Идораи сабти ҳолатҳои шаҳрвандии Исфара (ЗАГС) ба додгоҳи вилояти Суғд, хулосаи марги Умедҷон Тоҷиев -- узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки рӯзи 19-уми январ дар беморхонаи маҳбаси Хуҷанд фавтида буд, пешниҳод кардааст. Дар он аз ҷумла омадааст, ки Умедҷон аз "норасоии шадиди кори дил ва рагҳои хунгард» даргузаштааст ва парвандаи ӯ қатъ карда шавад.
Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъ рӯзи 29-уми январ ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки пас аз фавти Умедҷон Тоҷиев, додгоҳи вилоятӣ мехоҳад бо пешниҳоди маълумотномаи идораи ЗАГС-и Исфара, парванда дар нисбати Умедҷон Тоҷиевро қатъ кунад, вале наздикони вай мегӯянд, ки то замони сафед шудани Умедҷон, даъво хоҳанд кард: «Як нафар худро вакили мудофеи Умедҷон муаррафӣ карда, ба додгоҳи вилоятӣ маълумотномаи ЗАГС-и Исфара дар мавриди марги Тоҷиевро пешниҳод кардааст, ки парванда дар нисбати вай қатъ карда шавад»
Ин дар ҳолест,ки мурофиаи парвандаи Зуҳур Иброҳимов ва Ғуфрон Шодиев -- ду нафаре, ки ҳамроҳи Умедҷон Тоҷиев айбдор дониста мешуданд, дар додгоҳи Исфара оғоз шудааст.
Вале Ҳасанбой Тоҷиев -- бародари Умедҷон ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки онҳо пас аз марги бародараш ҳам даъвои худро идома хоҳанд дод, зеро ӯро беасос дар ҳамкорӣ бо гуруҳҳои иртиҷоӣ айбдор кардаанд ва ӯ бар асари латту кӯб ҷон дод. Вай афзуд, ки хонаводаи онҳо мухолифи қатъ кардани парвандаи Умедҷон мебошад: «Мо талаби онро дорем, ки додгоҳ гунаҳкор будан ва ё набудани Умедҷонро собит кунад, зеро ин як тӯҳмат дар ҳаққи бародарам буд ва ӯ дар синни 34-солагӣ қурбони ин айбдории беасос шуд. Намехоҳем доғи сиёҳ аз ӯ боқӣ монад, бигузор афроди дастандаркор дар марги ӯ, ҷазо бинанд.»
Зимнан «Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа» аз мақомоти давлатии Тоҷикистон даъват кардааст, ки тафтишоти фаврию дақиқ ва мустақилу беғаразонаи далели марги Умедҷон Тоҷиев ва эҳтимоли шиканҷаи ӯ дар шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Исфараро анҷом дода, шахсони масъул дар марги Тоҷиев ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Умедҷон Тоҷиев бо моддаи 187, қисми 2(ташкили иттиҳоди ҷиноӣ), моддаи 307(ҳамкорӣ бо созмони экстремистӣ) ва бо моддаи 307, қисми 2 (узвият дар гуруҳи экстремистӣ) айбдор мешуд. Манзур аз ҳамкорӣ бо гурӯҳи эктремистӣ созмони "Ансоруллоҳ" мебошад, ки гӯё ба назари мақомоти интизомии Исфара Умедҷон бо ин созмон ҳамкорӣ доштааст.
Умедҷон Тоҷиев, сокини 34-солаи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ва узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони умури дохилаи Исфара рӯзи 30 октябри соли 2013 дар бозори деҳаи Ворух боздошт ва ҳамон рӯз бо ҳукми додгоҳи шаҳри Исфара бо ҷурми "итоат накардан ба амри милиса" ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд.