Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашкe ба дарозои рoҳи Сурия


Сабзамоҳ Миралиева.
Сабзамоҳ Миралиева.

Писари бузурги Сабзамоҳ дар Сурия бедарак шудааст ва писари хурдии ӯро мақомот дар роҳ ба Сурия боздошт карданд.

Сабзамоҳ Миралиева, зани 52-сола аз деҳкадаи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) мушкилтарин солҳои умрашро пушти сар мекунад. Писари бузурги Сабзамоҳ дар Сурия бедарак шудааст ва писари хурдии ӯро мақомот дар роҳ ба Сурия боздошт карданд.

Аз тамоми давлати дунё Сабзамоҳ ва шавҳари ӯ Шамсимад ҳамин ду писарро доштанд. Сабзамоҳ Миралиева мисли даҳҳо модари дигар, ки фарзандонашон ё ба Сурия рафтаанд ва ё дар нимароҳи сафари Ховари Миёна боздошт шудаанд, ҳанӯз ҳам бовар надоранд, ки он чи аз сари ӯ мегузарад, воқеият бошад.

Ашк ба дарозои раҳи Сурия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:54 0:00

Сарнавишти ин модарон он қадар бо ҳам монанданд, ки гӯё онҳо нусхаҳои як қисса бошанд. Вақте аз Сабзамоҳ Миралиева хостем, ки дар бораи ҳодисаҳои ду соли охири зиндагиаш қисса кунад, ӯ гиря кард: "Чӣ қисса кунам, зиндагии ман як афсона шудааст, афсонае, ки дар қадимҳо мешунидем, - гуфт ӯ. - Ман ду писар доштам, ки пушти сари ҳам ба дунё омадаанд - Амрияздон дар соли 1990 ва Алимардон дар соли 1992. Ман бо онҳо зинда будам, ҳоло дигар ҷон дар рамақ мондааст".

Сабзамоҳ Миралиева
Сабзамоҳ Миралиева

Писари калонии Сабзамоҳ Миралиева - Амрияздон Назаров соли 2008 мактаби миёнаро хатм кард ва ҳамон сол ба бахши пулакии донишгоҳи молиёти Тоҷикистон дохил шуд. Барои дарёфти маблағи таҳсил ӯ ҳамчун коргари мавсимӣ ба Русия мерафт ва пул меовард. Аммо баъдан зӯраш нарасид, ба бахши ғоибона гузашт ва ба муҳоҷирати корӣ рафт. Аввалҳои соли 2014 ӯ бо хонавода дар тамос шуд ва гуфт, ки барои кор ба Олмон меравад. Аммо 10 сентябри соли 2014 кормандони Кумитаи амният ба хонаи Сабзамоҳ омаданд ва гуфтанд, ки писараш Амрияздон ба Сурия рафтааст.

Сабзамоҳ мегӯяд, ки то моҳи декабри соли 2015 писараш ба ӯ занг мезад, аммо аз моҳи декабр ба ин тараф зангҳо қатъ шуданд. Фарзанди дуюми ӯ Алимардон Назаров, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлобро хатм кардааст, моҳи июни соли 2015 дар Истарафшан боздошт шуд. Мақомот мегӯянд, ки ӯ мехост ба Сурия сафар кунад. Додгоҳи вилояти Суғд моҳи декабри ҳамон сол Алимардон Назаровро бар пояи банди 401, қисми 1 - "зархаридӣ" ба мӯҳлати 10 сол зиндонӣ кард.

Амрияздон ҳоло дар Сурия аст.
Амрияздон ҳоло дар Сурия аст.

​"Аз тақдир ҷои гурез набудаст, тақдир ҳамин будаст". Ин ҷумла аз забони Сабзамоҳ мисли ҳукм садо медиҳад. Сабзамоҳ ба бегуноҳии писари дуюм ва дар Олмон будани писари калониаш бовар дорад ва мехоҳад, ки ҳама бо ӯ ҳамфикр бошанд. Фарзанди бузурги Сабзамоҳ шояд яке аз садҳо шаҳрванди Тоҷкистон аст, ки дар роҳи ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ба доми гумоштаҳои ДИИШ афтодааст.

Теъдоди онҳое, ки дар хоки Ироқу Сурия кушта ва ё гумном шудаанд, дақиқ нест. Мақомоти Тоҷикистон соли гузашта ин рақамро 300 нафар эълон карданд. Шавҳари Сабзамоҳ, Шамсимад Назаров мегӯяд, ки дар бораи сарнавишти бачаҳояш бисёр фикр мекунад, таҳлил мекунад, ки чаро фарзандонаш бо роҳе рафтанд, ки худро ба хатар ва падару

​модарро дар сари пирӣ ба миннату танҳоӣ гирифтор карданд: "Худо фарзанди одамро аз роҳ берун накунад", - мегӯяд ӯ дар ҳоле, ки башиддат ба замин каланд мезанад.

Зану шавҳар ҳарду бекоранд ва ҳаққи бознишастагӣ ҳам намегиранд. Ба назар мерасид, ки баъди фирори писари аввал ба Сурия ва боздошти писари дуюм дар роҳ ба сӯи Ховари Миёна рӯяшон намешавад, ки ба идораҳои давлатӣ раванд ва нафақа талаб кунанд. Онҳо аз маъракаи ҳамсояҳо низ канораҷӯӣ мекунанд ва аз нигоҳҳои суоломези ҳамсояҳо мегурезанд.

Алимардон ҳоло дар зиндони вилояти Суғд қарор дорад.
Алимардон ҳоло дар зиндони вилояти Суғд қарор дорад.

​Шамсимад баҳорон аз кӯҳ торону чукрӣ меораду мефурӯшад, дар зимистон корҳои хурду резаи мардумро анҷом медиҳад. Онҳо як порча замин ҳам доранд, ки себу нок медиҳад. Қаҳрамонҳои қиссаи мо Сабзамоҳ ва Шамсимад ҳоло мехоҳанд як миқдор пул ҷамъ кунанд ва ба вилояти Суғд ба дидори Алимардон Назаров раванд, ки дар яке аз маҳбасҳои ин вилоят бо ҷурми "зархаридӣ" зиндонӣ аст.

XS
SM
MD
LG