Сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти Бадахшон Марод Мирасанов гуфт, азбаски анвои шоҳпаракҳое, ки ин сайёдон доштаанд, дар “Китоби сурх” дохил намешуд, хориҷиёнро 2 400 сомонӣ ҷарима баста, ҷавоб додаанд. Ба гуфтаи ӯ, сайёдони шоҳпарак шаҳрвандони яке аз мамолики Аврупо буда, тавассути ширкатҳои сайёҳӣ бо асноди қонунӣ вориди минтақа шудаанд.
Ба иттилои масъули бахши иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят Раҳмонқул Раҳмонқулов, чанд рӯз пеш дар минтақаи Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон низ онҳо чунин шикорчиёни ватаниро дучор омаданд, ки ба сайди шоҳпарак машғул будаанд.
Мутахассисони раёсат мегӯянд, нодиртарин навъи шоҳпарак бо номи «Апполон», ки дар бозор қимати зиёд дорад, бори охир соли 1957 дар Помири шарқӣ аз ҷониби мутахассисон сабт шудааст. Ба гуфтаи онҳо, ҳарчанд аз он вақт ба ин сӯ намуди нодири шоҳпарак дар минтақа дигар ба мушоҳида нарасидааст, вале дар солҳои охир шикорчиёни ғайриқонунӣ дар маҳалҳои Бартанги Рӯшон, Вахони Ишкошим ва Мурғоб боздошт гардида буданд.
Ба гуфтаи як манбаъ, навори интернетӣ боиси ба даст афтодани сайёдони шоҳпарак шудаст. Зеро ба дунболи дарёфти як навори интернетӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар мутахассисони раёсати вилоятӣ, мамнӯъгоҳи Зоркӯл ва Парки миллии Бадахшон ба манзури муайян кардани ҳуввият ва боздошти як шикорчии хориҷии гӯсфанди Марко Поло оҷилан ба навоҳии Ишкошим ва Мурғоб сафарбар намудаст.
Зимни таъқиби ин шикорчии дӯстори Интернет сайёдони шоҳпарак дастгир шудаанд. Таъқиби нафаре, ки гӯсфанди Марко Полоро ғайриқонунӣ шикор кардааст, ҳанӯз идома дорад.
Гуфта мешавад, ӯ лаҳзаҳои шикори ғайриқонуниашро ба навор гирифта, дар интернет ба намоиш гузоштаст ва аз дӯстонаш ҳам даъват кардааст, ки аз вай пайравӣ кунанд, зеро ба гуфтааш, дар Мурғоб метавон ба таври ғайриқонунӣ ҳам ин барраи нодири муштамили “Китоби сурх”-ро шикор кард.