ноҳияи Восеи Тоҷикистон ба ҳамдастӣ дар таҳияи сӯиқасд ба ҷони Қувватов айбдор мешавад ва аз моҳи март дар Истамбул дар боздошт қарор дорад.
Додситонии ҷиноятҳои террористӣ ва созмонёфтаи шаҳри Истамбул қаблан гуфта буд, 5 гумонбари дигар дар ин парванда тавонистаанд аз Туркия фирор кунанд ва нақши онҳо дар қатли Қувватов ба сурати алоҳида муҳокима хоҳад шуд.
Манбаи Озодӣ мегӯяд, тафтишот ду гумонбари асосӣ дар қатли Қувватовро мушаххас кардаанд, вале ҳардуи онҳо тавонистаанд баъди қатли ин раҳбари мухолифини тоҷик ба Русия фирор кунанд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, сухан дар бораи нафароне меравад, ки шаби 5 март, ҳангоми берун шудан аз манзили Сулаймон Қаюмов дар маҳаллаи Фотиҳи Истамбул ба Умаралӣ Қувватов тир холӣ кардаанд: “Ҳарду гумонбари асосӣ шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Якеи онҳо Баҳодур ном доштааст. Онҳо ба он айбдор мешаванд, ки аз хеле қабл ба Истамбул омада, тайи чанд моҳ нақшаи сӯиқасд ба Умаралӣ Қувватовро кашидаанд. Бо одамони зиёд равуо доштанд ва ба ин далел, мақомот баъди кушта шудани Қувватов тақрибан 20 нафарро мавриди бозпурсӣ қарор доданд. Чанд нафари онҳо то ҳол ба шарти то анҷоми мурофиа тарк накардани қаламрави Туркия дар озодии шартианд.”
Бино ба иддаои ин манбаъ, мақомоти Туркия ду гумонбари асосӣ дар қатли Қувватовро аз тариқи Интерпол таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додааст, вале ба Радиои Озодӣ пайдо кардани исми онҳо дар рӯйхати афроди таҳти таъқиби Интерпол муяссар нашуд.
Бино ба гузориши нашрияи туркии “Aksam haberlari”, додситонии ҷиноятҳои террористӣ ва созмонёфтаи шаҳри Истамбул, ки таҳқиқи парвандаи қатли Умаралӣ Қувватовро бар ӯҳда дорад, ҳанӯз ду моҳ пеш 6 нафари ҳамдаст дар ин ҷиноятро “гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ” унвон карда, аз додгоҳ барои онҳо вобаста ба нақшашон дар қатли раҳбари “Гурӯҳи 24” аз 1,5 то 4,5 соли зиндон ва барои гумонбарони асосӣ ҳукми зиндони умрбод хоста буд. Аммо то ҳол маълум нест, ки додситонӣ барои кадоме аз гумонбарон ҳабси абад ва барои кадоме аз онҳо ҳукми сабуктар хостааст.
Умаралӣ Қувватови 47-сола шаби 5 март ҳангоми берун рафтан аз меҳмонӣ дар манзили Сулаймон Қаюмов дар маҳаллаи Фотиҳи Истамбул дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона кушта шуд. Ҳамсару ду фарзанд ва ду муҳофизи Қувватов, ки ӯро дар он меҳмонӣ ҳамроҳӣ мекарданд, билофосила ангушти иттиҳом ба сӯи Сулаймон Қаюмов баланд карданд. Онҳо гуфтанд, ки ҳанӯз ҳангоми тановули хӯроки шом вазъашон бад шуда буд ва ба ҳамин далел, аз меҳмонӣ барвақт хестанд. Ташхиси пулис баъдан дар бадани Қувватов осори доруи клозапинро, ки барои табобати беморони гирифтори маризии рӯҳии шизофрения истифода мешавад, маълум кард.
Умаралӣ Қувватов, як соҳибкори дар гузашта муваффақ, ки гуфта мешавад, тиҷорати ширкатҳои бузурги “Тоҷирон” ва “Фароз” дар Тоҷикистонро мечархонд, дар соли 2012 тарки кишвар кард ва дар Маскав “Гурӯҳи 24”, як созмони мухолиф ба ҳукумати Тоҷикистонро таъсис дод. Ӯ ва шарики тиҷориаш Шарофиддин Гадоев, ки низ ҳамроҳи Қувватов аз Тоҷикистон рафт, Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ғасби тиҷораташон айбдор карданд. Вале масъулони кунунии “Фароз” ва “Тоҷирон” иддаои Қувватов ва Гадоев дар бораи дар гузашта ба онҳо тааллуқ доштани ин ширкатҳоро бепоя мехонанд. Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон низ баъди фирори Қувватов ва Гадоев алайҳи онҳо бо иттиҳоми сирқати қариб 6 миллион сомонӣ пули ширкати “Фароз” парвандаи ҷиноӣ боз кард ва ҳардуро аз тариқи Интерпол дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доданд.
Қувватов ду дафъа – соли 2013 дар Дубай – ва моҳи декабри соли 2014 – дар Истамбул ва Гадоев як дафъа – дар тобистони соли 2014 дар Мадрид, пойтахти Испания - бо дастури Интерпол дастгир шуданд, вале дар ҳарсе маврид дархости истирдоди онҳо ба Тоҷикистон рад шуд.
Умаралӣ Қувватов қабла аз кушта шуданаш ҳамроҳ бо ҳамсару 5 фарзанд ва чанде аз ёрони наздикаш дар Истамбул дар интизори баррасии дархости паноҳандагиаш аз сӯи Идораи паноҳандагони СММ ба сар мебурд. Танҳо баъди кушта шудани раҳбари “Гурӯҳи 24” ба зану фарзандони ӯ дар яке аз кишварҳои қораи Амрико мақоми паноҳанда доданд.