Дафтари матбуоти ин Хадамот рӯзи 25 июн ба Озодӣ гуфт, субҳи имруз 6 шаҳрванди Тоҷикистон, ки мехостанд вориди Маскав, Санкт Петербург ва Оренбург шаванд, аз тарафи марзбонони Русия ба далели нақзи шароити кору иқомат пас гардонда шуданд.
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, тибқи қонунҳои нави Русия, агар шаҳрванди хориҷӣ ақаллан 2 маротиба ҷарима баста шавад ва ҳатто онро пардохт ҳам кунанд, метавонанд ихроҷ шавад. Шаҳрвандоне, ки субҳи имрӯз баргардонда шуданд, ҳуқуқи то се соли дигар ворид шудан ба қаламрави Русияро надоранд.
Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки рӯзи 24 июн низ 7 шаҳрванди Тоҷикистон, ки қасди сафари Маскав ва Екатеринбургро доштанд, аз тарафи марзбонони Русия бо сабаби нақзи шароити иқомат дар фурудгоҳҳои Домодедовои Маскав ва Колтсовои Екатеринбург пас гардонда шуданд. Акнун тибқи қонунҳои Русия, афроди баргардондашуда - Мӯҳриддин Мӯсоев, Мамадалӣ Мамадалиев, Мамадӣ Мамадалиев, Нуралӣ Мамадалиев, Сафаралӣ Баротов, Манучеҳр Нарзиев ва Баҳодур Назаров - ба мӯҳлати се сол аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 18 июн 17 шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули Муслим Саидабдуллоев, Набиҷон Ҷалолов, Нуриддин Самадов, Машраби Давлатзода, Фаридун Холмирзоев, Саидҷон Қодиров, Дӯстмурод Саидов, Абдулбаён Шарипов, ки дар шаҳрҳои Маскаву, Санкт-Петербург ва Нижний Новгороди Россия кору фаъолият менамуданд, низ аз Русия ихроҷ шуданд.
Корманди Хадамоти муҳоҷират дар фурудгоҳи Душанбе Насим Раҷабов гуфтааст, муддате ки дар фурудгоҳ кор мекунад, ин якумин бор аст, ки чунин шумораи ихроҷшудагон мушоҳида мешавад. Ин 17 нафар, ки бино ба иддаои мақомоти Русия, чанд дафъа қоидаҳои кору иқомат дар Русияро поймол кардаанд, ба мӯҳлати 5 сол ҳаққи вуруд ба Русияро аз даст доданд.
Мақомоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, шаҳрвандони хориҷие ки бо қарори додгоҳ аз Русия ихроҷ мешаванд, барои 5 сол, ва онҳое ки бо қарори мақомоти дигар, аз ҷумла марзбонӣ, муҳоҷират ё пулис берун карда мешаванд, то 3 сол аз ҳаққи вуруд ба он кишвар маҳрум мешаванд.
Бино ба оморҳо, дар ҳоли ҳозир тақрибан 42 500 шаҳрванди тоҷик ба далели ихроҷ аз Русия ҳаққи вуруд ба он кишварро дигар надоранд.
Ҳамасола то 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои кор ба Русия меравад. Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 3,6 миллиард доллар пул таҳвил шудааст, ки баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст.