Кумитаи андози Тоҷикистон аз ширкати «Созидание» тақозо кардааст, ки 322 миллион сомонӣ қарзи ҷамъшудаи андозашро ба будҷаи давлат супорад, вагарна кумита барои маҷбуран ситонидани андоз чора хоҳад андешид. Кумитаи андоз ин тақозояш аз ин ширкати русиро дар сомонааш дар пайи рад шудани шикояти ширкати «Созидание» аз сӯи додгоҳи иқтисодӣ нашр кардааст.
«Созидание» як ширкати наздик ба Олег Дерипаска, миллиардери ба Кремл хеле наздик дониста мешавад. Ин ширкат ба ҷуз аз меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe, як маркази тиҷории дараҷаи «А» низ дорад ва дар он намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ - IFC ва Бонки ҷаҳонӣ мустақар шудаанд.
Мушкилоти ширкати «Созидание» бо ниҳодҳои андози Тоҷикистон замоне сар зад, ки ширкати дигари Олег Дерипаска - «РусАл» дар додгоҳи ҳакамии Швейтсария бар коршарики корхонаи аллюминюм «Талко» - «СDH Investment” - ғолиб омада, онро ба пардохти 274 миллион доллар қарзу ҷарима муваззаф кард.
Бархе аз коршиносон такя ба ин пирӯзии «РусАл» ба коршарики «Талко» ҳадс мезананд, пайдо шудани мушкил дар пешбурди бизнеси Олег Дерипаска дар Тоҷикистон ба кашмакашҳои додгоҳии ширкати «Русал»-и ӯ бо корхонаи тавлиди алюминюми Тоҷикистон «Талко» бастагӣ дорад.
Кумитаи андози Тоҷикистон дар пайи як санҷиш дар ширкати «Созидание» беш аз 177 миллион сомонӣ андози пардохтношуда кашф карда буд. Бино ба навиштаи Кумитаи андоз, молики аввалии “Созидание” ширкати WTT Hotels one Limited-и Кипр буд, ки 100 дарсади саҳмияҳоро дар ихтиёр дошт. Аммо 11 августи соли 2008 ин ширкат саҳмияҳояшро ба ширкати “SUNLINK LIMITED-и Ҷумҳурии Кипр фурӯхта, аз ин амалиёт андоз аз даромадро ҳисоб ва пардохт накардааст.
Бо назардошти ҷаримаҳо Кумитаи андоз ширкати «Созидание»-ро ба беш аз 322 миллион сомонӣ ва ё 65 миллион доллар андозҳои пардохтношуда муваззаф кард. Ширкати «Созидание» ба навбати худ ба додгоҳи иқтисодии Душанбе шикоят бурда, аз додгоҳ хост, ки ин амри Кумитаи андозро бекор кунад. Аммо бино бар изҳороте, ки сомонаи Кумитаи андоз тоза рӯзи 4 июл нашр кард, додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ҳанӯз рӯзи 29 май шикояти ширкати «Созидание»-ро беасос хонда, баҳсро боз ҳам ба фоидаи кумитаи андоз ҳал кардааст.
Тавре Кумитаи андоз шарҳ додааст, дар ин мурофиаи додгоҳӣ ҳатто намояндагони сафоратҳои Амрикову Русия ва ҳам намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ширкат доштанд. Ба таъкиди ин ниҳод, масъулони ширкати «Созидание» дар мурофеаии додгоҳӣ «мавқеи худро тибқи қонунгузорӣ бо далелҳо асоснок карда натавонистанд».
Ҷониби ширкат то ҳол назараш ба ҳукми додгоҳро баён накардааст. Вале ба навиштаи оҷонсии хабарии «Азия плюс», масъулони ширкати «Созидание» ба унвони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон номае навишта, аз ӯ хостаанд, ки ба қазия расидагӣ кунад.
Ин барои бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон бо сармоядорони қудратманди хориҷӣ дастбагиребон мешавад ва ба бастани ҷаримаҳои ҳангуфт ва ё дубора давлатӣ кардани корхонаҳову ширкатҳои марбут ба миллиардерони «бегона» иқдом мекунад. кияти сармоядорони хориҷӣ онҳоро аз кишвар меронанд. Рӯзи 23 июн додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон бар асоси даъвои Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон шартномаи хариду фурӯши корхонаи «Тоҷиказот»-ро бекор карда, ин корхонаи марбут ба миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташро моли давлат эълон кард. Дар моҳи апрел корхонаи дӯзандагии «Гулистон» дар маркази Душанбе, ки низ ба Фирташ рабт дода мешавад, низ давлатӣ карда шуд.