Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи сарвазири собиқ бо ҷурми 2,4 миллион $ пора


Russia -- Kazakh Prime Minister Serik Akhmetov at the Council of CIS heads of governments meeting in St. Petersburg, November 20, 2013
Russia -- Kazakh Prime Minister Serik Akhmetov at the Council of CIS heads of governments meeting in St. Petersburg, November 20, 2013

21 мақоми дар гузашта баландпоя, бо шумули сарвазири собиқи Қазоқистон Серик Аҳмадов бо иттиҳоми ришвахорӣ ба додгоҳи шаҳри Қарағанда эҳзор шудаанд.

Додгоҳи Қарағанда баррасии парвандаи пурсарусадои 21 мансабдори дар гузашта баландпоя, бо шумули сарвазири собиқи Қазоқистон Серик Аҳмадовро бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом, ришвахорӣ, дуздии маблағҳои буҷа ва ширкати ғайриқонунӣ дар фаъолиятҳои соҳибкорӣ идома медиҳад. Рӯзи 13 август муттаҳамон гуфтанд, ки бо айбномаи алайҳи онҳо эълоншуда розӣ нестанд.

Серик Аҳмадов, ки дар баробари сӯиистифода аз мақом ба ришвахорӣ ба маблағи бузурги 2,4 миллион доллар айбдор мешавад, рӯзи 13 август бо муроҷиат ба қозии мурофиа Исломхон Есенбоев гуфт, иттиҳомоти дар ду рӯзи гузашта ба зиддаш эълоншударо «бофта ва беасос» мешуморад: «Барои тасдиқи ин иддао ману вакилонам ба додгоҳ далелҳову тавҷеҳҳои собит ироа хоҳем кард.»

Ҳокими собиқи вилояти Қарағанда Баурҷон Абдишев гуфт, як айби асосии алайҳаш эълон шуда – «паст задани обрӯву эътибори ҳукумат дар чашми мардум»-ро қабул надорад: «Барои ман маълум нест, ки «паст задани обрӯву эътибор дар чашми мардум» чӣ маъно дорад? Ман дар ягонҷо чунин истилоҳро вонахӯрдаам.» Ӯ ҳамин тавр гуфт, иттиҳоми дигар – «фоидаҳои аздастдода»-и сохторҳои тиҷоратӣ бояд дар чорчӯби парвандаҳои шаҳрвандӣ баррасӣ шавад, на дар додгоҳи ҷиноӣ.

Баурҷон Абдишев аз моҳи сентябри соли 2014, инак 11 моҳ боз дар боздошт қарор дорад. Аммо барои «босс»-и пешини ӯ - сарвазири собиқ Серик Аҳмадов – то имрӯз танҳо бо ҳукми ҳабси хонагӣ иктифо кардаанд ва рӯзи 13 август низ ӯ бо мошини «ҷип»-и сиёҳ ва дар иҳотаи гурӯҳе аз ҷавонони тануманди зоҳиран муҳофизаш ба додгоҳ омада буд.

Муовини собиқи сардори бахши масоили замини Қарағанда Айдар Телгарин ҳам гуфт, дар ягон ҷинояти фасоде, ки ба ӯ нисбат медиҳанд, даст надорад, балки танҳо вазифаи худро иҷро мекард ва ҳамчун раҳбар қарор қабул мекард.

Аммо раҳбари собиқи ширкати «ҚазАгроФинанс» Гумар Раҳимҷонов ва муовини собиқи мудири кулли «Корпоратсияи саноатии Қазоқистон» («Казахстанская промышленная корпорация») Алҷон Акмолдаев дар додгоҳ гуфтанд, ки иттиҳомоти эълоншударо ба гардан мегиранд.

Қарор аст, дар ҷараёни ин додгоҳи пурсарусадо, ки рӯзи 27 июл дар шаҳри Қарағанда оғоз ёфт, ҳудуди 300 шоҳид пурсида шаванд. Дар миёни 21 нафаре, ки дар чорчӯби ин парванда ба масъулият кашонда шудаанд, дар баробари Серик Аҳмадов ва Баурҷон Абдишев, чандин мақоми дигари баландпояи акимат (ҳукумат)-и шаҳру вилояти Қарағанда ва раҳбарони чанд ширкати хусусӣ ҳастанд.

Аммо чеҳраи калидии ин парванда, албатта, Серик Аҳмадов, ҳокими собиқи вилояти Қарағанда, сарвазири собиқ ва вазири дифои собиқи Қазоқистон дониста мешавад. Тафтишот мегӯяд, Аҳмадов «барои мусоидат ба порадиҳанда бар зиёни манфиатҳои давлат» ба маблағи 2,4 миллион доллар пора гирифтааст. Аҳмадов аз ноябри соли 2014 дар шаҳри Қарағанда дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.

Серик Аҳмадов 57 сол дошта, солҳои 2009-2012 ҳокими вилояти Қарағанда ва аз сентябри соли 2012 то апрели 2014 сарвазири Қазоқистон буд. Баъди истеъфо аз раҳбарии кобина Аҳмадов вазири дифои Қазоқистон таъин шуд ва то 22 октябри соли 2014 дар ин мақом кор кард. Рӯзи 19 ноябри соли 2014 додгоҳи ноҳияи Қозибек-бийи шаҳри Қарағанда ҳукми ҳабси хонагии Серик Аҳмадов бар асоси моддаи 176-уми Кодекси ҷиноии Қазоқистон (аз худ кардан ваё исрофи моликияти ғайр)-ро содир кард.

XS
SM
MD
LG