Ҳайатҳои ду кишвар дар ин бора рӯзи 4-уми декабр, пас аз нишасти кумисюнҳои байниҳукуматӣ дар Бодканд хабар доданд.
Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳамтои ӯ аз Қирғизистон, Қамчибек Тошиев, дар паёми кӯтоҳ гуфтанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд ва акнун он дар як созишномаи байнидавлатӣ барои имзо ба президентҳои ду кишвар пешниҳод хоҳад гашт.
Ятимов дар назди хабарнигорон гуфт, дар масъалаи делимитатсияи сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфтушуниди фарогире баргузор гашт.
"Ба зеркомиссияҳои масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ супоришҳои дахлдор дода шуданд, ки ин масъаларо то охир кор карда, ба поён расонанд. Дар давоми кор навбат ба масъалаи созмондиҳии ҳуқуқӣ мерасад ва мо тадриҷан ба созишномаи байнидавлатии таъйини сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ноил мешавем," -- афзуд ӯ.
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ин лаҳзаро таърихӣ номид.
Вай гуфт, "дар ин ҷаласа масъалаҳои вобаста ба марз ҳаллу фасл ва тамоми тӯли сарҳад мувофиқа карда шуд. Ман бо тамоми масъулият гуфта метавонам, ки ин лаҳзаи таърихӣ аст. Қадами боқимонда таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, қабули он аз тарафи порлумон ва имзои сарварони давлатҳост. Фикр мекунам, дар чанд моҳи наздик марзи давлатии худро ниҳоӣ хоҳем кард."
Тарафҳо дар бораи он ки хати нави марз кадом қаламравҳоро ба кадом кишвар вогузор мекунад, ҷузъиёте надоданд.
Ҳамаи давраҳои гуфтушуниди топографҳо ва ҳайатҳои давлатӣ паси дарҳои баста ҷараён гирифта, ҳеч гуна тафсилоте дар бораи минтақаҳои баҳснок расонаӣ нашудааст.
Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шуд ва аз ҳарду тараф даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.