Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенарияи бадтарини Русия - суқути яке аз ҳукуматҳои заифи ОМ


То замоне ки шаҳвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон имкони кор дар Русияро доранд, хатари пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои ситезаҷӯ ва "ҷиҳодӣ" вуҷуд надорад.

"Дар шароити рукуди соҳаи сохтмон дар Русия, соли 2016 бахусус барои шаҳрвандони Тоҷикистон хеле мушкил хоҳад шуд. Аммо то замоне ки шаҳвандони ин кишвар ва, инчунин, Узбакистону Қирғизистон имкони кор дар Русияро доранд, хатари пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои ситезаҷӯ ва "ҷиҳодӣ" вуҷуд надорад."

Ин андешаро гурӯҳи сиёсатшиносони рус - Андрей Безруков, Михаил Мамонов, Сергей Маркедонов, Андрей Сушентсов - дар матлабе зери унвони "Роҳи ҷилавгирӣ аз ҷанг бо Русия" дар сомонаи Nationalinterest нашр кардаанд. Муҳаққиқони рус бо нигоҳи куллӣ ба мавқеи Маскав дар сиёсати хориҷияш мегӯянд, ки дар шароити феълӣ манфиатҳои Русия хеле маҳдуд аст ва бештар болои хориҷаи наздик тамаркуз кардааст.

Ба гуфтаи онҳо, дар доираи манфиатҳои Русия – манотиқи Авруосиё қарор гирифтааст, ки яке аз онҳо – Тоҷикистон мебошад.

Ин кишварро муаллифон бахше аз давлатҳое номидаанд, ки таҳти хатари рахнашавии гурӯҳҳои ҷиҳодии марбут ба шабакаҳои мусаллаҳи ҷаҳонӣ қарор доранд. "Ҷангиёни таҷрибадидаву омодашуда дар ҷангҳои Ховари Миёна метавонанд бо истифода аз вазъияти сиёсиву иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ домани амалиёти худро дар ин қаламрав ҳам тавсеа диҳанд. Террорризми байналмилалӣ мисли саратон зуд реша медавонад ва ҳар лаҳза метавонад дар ин ё он нуқта аз худ дарак диҳад," -- навиштаанд муаллифон.

Барои Русия сенарияи бадтарин ин суқути яке аз ҳукуматҳои заиф дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва ҷои онро гирифтани қаламрави идоранашавандаи мусаллаҳ бо ҳукумати шариатӣ аст. "Ҳассостарин мавқеъ, мегӯянд онҳо, насиби Тоҷикистон аст."

Дар шароите, ки ҳукумат фишорро болои оппозитсияи исломӣ афзоиш дода, хилофи созишномаи соли 1997 бо мухолифон – шарти аслии хатми ҷанги шаҳрвандонии солҳои 1992-1997 амал мекунад, боис ба эҷоди ноамнӣ дар дохили ин кишвар мешавад. Ҳузури мухолифони исломӣ дар сиёсат, мегӯянд муҳаққиқони рус, шарти аслии хатми ихтилофу низоъҳо буд. Дар чунин шароит ихтилофи афзоянда бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боиси ҳамоиши тактикии ин нерӯ бо гурӯҳҳои ифротгаро мешавад.

"Дар ҳолати сар задани ҷанги нав дар дохили Тоҷикистон, Русия хоҳу нохоҳ маҷбур мешавад дахолат кунад," - менависанд муаллифон. Ба назари онҳо, хотири роҳ надодан ба ин ҳолат, бояд Маскав дар фикри тақвияти он бахшҳои иқтисодаш шавад, ки онҳоро солҳои охир шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ишғол мекарданд – ин корҳои ғайриҳирфаӣ дар бахши сохтмон, фурӯши чаканаву умда ва бахши ЖКХ ё коммуналӣ.

Ҳар сол то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба хотири таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Пулҳое, ки ин муҳоҷирон ба ватан мефиристанд, як омили муҳими таъмини суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва як чархаи асосии пешбарандаи аробаи иқтисоди ин фақиртарин кишвари пасошӯравӣ ба шумор меравад.

Дар соли 2013 аз Русия танҳо аз тариқи бонкҳо ба Тоҷикистон 4,1 миллиард доллар пул интиқол дода шуд. Дар соли 2014, соли оғози мушкилоти иқтисодии Русия, аз ин кишвар ба Тоҷикистон 3,8 миллиард доллар омад. Дар 9 моҳи аввали соли 2015 аз Русия ба Тоҷикистон ҳамагӣ 1 миллиарду 54 миллион доллар пул фиристодаанд, ки назар ба як соли қабл 3,7 баробар камтар аст.

Ниҳодҳои байналмилалии молӣ, аз ҷумла Сандуқи пул ва Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, мушкилоти иқтисодии Русия дар соли 2016 низ давом хоҳад кард ва ба эҳтимоли ғолиб ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирон аз ин кишвар имсол низ боз ҳам коҳиш хоҳад ёфт.

Вале рукуди батадриҷи иқтисоди Русия дар паи таҳримҳои ғарб ва ҳам болоравии қурби доллари амрикову пастшавии қимати нафт, боиси коҳиши таваҷҷӯҳи муҳоҷирон ба кор дар Русия шудааст. Айни замон, мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши шумори шаҳрвандонашон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ изҳори ташвиш мекунанд, ки ба ҳисоби онҳо то 1000 нафар мерасад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG