Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БАТР дар ивази ёрӣ ба "Тоҷиксодиротбонк" ислоҳот хост


Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мегӯяд, ки "Тоҷиксодиротбонк" барои нигоҳ доштани бақояш ба пул ниёз дорад. Аммо БАТР мегӯяд, танҳо дар сурати ислоҳот ба ин бонк кумак хоҳад кард.

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мегӯяд, ки "Тоҷиксодиротбонк" дар ҳоли ҳозир барои тақвияти сармояҳояш ва ё ба ибораи дигар "барои нигоҳ доштани бақояш" ба пул ниёз дорад.

Георгий Орлов, роҳбари БАТР доир ба институтҳои молиявии Русия, Осиёи Миёна ва Муғулистон, рӯзи 29 март дар як посухи катбӣ ба саволҳои Озодӣ гуфтааст, "Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди таҷдид ва тақвияти "Тоҷиксодиротбонк" назари худро дорад ва мо аз он истиқбол мекунем." Орлов мегӯяд, зимни сафари охир ва мулоқот бо масъулони Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин, роҳҳои дигари кумак ба ин бонк баррасӣ шудааст.

Дар посух ба суоли Озодӣ, ки оё БАТР барои наҷоти "Тоҷиксодиротбонк" ба он кумак хоҳад кард ё не? гуфтааст: "Мо барои ҳамкорӣ бо ин бонк омода ҳастем". Аммо Георгий Орлов мегуяд, БАТР дар сурате ба "Тоҷиксодиротбонк" ёрӣ хоҳад кард, ки агар дар ин бонк ислоҳот сурат бигирад. Орлов афзудааст, "ҳар чӣ зудтар ин ислоҳот сурат бигирад, ҳамон андоза БАТР имкон пайдо хоҳад кард, ки зудтар ёриашро ироа бикунад."

"Тоҷиксодиротбонк" тайи чор моҳи охир дучори мушкили молӣ шуда, ҳатто имкони пардохти музди меҳнати кормандони аксар корхонаҳоро, ки тавассути ин бонк дастрас мешуданд, надорад. Дар паси бинои марказии ин бонк ҳамарӯза амонатгузорон ҷиҳати бозпас гирфитани сармояҳои худ низ дар навбат меистанд.

Ахиран хабаргузории "Тоҷнюс" ҳам бо такя ба манобеи худ навишт, ки се бонки Русия - "Новикомбанк", "Транскапиталбанк" ва "Промсвязбанк" аз "Тоҷиксодиротбонк" ба Бонки миллии Тоҷикистон шикоят бурдаанд. Чунки "Тоҷиксодиротбонк" чанд муддат боз қарзи ин се бонкро, ки қариб ба 15 миллион доллар мерасидааст, пардохт карда наметавонанд.

“Тоҷиксодиротбонк” яке аз чор бонки бузурги Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки ҷамъи сармояҳояш ба беш аз 5 миллиарду 57 миллион доллар мерасад. Бинобар иттилои масъулонаш “Тоҷиксодиротбонк”, аз 21 то 27 дарсади бозори бонкии кишварро зери даст дошта, беш аз 3 ҳазору 300 коргар дорад.

Аммо пас аз таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар ин бонк пардохтпазириашро аз даст дод ва шумораи муштариёнаш дар паси бинои асоси бонк, ки барои гирифтани пасандозҳо ва ё маошашон омада буданд, рӯз ба рӯ меафзуд. Аввали моҳи март лимити гирифтани пулро аз бонкоматҳо дар як рӯз “Тоҷиксодиротбонк” то 200 сомонӣ поин бурд. Аммо баъд бонк эълон кард, ки аз 10 то 25­ март аз як низоми пардохт ба дигар мегурзарад ва пул гирифтан аз қартаҳои бонкиаш имконнопазир хоҳад буд.

​Тоҷиддин Пирзода, роҳбари ин бонк дар яке аз сӯҳбатҳояш бо оҷонси давлатии хабарӣ муфлисшавии онро "овозаи бардурӯғи як гурӯҳи манфиатдор хонд."

Моликони аслии Тоҷиксодиротбонк чор ширкат ҶСК “Евразия”, “Мелодиён “ ва “Эҳсон” мебошанд, ки аввали беш аз 58 дарсади саҳмияҳои бонк ва дуи дигар дар алоҳидагӣ 11 фоизи саҳмияҳои бонкро дар ихтиёр доранд. Моликони ширкати “Евразия” бошад, Тоҷиддин Пирзода ва шахсе бо номи Забҳулло Нурруллоев ҳастанд

XS
SM
MD
LG