Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби кобинаи Э.Раҳмон: Овоздиҳӣ якдилона набуд


Ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон дар як ҷаласаи муштараки ғайринавбатӣ кобинаи нави президент Раҳмонро тасдиқ кард.

Ҷаласаи рӯзи душанбеи 16 уми декабр бидуни баҳсу баррасии ҷиддии номзадҳо сӯрат ва аксари намояндагони мардумӣ номзадҳои навро пазируфтанд.

Ба чолиш кашидани номзадҳои президент дар ҷаласаҳои парлумони Тоҷикистон амали роиҷ нест ва намояндагони мардумӣ маъмулан ба ин пешниҳодот бидeни баҳс ва якдилона овоз медиҳанд. Аммо ин дафъа барои аввалин баъзе аз вазирони нав аз сӯи вакилон то 10 овози зид гирифтанд. Бо онки ин 10 овоз ҳеҷ қарореро дигар накард аммо аломате буд, ки баъзе намояндагони мардумё мавқеъгирӣ кардаанд

Шодӣ Шабдолов
Шодӣ Шабдолов
Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси намояндагон ва роҳбари ҳизби коммунист, тасдиқи бидуни баҳси ҳамаи фармонҳои президентро паёмади он донист, ки дар парлумон, ғайр ду ва ё се намояндаи ангуштшумори чанд ҳизби дигар ҳамагӣ аъзои ҳизби ҳокиманд ва ҳукумат ҳам бар пояи як ҳизб ташкил шудааст.

Ҷаноби Шабдолов гуфт, «аъзои нави ҳукумат ҳамааш аз як ҳизбанд. Президент то ҳадде расонд, ки низоми яккаҳизбӣ истад. Ин оқибати хуб надорад. Барои ба вазифае мондани аъзои ҳукумат моро намепурсанд, бо кӣ баҳс мекунем?»

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00
Линки мустақим


Дар ҷаласаи якҷояи ҳарду палатаи порлумон, ки рӯзи душанбеи 16-уми декабр шурӯъ шуд 31 вакили Маҷлиси миллӣ ва 59 вакили Маҷлиси намояндагон ширкат карданд, ки 80 дарсади онҳо ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Вале Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди он,ки дар таърихи парлумон боре ҳам ягон вазир аз сӯи парлумон радди салоҳият нашудааст, аммо ба ҳар ҳол ин дафъа бархе аз вакилон мавқеъи худро рӯшан карданд.


Ҷаноби Кабирӣ афзуд, «иҷлосия бори дигар исбот кард ки вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ нисбат ба баъзе аъзои нави ҳукумат мавқеъи худро доранд. Барои мисол, бархе аз вазирон миқдоре раъйи мухолиф гирифтанд ва ин ба ҳукумат мисле сигнале буд, ки баъзе аз мақомдорони воридшуда мавриди пуштибонии бархе аз аъзои парлумон нестанд. Агар ба назар бигирем, ки аксари вакилон танҳо ба хотири аз ҳизби ҳоким буданашон раъй медиҳанд, яъне ин ба он маъност, ки ҳатто худи ҳамҳизбҳои онҳо низ бо ин таъйинот розӣ нестанд. Худи ман ба чанд вазир раъйи муқобил ва ба чандтояш овози бетараф додам. Алабатта, ман метавонистам ба онҳо суол ҳам бидиҳам, аммо ин як кори беҳуда аст.»

Ҳукумати Тоҷикистон, ки баъди интихоботи ҷадиди президентӣ аз нав ташкил шуд, ин дафъа 60 дарсад ё 13 узваш нав шуд. Синни миёнаи аъзои ҳукумати низ аз 56,7 то 52 сол “ҷавонтар” шуд ва 3 зан – муовини сарвазир Марҳабо Ҷабборова, вазири шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева ва раиси Кумитаи зан ва оила Махфират Хидирова – ба ҳайъати ҳукумат роҳ ёфтанд.

Сарвазири нави Тоҷикистон
Сарвазири нави Тоҷикистон
Ба ҳайси аъзои саршиноси ин кабина Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон , Давлаталӣ Саидов, муовини аввали сарвазир ва ҳамчунин Рустами Эмомалӣ - писари президент Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба вазифаи раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъйин гардид, метавон ном бурд.

Аммо бо ин ҳама таҳлилгарон аъзои кабинаи ҷаҳоруми президенти кунунии Тоҷикистонро зиёд «ҷадид» намедонанд ва мегӯянд, аксаран ин нафарон аз як вазифа ва ба вазифаи дигар гузаштаанд. Ҳамчунин ба таъкиди онҳо, ин дафъа низ мақомҳои калидӣ ба намояндагони як минтақа вогузор шудааст.

Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, тайғироти сохторӣ ва кадрии ахир интизороти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳатто аксарияти худи аъзои пешини ҳукуматро бароварда накард. Ҷаноби Дӯстов мегӯяд, ба ҷойи як кобинаи «пирҳои фартут», «ҷавонони бедандон» сари кор омаданд, ки ба ҷуз аз чанд нафар, боқимонда гумон аст, ки тавонанд масъалаҳои ҷиддии миллиро ҳаллу фасл намоянд.

Вай афзуд, «ман як дарсад ҳам боварӣ надорам, ки Усмоналӣ Усмонов тавонад, вазъи энержии кишварро беҳтар карда, истиқлолияти энержиро таъмин созад.Ҳамчунин таъини вазорати саноат низ яке аз иштибоҳти дигари ҳукуамт аст, зеро бо он ҳайсияти ки вазири нав дорад, ҳеҷ тағийроти ҷиддиро дар ин бахш интизор набояд шуд. Аз сӯи дигар Сафаралӣ Наҷмиддинов аз нафароне буд, ки содиқона ба президент хидмат карда буд, вай метавонист нафареро аз ҳисоби молиётчиён ба ҷойи худ тавсия бидиҳад. Аммо фикри ӯ ба инобат гирифта нашуд ва як челонгар ба маснади вазири моляи расид ва ин ҳам таъсири гурӯҳи молии Тоҷиддин Пиров,Ҷамолиддин Нуралиев ва Абдусалом Қурбонов буд, ки талошҳои ин гурӯҳ самар доданд, ки ин албатта, бар зарари кор аст. »

Аз нигоҳи таҳлилгарон, ба ҳукумати нав нафароне ҳам ҷалб шудаанд, ки метавонанд дар ин ё он соҳа таъсиргузор бошанд, аммо ба бовари онҳо, афроди ботаҷриба ва сазовор ба тими навбатии Эмомалӣ Раҳмон камтар роҳ ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG