Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоу-бизнеси Узбакистон. Назорат ба сафар ё суруд?


Фирӯза Ҷумъаниёзова, сарояндаи саршиноси Узбакистон.
Фирӯза Ҷумъаниёзова, сарояндаи саршиноси Узбакистон.

Идораи давлатии “Узбекнаво”-и Узбакистон қарор кард, ки сафарҳои ҳунарии хориҷии овозхонҳои ин кишвар танҳо бо имзои шартномаи пешакӣ ба амал ояд.

Тасмими назорати қавитар ба сафарҳои ҳунарӣ дар ҳоле гирифта шуд, ки бархе аз овозхонҳо барои консерт додан дар Тоҷикистон, Русия, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ ва Иёлоти Муттаҳида огоҳӣ гирифтанд ва видоеи ҳунарнамоии Шералӣ Ҷӯраев, Юлдуз Усмонова, Олмахон Ҳайитова, Ортиқ Отаҷонов ва Озодбек Назарбеков дар кишварҳои хориҷӣ аз тариқи Интернет ва албомҳои алоҳида сару садои зиёд ба миён овард. Мақомот инро ҳам ба назар гирифтаанд, ки чанде аз овозхонҳои саршиноси Узбакистон барои “обод кардан”-и тӯю сур ба кишварҳои ҳамсоя даъват мешаванд.

Иттиҳодияи “Узбекнаво” гуфтааст, барои он мехоҳад, назоратро ба сафарҳои ҳунарии хориҷии овозхонҳо қувват диҳад, ки сарояндагон дар кишварҳои бегона бо мушкилҳо рӯбарӯ мешаванд ва гоҳе ҳам қурбонии қаллобӣ мешаванд. Дар изҳороти ин ширкати давлатӣ омадааст, ки бархе аз афроди аз ҳунар дури хориҷӣ кӯшидаанд, бо баҳонаи ташкили сафар чанде аз овозхонҳоро ғорат кунанд. Биноан, афзудааст, “Узбекнаво” ҳар овозхон ё дастаи ҳунарӣ пеш аз тарроҳии чунин сафар бо иттиҳодия машварат кунад. Аммо дастандаркорони шоу-бизнеси Узбакистон гуфтаанд, мақсади мақомот маҳдуд ва сензура кардани сафарҳои ҳунарии хориҷии онҳост.

Чунончӣ, бо пешниҳоди ин иттиҳодия овозхони саршинос Ботур Қодиров баъд аз сафар ба Имороти Муттаҳидаи Араб аз иҷозаи кори ҳунарӣ маҳрум шуд. Пеш аз ин барандаи ҷоизаи “Ниҳол”, иҷозатномаи овозхон Фирӯза Ҷумъаниёзова барои консерт дар Тоҷикистон беэътибор гардид. Иттиҳодия гуфт, Ҷумъаниёзова ба таври ғайриқонунӣ дар чанд шаҳри Тоҷикистон консерт додааст.

Иттиҳодия ҳамчунин талош дорад, матну оҳанги овозхонҳоро сензура кунад. Ин дар ҳолест, шоу-бизнеси Узбакистон аз тарафи Вазорати фарҳанг ва Филармонияи давлатии ин кишвар назорат мешавад. Ба ин тартиб таронаи Ҳунарпешаи мардумии Узбакистон, Юлдуз Усмонова, ки ба раҳбари пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов бахшида шудааст, мамнӯъ эълон гашт. Эҳтимол меравад, маҳз ин суруд сабаби муддати дароз аз саҳна афтодани Юлдуз шудааст. Айни ҳолат бо сарояндаи гурӯҳи “Аср” Абдулазиз Каримов барои мадҳия дар ҳаққи симои машҳури олами ҷиноӣ -- Салим Абдувалиев ё “Салим-бойбача” иттифоқ афтод. Каримов маҷбур аст, дар ресторанҳои Қазоқистон сарояндагӣ кунад.

“Узбекнаво” мегӯяд, овозхонҳо бояд бе иҷозаи расмӣ ба сафари хориҷӣ набароянд. Ҳатто барои меҳмонӣ ба Тоҷикистон ё Туркманистон рафтану дар маъракае бо дархости мардум таронае хондани онҳо акнун метавонад сабаби аз даст додани иҷозаи кори ҳунарии онҳо гардад.

Бархе аз таҳлилгарон бар инанд, ки ҳадафи аслии иттиҳодияи “Узбекнаво” тарафи молии сафарҳои хориҷии овозхонҳост. Коршинос Ҳилолиддин Абдуҷамолов мегӯяд, “худситоиҳои баъзе сарояндагон, ки аз сафари Амрико, Дубай ё Исроил ин қадар пул овардам, масъулони ин ширкатро ҳарис кардааст.” Вале раҳбари яке аз Марказҳои миллии узбакҳо дар Русия, Ҳусайн Бобоҷонов мегӯяд, гумон аст, даромад аз ҳарҷи сафар хеле зиёдтар бошад. Вай аз овозхонҳое намуна овард, ки барои муҳоҷирони узбакистонӣ дар Русия бо нархи ночиз ҳунарнамоӣ карданд. Ба ақидаи бисёриҳо, ҳадаф назорати сиёсист. Ҳунарпешаи мардумии Узбакистон ба шарти пинҳон мондани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз сафари ҳунарӣ ба Иёлоти Муттаҳида тайи ду соат дар Хадамоти амнияти миллӣ бозпурсӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG