Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз нахуствазирӣ рафту раиси дастгоҳи президент шуд


Карим Масимов
Карим Масимов

Карим Масимов, нахуствазири Қазоқистон, аз мақомаш барканор ва раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ таъйин шудааст.

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, нахуствазири ин кишвар -- Карим Масимовро аз мақомаш барканор ва раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ таъйин кардааст.

Таҳлилгарони қазоқ мегӯянд, сатҳи ин мақом аз нахуствазирӣ "як гардан" болост ва ҳоло Масимов ба Назарбоев боз ҳам наздиктар шудааст. Худи Масимов дар саҳфаи Твиттераш навиштааст, "ба роҳбари давлат номаи истефъо навиштам. Ӯ ҳам қабул кард."

Овозаи барканории Масимов аз мақоми нахуствазирӣ ҳафтаи гузашта аз забони Ёрмуҳаммад Ертисбоев, ёвари раисиҷумҳури Қазоқистон, садо дода буд. Карим Масимов аз ҷумлаи "дарозумртарин" нахуствазири Қазоқистон унвон мешавад, ки бештар аз панҷ сол ин мақомро соҳибӣ кардааст. Вай ба ин вазифа моҳи январи соли 2007-ум омада буд.

Аз ин пеш, солҳои 2001-2003-юм Масимов ба унвони муовини нахуствазири Қазоқистон, баъдан ҳамчун ёвари Назарбоев ва сипас дар соли 2006-ум дубора муовини нахуствазир таъйин шудааст.
Вай то расидан ба ин зинаҳо, дар вазоифи гуногун, аз ҷумла раиси Бонки халқии Қазоқистон, вазири нақлиёт ва иртиботот, вазири иқтисод ва тарҳрезии буҷа низ кор кардааст.

Ӯ аз одамони наздик ба хонаводаи президент Назарбоев дониста мешавад.

Дар ҳамин ҳол, вакилони порлумони Қазоқистон номзадии Серик Аҳмадовро ба мақоми нахуствазир пазируфтанд ва қарори таъйини ӯ ба ин мақом низ билофосила аз тарафи раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев имзо шуд. Чанд соат пештар аз ин, раисиҷумҳури Қазоқистон дар идомаи тағйироти кадрӣ дар ҳукумат, Серик Аҳмадов, муовини аввали нахуствазирро, ба мақоми нахуствазир пешниҳод кардааст. Дар ин бора Нурлан Негматуллин, раиси порлумони Қазоқистон аз тариқи торнамои Твиттер хабар дод. Серик Аҳмадови 54-сола, ки моҳи январ муовини аввали нахуствазир шуд, муҳандис аст ва дар гузашта дар мақомҳои раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳур ва вазири нақлиёту мухобирот кор кардааст.
XS
SM
MD
LG