Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар талоши нерӯи барқи офтобӣ


Барномаи миллии Темпус дар Тоҷикистон: аз навсозиву ислоҳоти мактабҳои олӣ то рушди фанновариҳову технологияҳои навин

Ҳомид Холов донишҷӯи соли панҷуми факултаи соҳибкории муҳандисӣ ва менеҷменти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аст. Вай мехоҳад баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси иқтисодчӣ-энергетик дар риштаи иқтисод ва идоракунии манбаъҳои барқароршавандаи энержӣ кор кунад. Ҳоло ӯ дар баробари дарсҳо дар лабораторияи энергияи софи маркази фанновариҳои инноватсионии донишгоҳаш кору таҳқиқот мебарад.

“Дар Тоҷикистон рӯзҳои офтобӣ нисфи солро ташкил медиҳанд. Нирӯи офтобӣ хеле зиёд аст. Аз сабаби ин ки нирӯи барқ кифоят намекунаду маҳалҳои зиёд бидуни қувваи барқ мемонад, мо метавонем бисёр масъалаҳоро тавассути батареяҳои офтобӣ ҳал кунем. Ҳатто дар шароити набуди нирӯи барқ мо онҳоро метавонем дар хонаҳо насб карда истифода барем”.

Ҳомид гуфт, ки лабораторияи онҳо аз оғози таъсисшавиаш пурра тавассути батареяҳои офтобӣ кор карда, дар мавсими начандон сард ҳатто оби гармро ҳам таъмин мекунад. Вай орзу дорад, ки дар оянда қисмати зиёди системаи энергетикии кишвар ба нирӯи офтобӣ гузашта аҳолиро бо захираҳои зарурии барқ таъмин кунад. Вай мегӯяд, харҷи батареяҳои офтобӣ танҳо дар аввал хеле гарон аст:

“Албатта, дар аввал қиматтар мешавад. Вале ҳангоме ки пули худро баровард, кори шумо фақат аз нигоҳ доштани аккумулятори он иборат мешавад, вале дар асл он ҳам қариб бепул мешавад. Яъне, ба дӯши шумо хароҷоти табдили кислота ё туршии он мемонад, ки он хеле ночиз аст”.

Ҳомид Холови 21-сола аз он истеъдодҳои ҷавонест, ки мехоҳад Тоҷикистони худро то ба истиқлолияти энержӣ бирасонад. Ӯ яке аз ширкатдорони барномаи Темпус, як тарҳи Иттиҳоди Аврупо аст, ки кори лабораторияи энергияи софи донишгоҳи техникиро маблағгузорӣ мекунад. Муассисони он мегӯянд, ин озмоишгоҳ дар қаламрави Осиёи Марказӣ бесобиқа буда, дар ҳамкорӣ бо мактаби олии техникии Ҳамбург ва донишгоҳи технологии Афина бунёд ва тамоми дастгоҳҳо аз Олмон оварда шудааст. Профессор Алфия Аҳророва, раҳбари ин маркази технологияи инноватсионии донишгоҳи техникӣ мегӯяд, ки ҷавонҳои боистеъдоди онҳо ба Олмону Юнон барои идомаи омӯзишу таҳқиқот ва ҳам ҳимояи рисолаҳои илмии худ сафар мекунанд. Вай аз миёни даҳҳо кори илмии донишмандони ҷавон ба аҳамияти чандтои он таъкид кард:

“Истифодаи энержии офтоб, истифодаи технологияи муассири энергетикӣ дар ҳангоми сохтмони муассисаҳои маишиву маъмурӣ, ки барои ҷумҳурӣ хеле зарур аст. Дигар кори ҷолиби таҳқиқотӣ, ки барои ширкати энержии Тоҷикистон хеле муҳим аст, ин коҳиши талафоти нирӯи барқ мебошад. Умедворем, ки баъди такмили донишашон дар хориҷа ин ҷавонҳо дар кишвари худ кор меоянд, чунки масъалаи нирӯи барқароршавандаи энержӣ аз бахшҳои ҷиддии сиёсати милии энержии Тоҷикистон аст”.


Профессор Аҳророва таъкид кард, ки ҳоло бозори энержии барқароршаванда дар Тоҷикистон дар ҳоли ташаккул ёфтан аст ва ҷавонҳое, ки баъди ҳимояи рисолаи илмиашон дар Аврупо гашта меоянд, барои рушди ин соҳа саҳмгузор шуда, инчунин дар самти ҷилавгирӣ аз вуруди батареяҳои пастсифати офтобӣ ба кишвар ва тарбияи насли нави мутахассисон кор хоҳанд кард. Дар баробари ин, ӯ ба зарурати тарбияи мутахассисони банақшагирии истифодаи муассири энержӣ дар риштаи сохтмон таъкид кард, ки аз назари сарфаи нирӯи барқ барои ояндаи Тоҷикистон хеле зарур хоҳанд буд.

Амалишавии ҳамаи ин идеяҳо тавассути барномаи Иттиҳоди Аврупо мавсум ба “Темпус” даст додааст, ки инак панҷ сол аст дар Тоҷикистон фаъолият мебарад. Ин барнома навсозиву ислоҳоти низоми таълимро дар мактабҳои олӣ ҳам аз ҷиҳати илмиву сиёсати барномаҳои таълимӣ ва ҳам аз лиҳози молӣ, яъне ба низоми қарзӣ гузаронидани донишгоҳҳо дар назар мегирад. То имрӯз бо ин ҳадаф тавассути ин барнома ба донишгоҳҳои Тоҷикистон наздики 3,600 миллион евро ихтисос дода шудааст. Ва ахиран барои роҳандозӣ шудани се тарҳи нав аз рӯи барномаи “Темпус” Иттиҳоди Аврупо боз беш аз ду миллиону сесад ҳазор евро ихтисос дод. Заррина Нуриддинова, ҳамоҳангсози барномаҳои миллии Темпус дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт:

“Амалишавии ҳамаи ин тарҳҳои нав аз соли нав шурӯъ шуда, се солро дар бар хоҳад гирифт. Тарҳи аввалӣ марбут ба такмили донишу ихтисос дар заминаи идораи захираҳои об, дигарӣ марбут ба омодагии касбии омӯзгорон аз рӯи технологияҳои кредитӣ ё қарзӣ ва тарҳи сеюм ташаббуси мактабҳои олӣ дар заминаи иттилоот дар Осиёи Марказиро дар назар мегирад. Ин маблағ барои 9 донишгоҳи Тоҷикистон ҷудо шудааст.”

Дар миёни мактабҳои олие, ки тарҳҳои мазкурро роҳандозӣ мекунанд, исми донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, донишгоҳҳои миллии Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Кӯлоб, Хоруғ ва дигар мактабҳои олӣ ва дигарҳо бурда мешавад. Иттиҳоди Аврупо умед дорад, ки тавассути чунин барномаҳои вижаи пуштибонӣ аз донишгоҳҳову мутахассисони ҷавон метавонад барои рушди риштаи маориф ва инчунин иқтисоди Тоҷикистон дар дарозмуддат мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG