Баъзе сокинони Тоҷикистон аз иншооту биноҳои боҳашамате, ки дар рӯзҳои ҷашни истиқлол мавриди истифода қарор гирифтанд, нороҳат буда ва мегӯянд, хуб мебуд, агар ҳукумат ба мардум ҷои кори бештар ташкил мекард, то шумори мардикорон коҳиш меёфт.
Азим, як сокини Душанбе, ки бо мо дар назди меҳмонхонаи ҷадиди "Душанбе-Серена", мансуб ба Бунёди Оғохон ҳамсӯҳбат шуд, мегӯяд, аз афзоиши ҳамчунин иншооте, ки суде ба мардум надоранд, чандон хушҳол нест: "Ҳамин ҷо чӣ фабрика буд? Пойафзол! Ман ин меҳмонхонаро чӣ кор кунам? Фабрика мебуд, ду туфлии арзонтар барои фарзандонам мехаридам. Агар кор мекард. Чӣ фоида дорад, чӣ фоида? Ман дар Тоҷикистон еврову доллар кор накунам, ки ин ҷо ояму хоб кунам."
Аммо "Душанбе-Серена", ки бо ҳудуди 40 миллион доллари Бунёди Оғохон бунёд мешавад, танҳо тарҳе нест, ки мардуми оддӣ ба манфиаташ шубҳа дошта бошанд. Дар гузашта меҳмонхонаи панҷситорадори "Ҳайат Реҷенси" ва як маркази тиҷоратии дигаре таҳти унвони "Бизнес-центр" аз сӯи ширкати "Созидание" низ фаъол шуда буд. Ба қавли яке аз масъулини ширкат, меҳмонхона на ҳамеша меҳмони кофӣ дорад, зеро қимати утоқҳояш аз 250 доллари амрикоӣ поён нестанд ва ҳам бинои маркази тиҷоратӣ ҳанӯз мизоҷони иҷоракори худро пайдо накардааст.
"Душанбе-плаза" як тарҳи дигар аз 1412 тарҳи ҷашнӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба истиқболи 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон барои истифода дода шуданд ва аз ин шумора 368 иншоот бо маболиғи буҷа бунёд мешаванд. "Душанбе-Плаза", баландтарин маркази тиҷоратии Тоҷикистон, ки бо маблағгузории ҳукумати шаҳри Душанбе сохта, шахсан аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст, аз 20 ошёна иборат аст.
ЗАЙД САИДОВ, сарвари ширкати "Тоҷсохтмон", иҷрогари ин тарҳ мегӯяд, марокизи тиҷоратӣ дар Душанбе зиёновар нестанд: "Душанбе-плаза" боздеҳи хеле хуб дорад. Аллакай як ширкати итолиёвӣ омода аст, ки панҷ ошёнаашро ба иҷора бигирад. Агар аз он одилона ба нафъи миллату давлат истифода шавад, чизест, ки боздеҳи хуб дорад. Аммо ин як гӯшае буд, ки чизе набуд, чизе ҳам рӯёнда намешуд. Дигар ин ки аз ҳар як метри квадратии он андоз барои амвол мегиранд. Он фаъол аст, нест, аҳамият надорад. Андоз мегиранд ва шояд то 1 миллион сомонӣ расад. Боз чӣ қадар одам бо кор таъмин мешавад, ки хеле муфид аст."
Ба қавли ҷаноби Саидов, барои сохтмони "Душанбе-плаза" ҳукумати шаҳри Душанбе то ба ҳол 36 миллион доллар ихтисос дода, боз 4 миллиони дигар барои ниҳоӣ шуданаш хоҳад пардохт, аммо дар асл қимати тарҳ ба 50 миллион ва бо зиёни ширкати иҷрогар тамом мешавад.
Коршиносон мегӯянд, ҳар қадар ҳукумат барои иншооти тиҷоратӣ харҷ накунад, кори беҳуда намекунад, аммо хароҷот барои консертҳову дигар иншооти намоишӣ, аз ҷумла милаи 165 ба 60 метраи байрақ ва нишони миллӣ воқеан барои кишваре ба монанди Тоҷикистон барвақтӣ ҳастанд. Аз ҷумла, сохтмони Китобхонаи миллии Тоҷикистон мисол оварда мешавад, ки ба 40 миллион доллар тамом мешавад, аммо то куҷо толорҳои онро аз хонандагон пур мешавад, воқеиятест, ки аксариятро ба шубҳа андохтааст.
ДАВЛАТМУРОД ҶУМЪАЕВ, коршинос дар умури иқтисодӣ мегӯяд, солҳои ахир як гуна ҳашаматманишӣ дар Тоҷикистон ба назар мерасад, ки дар бунёди иншооти намоишӣ ва хароҷоти беҳуда барои тарҳҳои бидуни мутолиа анҷомгирифта инъикос меёбанд: "Мумкин аст, ки 20-солагии истиқлолият ва як ёдгорӣ шавад ва ҳам халқ бинад, ки мо қудратманд шудаву чунин чизҳои боҳашаматро метавонем созем, гуфта фикр кунанд. Аммо ин ҳама муассир нест. Дар ҳамин марказҳои тиҷоративу китобхонаву мактабу корпусҳои тиббие, ки месозанд, ҳеҷ гоҳ муассир буда наметавонанд. Интизороти мо ин аст, ки ба ҳалли мушкилот барномавӣ муносибат кунанд ва мардум ҳам тавонад қути лоямути худро пайдо кунад."
Ҷумъаев мегӯяд, хароҷоти тарҳҳои сохтмонӣ қаблан ба буҷаи кишвар ворид карда мешаванд, аммо онҳоро кӣ омода мекунад ва ба кадом хотир эҳтиёҷоти воқеии кишвар ба назар гирифта намешаванд.
Аммо иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, муҳимтар дар ин амр то куҷо дуруст истифода шудани маболиғи буҷа аст, зеро байид нест, ки ҳарфи фасод низ ин ҷо матраҳ бошад.
Интизороти мо ин аст, ки ба ҳалли мушкилот барномавӣ муносибат кунанд ва мардум ҳам тавонад қути лоямути худро пайдо кунад...