Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба 16 миллион доллар силоҳ харидааст


Тоҷикистон, бино ба омори расмиаш, соли 2013 аз хориҷа ба маблағи 16,2 миллион доллар силоҳу муҳимот ворид кардааст, ки назар ба соли қаблӣ ба маблағи 4,8 миллион доллар, ё 43 фоиз бештар будааст.

Бино ба омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки рӯзи 19 март хабаргузории “Азия Плюс” нашр кард, дар соли 2013 ин кишвар аз хориҷ ба маблағи 16,2 миллион доллар силоҳу муҳимот харидааст, ки назар ба соли қаблӣ 43 дарсад бештар аст. Бино бар ин манбаъ, Тоҷикистон аз кишварҳои узви Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ (СНГ) ба маблағи 7,5 миллион доллар силоҳу муҳимот ворид кардааст. Вале зоҳиран барои бори аввал кишварҳои ихориҷаи дур ба манбаи асосии такмили таслиҳоти нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон табдил меёбанд. Соли гузашта аз хориҷаи дур ба Тоҷикистон маблағи 8,7 миллион доллар силоҳу муҳимот ворид кардааст.

Ҷоли он аст, ки Булғористон бо ҳудуди 6,2 миллион доллар бузургтарин содиркунандаи силоҳ ба Тоҷикистон маҳсуб шуда, Русия, шарики стротегӣ ва дар гузашта манбаи асосии таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо силоҳу муҳимот, соли гузашта бо 4,8 миллион доллар дар ин “сабқат” танҳо ҷои дувумро гирифтааст. Нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамин тавр, аз Украина ба маблағи 2,7 миллион доллар, аз Ҳинд ба маблағи 2,1 миллион доллар силоҳу муҳимот гирифтаанд. Миқдоре асбобу анҷоми низомӣ, бо шумули аслиҳа, ба Душанбе аз Амрико, Туркия, Руминия ва Чину Исроил расидааст.

“Азия Плюс” ҳамзамон аз қавли Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин кишвар соли гузашта худаш ҳам ба маблағи 2000 доллар ба хориҷ силоҳу муҳимот содир кардааст. Вале ҷузъиёте дар бораи таркиби ин силоҳу муҳимоти содиршуда ва кишварҳое, ки аз Тоҷикистон силоҳу муҳимот дарёфт кардаанд, дода намешавад.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бо ҳамагӣ 72 миллион доллар буҷаи низомии солона, ки бино ба гузориши “Тавозуни низомӣ-2012”-и Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стротегӣ (IISS), мақараш дар Лондон, назар ба Узбакистони ҳамсояаш 20 маротиба камтар аст, дорои яке аз заифтарин артишҳо дар Осиёи Марказист.

IISS шумори нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, бо шумули артишу нерӯҳои ҳавоӣ, Горди миллӣ, нерӯҳои дохилӣ ва воҳидҳои шибҳанизомии Кумитаи ҳолатҳои изтирориро беш аз 16 000 нафар ҳисоб мекунад, ки аз артишҳои ҳамаи 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ камтар аст. Пажӯҳишгоҳи мутолеоти стратегӣ теъдоди нерӯҳои мусаллаҳи Узбакистонро 3 маротиба бештар аз Тоҷикистон, яъне то 50 000 ва аз Қазоқистонро зери 65 000 нафар баршумурдааст. Туркманистону Қирғизистон низ ҳар кадом чизе бештар аз 20 000 аскару афсар доштаанд, ки низ аз Тоҷикистон зиёдтар мебошад.

Тоҷикистон, ки ҳокимони вақташ дар авоили солҳои 90 ба фарқ аз кишварҳои дигари минтақа аз мероси артиши Шӯравӣ даст кашиданд, аз нигоҳи таслиҳот низ аз ҳамсояҳояш ақиб мемонад. Бино ба гузориши IISS, артиши Қазоқистон 2210 зиреҳпӯшу 980 тонк, 1500 тӯпхона ва 278 чархболу ҷанганда дорад. Туркманистон 1941 зиреҳпӯшу 680 тонк ва беш аз 500 тӯпхонаву 112 чархболу ҳавопаймо дошта, нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо 355 зиреҳпӯшу 150 тонк, 246 тӯпхона ва 43 чархболу ҳавопаймо мусаллаҳ будаанд. Ҳамсояи асосии мо дар минтақа Узбакистон, ҳамин тавр, беш аз 700 зиреҳпӯш, 340 тонк, 135 ҳавопаймои ҷангӣ ва қариб 500 тӯпхона дорад.

Аммо Тоҷикистон, танҳо кишвари Осиёи Марказӣ, ки дар пайи суқути Шӯравӣ аз мероси низомии он даст кашид, бо ҳамагӣ 46 зиреҳпӯшу 37 тонк, 23 тӯпхона ва танҳо 3 чархболу 1 ҳавопаймо соҳиби артиши аз нигоҳи таслиҳот заифтарини минтақа шумурда мешавад. Ҳамагӣ 1 ҳавопаймо дар муқобили 135 ҷангандае, ки барои мисол, Узбакистон дорад, ё 46 зиреҳпӯш дар баробари 2210 зиреҳпӯши артиши Қазоқистон ва ҳамин тавр, 37 тонкаш дар муқоиса бо 680 тонки артиши Туркманистон ё 340 тонки Узбакистон ва 23 тӯпхонааш дар муқобили 246 тӯпи Қирғизистон, ба қавли шореҳони низомӣ, қобили қиёс нест.

IISS дар гузориши “Тавозуни низомӣ-2013”-аш навишта буд, ки иқтидори нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон назар ба пойгоҳи 201-уми артиши Русия ҳам, ки бо ҳудуди 7000 афсару аскараш дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар шудааст, дастикам 10 маротиба камтар аст. Тоҷикистон ахиран замони будубоши ин пойгоҳи Русияро то соли 2042 тамдид кард.

Аммо мақомоти низомии Тоҷикистон мегӯянд, таслиҳот ва хароҷоти низомии кунунии ин кишвар барои иҷрои аҳдофи низомиаш ба сурати умум кифоят мекунад. Шореҳони низомӣ мегӯянд, як бартарии муҳими артиши Тоҷикистон таҷрибаи бойи ҷангӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ ва ҳам дар рӯёрӯиҳои пайваста бо қочоқчиёни афғон аст, ки ягон артиши дигари минтақа надорад.
XS
SM
MD
LG