Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон: ЮНЕСКО бояд "Манори Ҷом"-ро аз хатари вайронӣ наҷот диҳад


Ҳукумати Толибон аз созмони илмӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии СММ (ЮНЕСКО) хост, ки "Манори Ҷом" дар вилояти Ғурро аз хатари вайронӣ наҷот диҳад.

Атиқуллоҳ Азизӣ, муовини вазири фарҳанги ҳукумати Толибон ҳангоми боздид аз "Манори Ҷом" дар ноҳияи Шаҳраки вилояти Ғур изҳор доштааст, ки селобҳои ахир ба ин манор осеби ҷиддӣ расонидааст ва агар селоби дигаре рух диҳад ё ҳодисаи табиии дигаре пеш ояд, эҳтимол дорад, ки манор ба таври комил вайрон шавад.

Ин масъули ҳукумати Толибон ҳамчунин таъкид кардааст, ки нигаҳдории "Манори Ҷом" ба ӯҳдаи ЮНЕСКО аст ва аз ин ниҳоди илмӣ ва фарҳангии СММ хостааст, ки пеши вайроншавии ин осори таърихиро бигирад.

"Манори Ҷом" соли 2022 аз сӯи ЮНЕСКО дар феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонӣ сабт шуд. Ин манор 65 метр баланд дорад ва пас аз "Манори Қутб" дар Деҳлии Ҳиндустон, дувумин манори баланди хиштӣ дар ҷаҳон аст.

Ин манор дар замони салтанати Султон Ғиёсиддини Ғӯрӣ сохта шудааст.

XS
SM
MD
LG