Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи 7 гумонбар ба узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар додгоҳи маркази вилояти Суғд баррасии парвандаи 7 нафар бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи Ҳизб-ут-таҳрир шурӯъ шудааст.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба муҳокимаи парвандаи як гурӯҳи 7-нафарии гумонбар ба фаъолият дар Ҳизб-ут-таҳрир шурӯъ кардааст. Барои бори аввал як сокини шаҳри Қайроққум низ барои узвият дар ин ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ айбдор мешавад.

Ба гуфтаи манобеъ аз додгоҳ, ин 7 нафар ҷавонони ҳудудан 20-30 сола буда, сокинони шаҳри Чкалов ва танҳо яке иқоматкунандаи шаҳри Қайроққум аст. Онҳо умдтан дар муҳоҷирати кории Русия дар солҳои охир ба Ҳизб-ут-таҳрир шомил шудаанд. Ба гуфтаи афроди наздик ба тафтиши ин парванда, фаъолони ин гурӯҳи 7-нафарӣ аз рӯи адабиёти Ҳизб-ут-таҳрир ба шарикони худ дарс дода, онҳоро бо ақида ва таълимоти ин созмони пинҳонкор шинос, сипас онҳоро ба сафи он ҷалб намудаанд.

Мақомоти тафтишотӣ Шомид Умаров, сокини 30-солаи шаҳри Чкаловро сардори ин гурӯҳ меноманд ва мегӯянд, ки вай ба аъзои гурӯҳ таълим медод.

Ин гурӯҳи 7-нафариро моҳи ноябри соли гузаштаи 2015 кормандони кумитаи амнияти Суғд ошкор ва боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, мақомот иртиботи кадоме аз ин афрод бо як хеши бо ҷурми фаъолият дар ин ҳизби пинҳонкор зиндонишудаашро ошкор намуда, ӯву шариконашро боздошт намудаанд.

Тафтиши аввалияро мақомоти кумитаи амният анҷом дода, 7 нафарро мутобиқи банди 307 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “иштирок дар фаъолияти ташкилоти диние, ки фаъолияти он бо қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи додгоҳ манъ шудааст, айбдор донистааст. Ин банд ба гунаҳкор ҷазоҳои ҷарима ба андозаи аз як то ду ҳазор нишондиҳандаи ҳадди ақал ё маҳрум намудан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 5 солро пешбинӣ мекунад.

Таҳмина Раҳимова, вакили дифоъ, ҳимояти ду нафар аз гурӯҳ: Фахридин Маҳмудов ва Анвар Убайдуллоевро бар дӯш дорад. Вай мегӯяд, Фахридин 20 сол вп Анвар 29 сол дошта, ҳар ду аввалҳои соли гузашта дар муҳоҷирати кории Русия бо ташвиқи сардори гурӯҳ ба Ҳизб-ут-таҳрир дохил шудаанд. Ӯ афзуд: “Онҳо дар ҷараёни тафтиши парванда шомил шуданашон ба Ҳизб-ут-таҳрирро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ки мақсадашон фақат даъвати сокинон ба Ислом ва риояти фармудаҳои дин буд, вале касеро ба анҷом додани корҳои бад ташвиқ накардаанд. Анвар Убайдуллоев дар ин ташкилот ҳеҷ фаъолият набурдааст. Фахридин Маҳмудов ба аъзои гурӯҳ дарси динӣ медодааст. Вай дар ҷараёни тафтиш гуфт, ки аз мақсади ниҳоии Ҳизб - ут - таҳрир, яъне барпо кардани хилофати исломӣ аслан маълумоте надорад.”

Ба гуфтаи Таҳмина Раҳимова, зерҳимояҳояш дар ватан ҷои кор надоштанд ва ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мерафтанд. Ӯ мегӯяд, надоштани маълумоти кофӣ аз Ислом онҳоро ба сӯи Ҳизб-ут-таҳрир бурдааст ва даъвати раҳбари гурӯҳро пазируфта, ба ин ҳизби фаъолиятш манъгашта дар Тоҷикистон дохил шудаанд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2001 Ҳизб-ут-таҳрирро созмони “экстремистӣ” эълон намуда, фаъолияташро дар қаламрави кишвар манъ кард. Аз он замон то ба ҳол мақомот аъзои ин созмонро, ки умдатан дар манотиқи марказии Суғд фаъолияти густардае доштанд, боздошт намуда, ба зиндон меандозанд.

Дар соли гузаштаи 2015 додгоҳи Хуҷанд ҳудуди 20 сокини вилояти Суғдро бо ҷурми мансубият ба “Ҳизб-ут-таҳрир” ба муҳлатҳои аз 3 то 13 сол равонаи зиндон кард. 5 нафари онҳо дар солҳои 2001 - 2002 низ ба ҷурми узвият дар ин созмони мамнӯи динӣ зиндонӣ шуда, якеи дигар шаш сол пеш ба озодӣ баромада буд.

XS
SM
MD
LG