Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мехоҳад бо таъсиси як Шӯрои бадеӣ мӯҳтавои барномаҳои мусиқиву театриро танзим кунад. Ин вазорат ҳамчунин нақшаи зери назорат овардани сафарҳои ҳунарии санъаткорони тоҷикро ба хориҷи кишварро низ дар сар доштааст.
Бино бар пешниҳоди иттиҳодияи эҷодии «Базморо»-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки қарор аст, барои баррасӣ ба ниҳодҳои марбутаи ҳукумат фиристода шавад, на танҳо сафари ҳунармандони тоҷик ба хориҷа, балки сафари ҳунарпешагони хориҷӣ ба Тоҷикистон низ бояд дар оянда зери назорат қарор гиранд.
Ин дар ҳолест ки ахиран барои таҳлили муҳтавои барномаҳои расмии консертии овозхонҳо ва намоишномаҳои театрӣ дар вазорати фарҳанг як шӯрои бадеӣ таъсис ёфта, осори мусиқӣ ва драмавиро аз нашр баррасӣ мекунад.
Маҳмадсаид Пиров, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 5 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири таҳлили мӯҳтавои консертҳое, ки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ мегузаранд ва ба намоиш гузоштани асарҳои драмавӣ, дар назди вазорати фарҳанг шӯрои бадеӣ ба кор шурӯъ кардааст. Ба ин шӯро беш аз 20 нафар аз олимон, шоирон, оҳангсозон ва худи ҳунарпешагону дигар ходимони фарҳанг шомиланд.
Дар бораи вазифаҳои ин ниҳод, ҷаноби Пиров чунин гуфт: «Шӯрои бадеӣ консертҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳамзамон намоишномаҳои ҳамаи театрҳои кишварро аз назар мегузаронад. Чун асар ба ин шӯро пешниҳод шуд ва аз он гузашт, метавонад, рӯи саҳна ояд. Шӯрои бадеӣ дар вақти қабули намоишномаҳои театрӣ низ ширкат мекунад ва пас аз хулосаи ин шӯро он рӯи саҳна меояд.»
Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Пиров афзуд, мӯҳтавои консертҳои ҳунармандони ҷудогона ва мустақил «мутаасcифона, аз зери назари ин шӯрои бадеии вазорати фарҳанг намегузарад.» Вале ба таъкиди ӯ, агар ҳукумати Тоҷикистон тарҳи пешниҳодии иттиҳодияи эҷодии «Базморо»-ро қабул кунад, ин ришта ҳам ба танзим оварда хоҳад шуд.
Оҳангсоз ва сармутахасиси шӯъбаи мусиқии раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Сангалӣ Ҳамидов, ки низ аъзои ин шӯрои бадеӣ аст, мегӯяд, ин шӯрои мазкур чанд бахш дорад: аз ҷумла бахши мусиқӣ ва театр, ки ҳунармандони маъруфе назири Убайдулло Раҷабов ва оҳангсозон Шӯҳрат Ашӯров ва Қудратулло Ҳикматов узви онанд. Вай меафзояд: «Вақтҳои охир хусусан ҷавонон аз боз шудани сарҳадҳо истифода карда дар хориҷа ҳар гуна баромаду консертҳое ташкил карданд, ки сифаташон хуб нест. Лекин вақте шумо дар хориҷа баромад мекунед, шумо аз кишваратон намояндагӣ мекунед. Барои ҳамин бояд ҳамаи ин баромадҳо таҳти назорат бошад.»
Ҷаноби Ҳамидов гуфт, фаъолияти ин шӯро барои маҳдуд ва ё сензураи эҷодкорон равона нашудааст ва танҳо баҳри баланд бардоштани сифату мӯҳтавои асарҳои ҳунарӣ талош мекунад.
Дар ҳамин ҳол, овозхонҳое, ки сари чанд вақт ба хориҷа сафарҳои ҳунарӣ анҷом медиҳанд, аз ин иқдоми вазорати фарҳанг чандон хушнуд нестанд. Хафви эшон аз он аст, ки эҳтимол ин шӯрои бадеӣ ба як ниҳоди маҳдудкунанда мубаддал шавад ва ин метавонад ба барномаҳои консертии эшон таъсиргузор бошад.
Беҳрӯз Зеваров, продюссери тоҷик мегӯяд, сафарҳои ҳунарии сарояндагони тоҷик ба хориҷ бе ин ҳам ба сахтӣ сурат мегирад ва ҷорӣ намудани талаботи нав аз сӯи вазорати фарҳанг дар қиболи овозхонҳо, эҳтимол барои онҳо як монеаи дигаре шавад: «Фикр мекунам, ки ҳамин қонун ва ё дастуре, ки имзо мешавад, барои сарояндаҳои тоҷик ба хориҷа мераванд, як монеае нашавад. Умедворам ки ҳамин дастур ва ё қонуне, ки таҳия мешавад, аз ҳама ҷиҳат ҳам манфиати кишвар ва ҳам сарояндаҳоро ба инобат мегирад.»
Беҳрӯз Зеваров афзуд, ки барпо кардани консерт ҳам дар дохили Тоҷикистон ва ҳам берун аз он барои сарояндаҳои Тоҷикистон ниҳоят мушкил аст. Танҳо иҷораи як Кохи Борбади шаҳри Душанбе барои барпо кардани консерт 32 ҳазор доллар нарх дорад, ки на ҳамаи ҳунармандон тавони пардохти ин маблағ ва барпо кардани консертро доранд. Вай мегӯяд: «Бисёре аз консертҳое ки сарояндаҳои мо дар хориҷ ташкил мекунанд, барои онҳо аз ҷиҳати молӣ фоида намеорад. Овозхонҳо барои обрӯи худ ва обрӯи ҷумҳурӣ дар дигар давлатҳо консерт ташкил мекунанд. Масалан, консерте ки чанде пеш дар Маскав ташкил шуд, на танҳо фоида наовард, балки бо зарари молӣ тамом шуд.»
Зеваров мегӯяд, ҳатто сарояндагони тоҷик барои иштирок дар ҷашну фестивалҳо низ чиптаро аз ҷайби хеш харидорӣ карда, дар он ширкат меварзанд, то номи кишвар ва давлати худро муаррифӣ кунанд.
Олим Ширинов, роҳбари гурӯҳи «Парем», ки ҳар сари чанд вақт дар хориҷ сафарҳои ҳунарӣ анҷом медиҳад, дар сӯҳбат ба "Озодӣ" дар мавриди ин тасмими вазорати фарҳанг гуфт: «То ҷое ман мефаҳмам, ин тасмим ба хотири он аст, ки солҳои ахир сатҳи санъати мусиқӣ, эстрада то ҳадди пойинтарин паст рафт. Барои ҳамин ба назарам, вазорати фарҳанг тасмим гирифт, ки пеш аз ба хориҷ рафтани сарояндагону ҳунармандон онҳоро як навъ аз ғалбер гузаронад. Чунки ба ҳар ҳол, онҳо аз кишвар намояндагӣ мекунанд.»
Аммо ба таъкиди ҷаноби Ширинов, ин шӯро набояд салоҳияти иҷозатномадиҳӣ дошта бошад. Чунки ба таъкиди ӯ, сатҳи ҳунарии ҳар овозхон гуногун аст ва барои мисол, мӯҳтавои консерти Далер Назаров дар хориҷ набояд аз тафтиши ин шӯро гузарад, чун овозхонҳое ба ин савия зарурате ба чунин санҷишро надорад.